ДУШАНБЕ ДАР НИЗОМИ РОБИТАҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ

27

Халқи тоҷик дар тули таърихи чандҳазорсолаи худ шаҳру пойтахтҳое бунёд кардааст, ки мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён будаанд. Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусиятҳои миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо боқӣ мондаанд. Душанбе, барҳақ, меросдорӣ онҳост. Имрӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар қатори шаҳрҳои бузурги пешрафта, инноватсионӣ ва шаҳрҳои ҳушманд қарор гирифта, ҳоло Душанбе марказҳои муҳимми баррасии масъалаҳои умумиҷаҳонӣ ва саҳнаи муколамаи созандаи ҳифзи сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон табдил ёфтааст.

Дар заминаи роҳбарии созанда ва дурбинонаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ мақоми пойтахт дар низоми робитаҳои байнидавлатӣ тақвият ёфта, дар самти густариши ҳамкориҳои байнишаҳрӣ ва дастгирии дипломатияи шаҳри Душанбе корҳои назаррас анҷом дода шудааст. Душанбе чун марказ ва симои дурахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эҷоди нуфузи боэътимоди давлат ва шукуҳи халқи тоҷик дар шароити муосир мусоидат намуда, ҷиҳати дастгири робитаҳои байнифарҳангӣ, рушди низоми шаҳрдорӣ, воридсозии усулҳои инноватсионӣ дар идораи шаҳр, таҳкими низоми шаҳри бехатар, ҷорисозии усулҳои “шаҳри ҳушманд”, рақамикунонии низоми хидматрасонии сокинони шаҳр, инкишофи низоми нақлиётӣ, сохтмони иншоотҳои иҷтимоии пешрафта ва инкишофи инфасохтори иқтисодии сабз ҳамкориҳои судмандро бо дигар шаҳрҳои ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ мондааст.

Ҳоло мақоми байналмилалии Душанбе дар миёни дигар шаҳрҳои ҷаҳонӣ афзоиш ёфта, ҳамкориҳои байналмилалии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи истифода аз усулҳои дипломатияи шаҳрӣ дар самтҳои гуногун татбиқ карда мешавад.

Аз ҷумла, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамкориро бо шаҳрҳои шарик ҳамҷониб дастгирӣ менамояд. Имрӯз шаҳри Душанбе дар пешбурди дипломатияи шаҳрии кишвар фаъол буда, рушди низоми шаҳрҳои шарикро дар муносибатҳои байнидавлатӣ роҳандозӣ менамояд. Ҳоло шаҳрҳои шарики Душанбе чунин шаҳрҳо ба шумор мераванд.

– ПЕКИН (Ҷумҳурии Мардумии Чин) аз 21 августи соли 2023

– МОСКВА (Федератсияи Россия) аз 13 октябри соли 1994

– ТОШКАНТ (Ҷумҳурии Узбекистон) аз 9 марти соли 2018

– ХАНҶОУ (Ҷумҳурии Мардумии Чин) аз 23 августи соли 2023

– ЧЭНДУ (Ҷумҳурии Мардумии Чин) 18 майи соли 2023

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе робитаҳои бародаршаҳриро бо дигар шаҳрҳо роҳандозӣ менамояд. Дар ин замина, шаҳри Душанбе бо шаҳрҳои Давҳа (аз 8 июни соли 2023), Исломобод (аз 14 декабри соли 2022), Боку (аз 3 марти соли 2022), Нур-Султон (Остона) (аз 23 сентябри соли 2021), Хайнан (аз 12 декабри соли 2018), Чиндао (аз 18 сентябри соли 2018), Ашкобод (аз 2 ноябри соли 2017), Сямэн (аз 20 июни соли 2013), Анқара (аз 11 декабри соли 2003), Минск (аз 21 июли соли 1998), Урумчӣ (аз 31 августи соли 1997), Теҳрон (аз моҳи июли соли 1995), Шероз (аз 16 феврали соли 1992), Санкт-Пертербург (аз 6 октябри соли 1991), Мазори Шариф (аз 13 июли соли 1991), Ройтлинген (аз 24 марти соли 1990), Боулдер (аз 8 майи соли 1987), Клагенфурт (аз соли 1972), Лоҳур (аз 15 сентябри соли 1976), Монастир (аз 24 ноябри соли 1967), Сано (аз 25 июни соли 1967) ва Лусака (аз моҳи августи соли 1966) созишномаи бародаршаҳрӣ баста, ҳамкориҳои судмандро дастгирӣ менамояд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати танзими алоқаҳои байнишаҳрӣ ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ мондааст. Дар асоси ин усул, шаҳри Душанбе бо чунин созмонҳои байналмилалие, ки дар самти тақвияти шаҳрдорӣ, идораи шаҳрнишинӣ ва танзими масъалаҳои иҷтимоии шаҳрҳо фаъолият мекунанд, ҳамкориҳои судмандро бо дигар давлатҳо ба роҳ мондааст:

1.Ташкилоти Умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ (United Cities and Local Governments) (аз соли 2006);

2.Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (Sister-Cities International) (аз соли 2004);

3. Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (аз соли 1998);

4.Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (Boulder-Dushanbe Sister Cities)(аз соли1982);

5. Федератсияи Умумиҷоҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ.

Дар ин замина, рӯзҳои 9-10 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи VI Маҷмааи умумии “Форуми раисони шаҳри Осиё” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуда, ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои байнишаҳрии Осиёро баҳогузорӣ намуд. Дар ин форум, роҳбарону намояндагони беш аз 40 шаҳрҳои қитъаи Осиё ҳузуран ва маҷозӣ иштирок намуданд. Дар охири чорабинӣ, Эъломияи Душанбе ба хотири муайянсозии ҳамкории шаҳрҳои Осиё дар соли оянда қабул гардид.

