Шамъ агар хомуш гардад доғи маҳфил мешавад

756

Ду рӯз пеш қалби яке аз шахсиятҳои бузурги илмиву фарҳангӣ ва сиёсии кишвари мо устод Шарофиддини Имом аз тапидан боз монд. Навиштани ёдномаи ин шахсияти бузург барои мо хеле гарон аст. Кас агар чизе навиштанӣ бошад, аз он метарсад, ки гуфтаниҳо ногуфтанӣ ва навиштаниҳо нонавишта мемонад ва оё мо ӯро то ба охир шинохтаем, ки ҳама сифатҳои ӯро ёд кунем.

Бештар аз сӣ сол буд, ки ӯро мешинохтем. Аз даврони кори якҷоя дар кафедраҳои таърихи наву навини кишварҳои хориҷӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ то ба имрӯз. Тайи ин муддат бисёр чизҳоро аз ӯ чун масъулиятшиносӣ, кордонӣ, устуворӣ, сабурӣ, хоксорӣ, серталабӣ ва талоши пайваста дар раҳи омӯзиш ва такмили донишу маҳорати касбии худ омӯхтем.

Аз синну соли мактабӣ ба таърих ва адабиёт меҳри беандоза дошт. Ҳамин меҳр пас аз хатми мактаби миёна ӯро ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба факултаи таърих овард ва даврони ин махзани донишро бомуваффақият ба поён расонд. Сипас таҳсилро дар аспирантураи Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Маскав идома дода, таҳти роҳбарии шарқшиноси маъруфи рус Ю. Ганковский рисолаи номзадиашро дар бораи афкори иҷтимоии Афғонистони муосир дифоъ кард.

Баъдан сафари хидматиаш ба Афғонистон сурат гирифт, ки ин сафар ба зиндагиномаи ӯ саҳифаи нав кушод ва барои касби мавқеи устувори иҷтимоиаш мактаби бузурге шуд.

Солҳои сарнавиштсози навадум дар сафи пеши истиқлолхоҳони Ватан қарор дошт ва аз ибтидои ҷанги шаҳрвандӣ барои ба мизи гуфтушунид овардани ҷонибҳои мухолиф неруву ғайрати худро ба кор бурд. Усулгароӣ аз сифатҳои хуби шахсияти ин мард буд. Ҳанӯз аз солҳои пеш дар сафи мардони баору номуси Ватан, барои истиқлоли воқеии ин кишвар, барои рушду пешрафти ин Меҳан талош мекард ва дар тӯли ин солҳо, дар миёни печутобҳои сиёсӣ, ки хеле аз мардум роҳу равиши худро борҳо дигар кардаанд, ӯ якрӯву якмаром пеш мерафт. Ӯ ин усул – озодӣ, истиқлоли Ватан ва пешрафти кишварро барои худ ормони муқаддас медонист ва хеле ҷиддиву қотеона амалӣ шудани ин андешаҳоро пайгирона дунбол мекард.

Шарофиддини Имом ба душвориву маҳрумиятҳо нигоҳ накарда, соли 1994 рисолаи доктории худро дар Маскав дифоъ кард ва корро дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии кишвар идома дод. Як нукта хеле ҷолиб аст, ки мавзӯъҳои рисолаҳои илмии ӯ тавъам ба мароми инсонӣ ва роҳи сиёсиаш буданд. Ба ҳамин далел, нуктаҳои ормони миллӣ ва андешаҳои меҳанпарастиаш дар таълифи ин рисолаҳо ва мақолоту китобҳои ба нашр расондааш хеле рушан ба назар мерасид ва ошкор метавон гуфт, ки ин навиштаҳо дар шаклгирии сиёсати милливу меҳанпарастии ҷомеаи кишвар нақши назаррас гузоштанд. Усулгароӣ ва равиши якрӯи шахсияти донишманд ва маърифатпарвар Шарофиддини Имом имрӯз ҳам миёни рушанфикрон ва табақаҳои гуногуни ҷомеаи кишвар мақом пайдо кардааст ва шахсияти ӯро ба мартабаҳои боэҳтироми сиёсӣ кашондааст. Аз дидгоҳи сиёсӣ ин равиш хеле боарзиш аст, ки мақомоти ҳукумати кишвар шахсиятҳои донишманд ва андешапарварро ба кори таъйини сарнавишти миллат ва кишвар ҷалб кард. Аз сӯи дигар, ин амал тавонист равиши тозаеро дар сиёсати ҷории ҳукумат ба вуҷуд биёварад ва тавозуни нируҳои ақлонӣ ва мутафаккири ҷомеаро дар идораи кишвар таъмин намояд.   

