ТОҶИКИСТОН –СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ: УФУҚҲОИ ҲАМКОРӢ

528

Бо чунин унвон монографияи профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мирзоев Ниёз Мирзобадалович нашр гаштааст, ки он ба таърихи таъсис ва таҳаввули СҲШ бахшида шуда, марҳилаҳои асосии рушду такомул, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмон ва нақши он дар низоми байналмилалии муосирро дар бар мегирад. Дар муқаддима гардишҳои азми таърихӣ, сабабҳои таъсисёбии СҲШ, муборизаи дастаҷамъонаи аъзоёни созмон дар мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили паҳн гардидани яроқи ҳастаӣ, терроризми байналхалқӣ, ифротгароиву ҷудоихоҳӣ, фурӯши ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир, қашшоқӣ, заҳролудшавии обу ҳаво, нарасидани оби тоза, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҷиноятҳои фаромиллӣ таҳлилу баррасӣ ва тақозои ҳалли масоили зикршуда боиси ба ҳам омадани кишварҳои аъзои СҲШ унвон шудааст.

Воқеан, тавлиди «Панҷгонаи Шанхай» дар фазои геополитикии олам падидаи нав ва ҷолиб буд. СҲШ ҳадаф ва принсипҳои оинномаи СММ, принсипҳои эҳтироми тарафайн, мустақилият, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии қаламрав, барбарҳуқуқӣ ва манфиатҳои ҳамдигарро ба назар гирифта, дар ҳама масъалаҳо бо роҳи машварат, дахолат накардан ба корҳои якдигар, истифода набурдани неруҳои ҳарбӣ ё таҳдиди истифодаи қувва, сарфи назар намудан аз бартарияти яктарафаи ҳарбӣ дар ноҳияҳои ҳамсоя риоя менамоянд.

Қайди ин нукта бамаврид аст, ки раёсати Шӯрои сарварони давлатҳои созмонро дар соли 2008 ва 2014 ва солҳои 2006, 2010, 2018 раёсати шӯрои сарварони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои созмонро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дошт.

Боби аввали монография фарогири марҳилаҳои ташаккул ва таҳаввули СҲШ мебошад. Дар он таърихи ба истиқлол соҳиб шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозшинохти ҷумҳурӣ, воридшавии он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, барқарор шудани равобити дипломатӣ, усуслҳои асосии сиёсати хориҷӣ, аҳамият ва татбиқи стратегияи минтқавию байналмилалӣ дарҷ шудааст. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва барқарор намудани робитаҳо қаламдод шудааст. Омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, масоили марзӣ, хусусиятҳо ва самтҳои робитаҳо ва марҳилаҳои ташаккули равобити Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бо тафсилоти хеле ҷолиб қаламдод шудааст. Раванди ташаккул ва фаъолияти “Панҷгонаи Шанхай”, Эъломияи таъсиси СҲШ ва Конвенсия дар бобати ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили терроризм, ҷудоиандозӣ, моҷароҷӯӣ васеъ таҳлилу хулоса шудааст. Мавқеи иқтисодию ҷуғрофии кишварҳои аъзои СҲШ, сохтори созмон, ҷаласаҳои Шӯрои сарони СҲШ ва қарорҳои онҳо, солномаи ҷаласаҳо ва ҳуҷҷатҳое, ки сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ барои соли 2001-2020 қабул кардааст, батафсил дар боби зикршуда таҳлил шудааст, ки маълумоти ҷолиби сиёсиву таърихӣ доир ба заминаҳо ва ташаккули СҲШ мебошад.

Дар боби дуюми монография, ки ба нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди СҲШ бахшида шудааст, ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таъсисёбии СҲШ, вазъи хатарзои Афғонистон ва таъсири он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории ҳамаҷонибаи кишварҳо дар соҳаи иқтисоду тиҷорат, ташаббусҳои Тоҷикистон дар мавриди мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҷаласаҳои СҲШ, аз ҷумла ҷаласаи душанбегии 12 сентябри соли 2014 ва санадҳо ва қарорҳои дар он қабулшуда маълумот дода шудааст. Бахусус эъломияи сарони давлатҳои СҲШ, ки фарогири 19 банд буда, муфассал таҳлил шудааст, барои хонанда хеле ҷолиб мебошад. Воқеан, Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви фаъоли СҲШ дар амалисозии нақша ва лоиҳаҳои Созмон баҳри таҳкими суботу амният ва рушди иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ нақши муассиро мебозад.

Боби сеюми монография робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи СҲШ унвон шудааст. Дар ин қисмати монография муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва илмиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федеретсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон таҳлил шудааст.

 Замимаҳои пешниҳодшуда оид ба Хартияи Созмони ҳамкории Шанхай, ки аз 26 модда иборат аст, консепсияи ҳамкориҳои кишварҳои аъзои СҲШ дар мубориза ба муқобили терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ, қарорҳо, созишномаҳо, эъломияи сарони кишварҳои аъзои СҲШ оид ба бунёди минтақаи сулҳи дарозмуддат ва шукуфоии муштарак мазмун ва муҳтавои монографияро пурра менамояд.

Қобили қайд аст, ки мутобиқи муқаррароти СҲШ соли 2021 раёсат дар СҲШ аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Мутаносибан иҷлосияи ҷашнии сарварони кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 16, 17 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Ҳадафҳои асосии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ таҳкими дӯстӣ ва ҳамҷавории нек байни давлатҳои аъзои СҲШ, рушди минбаъдаи “рӯҳияи Шанхай”, нигаҳдории сулҳ, амният ва субот дар минтақа, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву фарҳангӣ, таҳкими эътибор ва мавқеи байналмилалии СҲШ, такмили заминаи шартномавӣ ва ҳуқуқии Созмон мебошад.

Кишварҳои узви СҲШ дар ҳаллу фасли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ ба сатҳи баланди ҳамкорӣ ва эътимод ноил гаштанд. Мулоқотҳои ҳарсола дар сатҳҳои гуногун имкон медиҳанд, ки на танҳо мушкилоти рӯзмарра ҳал карда шаванд, балки дар ҷаҳони зуд тағйирёбанда низ чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Ин ҳама нишон медиҳад, ки СҲШ, ки дар саргаҳи таъсиси он давлати мо низ ҳузур дошт, дар ҳақиқат сохтори хеле ояндадори ҳам миқёси минтақавӣ ва ҳам ҷаҳонӣ мебошад.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон СҲШ яке аз созмонҳои калидӣ ба ҳисоб меравад ва барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва пойдории амният дар фазои кишварҳои аъзо ва минтақа нақши муҳим дорад. Умед аст, ки баргузории ҷаласаи ҷашнии СҲШ дар шаҳри Душанбе боз ҳам мақом ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ болотар ҳоҳад бурд.

Монографияи устод Мирзоев Н.М. «Тоҷикистон –Созмони Ҳамкории Шанхай: уфуқҳои ҳамкорӣ» дар арафаи таҷлили 20 –умин солгарди таъсиси СҲШ рамзӣ, мондагор ва арзанда мебошад.

Т.Х. Турсунов, дотсенти ДМТ