Дар баробари ин, таҷрибаи дипломатияи Душанбе дар самтҳои пешбурди фаъолияти байналмилалӣ заминаҳои мусоидро барои коркард ва истифодаи дигар усулҳои дипломатияи шаҳрӣ фароҳам меорад. Имрӯз шаҳри Душанбе дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, конференсияҳои ҳалли мушкилиҳои минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ, намоишгоҳҳои молу маҳсулот, баргузории мусобиқаҳои фарҳангӣ ва варзишӣ таҷрибаи бузург дорад. Аз ин рӯ, тақвияти чунин усулҳои дипломатияи шаҳрӣ метавонад дар соҳибнуфузгардии шаҳри Душанбе месоидат намояд.

1. Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба маркази муҳимми баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ (конференсияҳо, симпозиюмҳо, намоишгоҳҳо) табдил ёфтааст. Дар тули 31 соли Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе шумораи зиёди чорабиниҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар сатҳи баланд доир гардидааст. Махсусан, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ қайд намуд, ки “14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии СММ дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард. Вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конференсияи сатҳи баланди СММ баргузор мегардад”.

2. Имрӯз дар самти табдили Душанбе ба як шаҳри ҳушманд низ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Чуночӣ, дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 7 майи соли 2019, таҳти №276 “Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”- и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст. Корхонаи мазкур ба хотири баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои электронӣ тавассути технологияи иттилоотӣ-иртиботӣ, таъмини бехатарии шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ фаъолият дорад. Дар ин замина, ҳамкориҳои судман бо дигар шаҳрҳои ҳушманд ва инноватсионӣ ба роҳ монда мешаванд.

3. Шаҳрдории Душанбе ба хотири ворид гардидани шаҳр ба қатори шаҳрҳои бетарафи иқлимӣ (тоза аз партовҳои зарарнок) чораҳои зарурӣ андешида истодааст ва дар ин самт ба хотири касби таҷриба бо дигар шаҳрҳои муваффақ ҳамкорӣ менамояд. Аз соли 2019 маъмурияти шаҳри Душанбе бо барномаи “Шаҳри сабз”-и Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба хотири коркард ва татбиқи Нақшаи амали “Шаҳри сабз”-и Душанбе ҳамкорӣ дорад. Барномаи мазкур барои беҳтар намудани 7 соҳаи асосии шаҳрдорӣ – энергетика, таъминоти оби ошомиданӣ, нақлиёт, биносозӣ, саноат, партовгоҳҳо, истифодаи замин ва гуногунрагии табиати шаҳр фаъолият менамояд.

4. Душанбе ҳамчун шаҳри муколамавии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Моҳи декабри соли 2022 дар шаҳри Душанбе даври 10-уми муколамаи амниятии Ҳирот (Herat Security Dialogue) доир гардид, ки масъалаҳои муҳимми амниятӣ дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ин рӯ, бояд мукаламаи Душанбе (Dushanbe Dialogue) ҳамчун саҳнаи баррасӣ ва баҳогузории масъалаҳои амниятии минтақа ва ҷаҳон тақвият дода шавад ва бо ин роҳ, Душанбе дар фаъолияти байналмилалии хеш аз ин фишанги дипломатияи шаҳрӣ бештар истифода намояд.

5. Душанбе ҳамчун шаҳри равандсози муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. 29-30 марти соли 2021 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” оид ба “Пурзуркунии раванди сулҳ ва рушд” доир гардид. Бо дарназардошти ин, тақвияти раванди Душанбе (Dushanbe process) ҳамчун саҳнаи баррасии мушкилиҳои гулобаӣ тақвият дода шавад. Ин омил метавонад ҷиҳати муаррифии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҳамчун шаҳри иқдомгузор дар танзими мушкилиҳои ҷаҳонӣ, махсусан танзими мушкилиҳои обӣ ва ҳифзи пиряхҳо мусоидат намояд.

Бо дарназардошти фаъолияти байналмилалии шаҳри Душанбе метавон гуфт, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дипломатияи шаҳрӣ нақши устуворро касб намуда истодааст. Маъмурияти шаҳри Душанбе низ барои табдили пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба як шаҳри пешрафта ва навовар бо дигар шаҳрҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои мутақобила ба роҳ мондааст. Ҳоло ҳамкориҳои Душанбе дар асоси пешбурди дипломатияи шаҳрӣ ба самтҳои ҳукумати электронӣ, фазои экологӣ, хонаи ҳушманд, иқтисоди рақамӣ, бехатарии ҳушманд, нақлиёти сабз, нерӯи ҳушманд, тибби муосир, таълими рақамӣ, IT-park равона шудааст.

Дар умум, пешбурди дипломатияи шаҳри Душанбе боиси табодули таҷрибаи шарҳрдорию шаҳрсозӣ, татбиқи лоиҳаҳои фарҳангӣ, таълимӣ ва сайёҳӣ, воридсозии усулҳои инноватсионии соҳаи нақлиёт, хатҳои барқу гармидиҳӣ ва қубурҳои обгузар, биёнди иншоотҳои истиқоматӣ, маишӣ, таълимӣ ва варзишии ҷавобгӯй ба талаботҳои ҷаҳонӣ гардида, Душанберо ба як шаҳри зебо, амн ва қобили ҳаёти осоишта табдил додааст.

АНВАРИ САФАРӢ,

н.и.т, дотсенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