Донишманди пухтакор Шарофиддини Имом аз нахустин рӯзҳои ташкили шӯъбаи равобити байналмилал дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тавонист, ки дар атрофи худ устодони кордону таҷрибадорро ҷамъ оварад ва ин буд, ки кафедраи Муносибатҳои байналмилалӣ пойгоҳи аслӣ дар таъсиси факултети муносибатҳои байналхалқии донишгоҳ хизмат кард. Гуфтанист, ки дар низоми таҳсилоти донишҷӯёни ин факултет роҳу равиши ҷустуҷӯ ва омӯзиши пайвастаи илму ахлоқ роиҷ аст, ки ин раванд боиси тарбияи маҷмӯи мутахассисони варзида ва таҳсилдидагони боарзиш шудааст. Бештарин донишҷӯёни ин факултет дар даврони таҳсил ҳамеша дар ҳама чорабиниҳои ҷамъиятиву давлатӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ иштирок мекарданд, ки устод Шарофиддини Имом бештар аз ҳамин гурӯҳи донишҷӯён ифтихор дошт. Ӯ дар бораи ин донишҷӯёни фаъол бо муҳаббат гап мезад, онҳоро дар ҳама гуна нишастҳову чорабиниҳо муаррифӣ мекард ва барои бо кор таъмин кардани онҳо талош мекард, зеро ба андешаи устод ин қа­бил донишҷӯён ва хатмкардагон ба дарки дурусти маърифати инсонӣ ва меҳандӯстӣ расидаанд. Ҳоло хатмкардагони беҳтарини факултет дар донишкадаву муассисаҳои кишвару хориҷа бо муваффақият фаъолият доранд  ва ҳаме­ша устодро ба некӣ ёд мекунанд.

Устод Шарофиддини Имом назар ба мароми ҷории кишвару минтақа дар синну соли ҷавонтар ба ҳимояи рисолаи докторӣ ва мартабаҳои илмӣ расида буд. Вале гузашта аз ин, бо доштани таҷрибаи хуби илмомӯзӣ ва таҳқиқи дуруст ва ҷомеии масоили марбут ба риштаҳои таълифиаш дар доираҳои илмии кишвар ва берун аз он ҳамчун муаррих ва шарқши­носи варзида эътироф шудааст. Силсилаи асарҳои навиштааш дар мавзӯоти гуногуни таърих, ба вижа ҷунбишҳои иҷтимоӣ дар Афғонистон, зиндагӣ ва эҷодиёти мутафаккирони бузурги Шарқи муосир – Муҳаммад Иқбол, Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ, Алии Шариатӣ ва ҳам бахшида ба таърихи Тоҷикистони навин дар байни мутахассисон ва алоқамандони таъриху фарҳанг соҳиби эътибори баланд гардидааст.

Донишмандон ва таърихнигорон мегӯянд ҳар навиштаи устод Шарофиддини Имомро хоҳ мақола бошад, хоҳ асари бунёдӣ ё монография, бо таваҷҷӯҳи хос мутолиа мекунанд, зеро бовар доранд, ки ӯ дар ин навиштаҳо ҳатман ягон дидгоҳи нави консептуалӣ дар таърихфаҳмии муосири тоҷикро пешниҳод мекунад. Аммо ба назари ман, (ман ин андешаро бо дарки баланди масъулият мегӯям), ин гуна андешаҳои навин дар таърихнигорӣ ва таърихфаҳмии мо хеле ба кундӣ ва ба душворӣ ворид ва пазируфта мешаванд. Ва агар ворид ҳам шаванд, ба зудӣ донишмандони мо фаромӯшаш мекунанд. Мо бисёр вақт шоҳид ҳастем, ки дар маҳфилу нишастҳои таърихнигорони муосири кишвар, хеле аз мавзӯъҳо, ба вижа масъалаҳои таърихи даврони Шӯравӣ аз сӯи бештарин таърихнигорон ҳануз ҳам тибқи ҳамон усулҳои пештараи муҳофизакорона ва он ҳам бо овози баланд баён карда мешаванд. Диссертатсияву рисолаҳои илмӣ имрӯз ҳам дар қолаби пештара навишта ва ҳи­моя мешаванд, ки бештаринашон ба рушду такомули илми таърих­ши­носӣ тозакорие ворид намекунанд, баръакс дар зеҳни насли тозавориди ин арсаи илм таъсири манфӣ ва мутақобил мегузоранд.

Мо дар навиштаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби таърих ва тамаддуни тоҷикон хеле саҳафоти наверо аз таърихи нона­вишта ва норавшани миллатамон дармеёбем ва аз таърихнависон ва таърихнигорони ҳамкасбам хориамон меояд, ки чаро ин навиштаҳоро дастури амал намекунанд ва дар бознигарии таърихи миллатамон кӯшише намекунанд. Ҳар сол садҳо монографияву асари таҳқиқотӣ пеш­ниҳод меша­ванд, вале ҳамааш боз ҳам дар чаҳорчӯби пештара, ба на­зар мерасад, ки мо таърихнигорон аз чаҳорчубаҳои қолабӣ  берун шуда наме­тавонем. Ва наме­до­нем, ки барои таърихинигорони мо дар баёни воқеии таърих ва ё дидго­ҳи нави таърихӣ барои ин кишвар чи чизе садди роҳ мешавад.

Гуфтанист, ки тарзу услуби воқеъбинонаи таърихнигориро дар навиштаҳои устод Шарофиддини Имом дарёфтаем ва дар ин робита асари устод бо номи «Таърихи бедории миллӣ ва истиқлоли Тоҷикистон» аз ҷумлаи беҳтарин ва воқеъбинонатарин пажӯҳиш дар боби таърихи навини миллату кишварамон ба шумор мерафт. Бесабаб нест, ки хулосаҳо ва андешаҳои муаллиф аллакай чун иқтибос дар навиштаву мақолоти дигарон истифода мешаванд. Дидгоҳи муаллиф дар боби заминаҳо ва равандҳои зуҳур ва ташаккули ҷомеаи суннатии тоҷикон аз аҳди Ориёӣ то ба имрӯз, андешаҳо ва ҷунбишҳои озо­дихоҳона ва истиқлолхоҳонаи тоҷикон дар замони салотини гуногун ва аз ҷумла салтанати Шӯравӣ, марзбандии милливу ҳудудии соли 1924, ҳадафҳои ниҳоии зимомдорони давр ва оқибатҳои он ба сарнавишти мин­баъдаи тоҷикон ва ниҳоят заминаҳои ташаккули худогоҳии миллии мар­дум дар аҳди навин то расидан ба истиқлолият хеле амиқ ва ҳама­ҷониба бо назардошт ва таҳлили авомили айнӣ ва зеҳнӣ, дохиливу беру­нӣ ва му­ҳимтар аз ҳама аз дидгоҳи таърихнигории навини миллӣ баён шудаанд. Тавре ки ӯ навишта буд: «Зуҳури Тоҷикистони озоду мустақил ва ташаккули он дар солҳои 1991-1999 дар асл маҳсули равандҳо ва тамоилоти таърих мебошанд, ки дар сарзамини таърихӣ ва асили тоҷикон, қабл аз ҳама хиттаи Тоҷикистони кунунӣ тайи даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо ҷараён доштанд».

Устод Шарофиддин Имом, ки дар замони фаъолият дар риштаи равобити байналмилал худро чун мутахассиси соҳаи дипломатия ва равобити байналмилал муаррифӣ карда буд, дере нагузашта ба Дастгоҳи раёсати ҷумҳур ҳамчун мушовир ба кор даъват шуд ва баъди чанде ба ҳайси сафир ба Ҷумҳури исломии Афғонистон озими хидмат шуд. Тайи даврони хидматаш тавонист, бо туфайли донишу заковат ва маҳорати волои дипломатӣ дар байни чеҳраҳои сиёсиву давлатии кишвари ҳамсоя маҳбубияти зиёд пайдо намояд.

Сиёсатмадори шинохтаи афғон дуктур Абдулло Абдулло дар сугвории устод навиштааст: “Бо таассуф иттилоъ ёфтем ки оқои Шарофиддини Имом сафири пешини Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Афғонистон ҷаҳони фониро видоъ ва ба раҳмати ҳақ пайваст. Марҳум Шарофиддини Имом, ки аз асотиди номдори таърих дар кишвараш буд, минҳайс собиқадортарин сафир ба сифати шайхуссуфаро дар Афғонистон дифои вазифа менамуд. Марҳум дар давраи хидматаш дар Афғонистон равобити нек ва ҳасана бо сиёсатмадорон, мақомоти давлатӣ, ҷомеаи дипломатии муқими Кобул ва намояндагони ақшори мухталифи ҷомеа эҷод намуда буд ва дар густариши равобит миёни Афғонистон ва Тоҷикистон нақши басо арзанда иҷро кард”.

Дар ҳамин радиф шахсияти дигари маъруфи сиёсии кишвари ҳамсоя Субҳониддини Раббонӣ навиштааст: «Равоншод Шарофиддини Имом, ки аз шахсиятҳои барҷастаи илмиву фарҳангӣ ва дипломати варзидаи кишвари бародар ва ҳамсояи Тоҷикистон буд, барои муддати тулонӣ дар ростои тақвияти равобити бародаронаи Афғонистон ва Тоҷикистон кор ва заҳмат кашид ва алоқаи вижае бо мардуми Афғонистон дошт».

Устоди зиндаёд Шарофиддини Имом дар даврони сафорати хеш дар кишвари ҳамсоя робитааашро аз устодону шогирдони факултети муносибатҳои байналхалқӣ канда накарда, бо маслиҳатҳову пешниҳодҳои хеш дар тайёр кардани кадрҳои донишмандони риштаи равобити байналмилал хизмати зиёде намуд. Интизор мерафт, ки баъди ба нафақа баромаданаш ҳам устод фаъолияти омузгорӣ ва илмии хешро давом дода баҳри рушди илму фарҳанги миллати азиз, ки хеле дӯсташ медошт ва фидоии роҳи пешрафт ва шукуфоии ӯ буд, хизмат хоҳад кард.

Вале афсус, ки риштаи умри устоди зиндаёд дар нимароҳи зиндагӣ гусаста шуд ва ӯ ба даргоҳи ҳақ пайваст.

Мо, кулли устодон ва шогирдони факултети муносибатҳои байналхалқӣ аз реҳлати нобаҳангоми устод Шарофиддин Имом сахт андуҳгин буда ба устоди зиндаёд биҳишти анбарсириштро аз Худованди мутаъол таманно дорем ва ба аҳли оилаву ҷигарбандон ва наздиконаш сабри ҷамилро хоҳем. Руҳи Устод шод ва хотирааш гиромӣ бод!    

Ҷамъи устодон ва кормандони

факултети муносибатҳои байналхалқӣ

Картинки по запросу "скачат фото шарофиддин имомов"
Картинки по запросу "скачат фото шарофиддин имомов"