Руҳи Шанхай ва пешомади ҳамкориҳои кишварҳои узв

624

          Чанд сол пештар дар фарҳанги байналмилалии сиёсӣ истилоҳи нав – «Руҳи Шанхай» ҷой гирифт. Новобаста ба гуногунрангиҳои  ҷойдошта дар зарфият, рушди иқтисодӣ ва фарҳанги кишварҳои узви СҲШ эътимоди  ҳамдигарӣ, эҳтиром ва манфиатдорӣ, баробарӣ дар муошират, кушиши якҷоя ба пешрафт заминаи муҳими  рушди Созмон мебошанд.                                 

Тавре маълум аст, моҳи июни соли  2001 сарварони давлатҳои Россия, Тоҷикистон,Узбекистон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон  ба Эъломия дар бораи таъсиси СҲШ имзо гузошта буданд. [1]  14  июни соли  2001 СҲШ расман ташаккул ёфт ва соли 2002 дар ҳамоиши раҳбарони давлатҳо дар Санкт-Петербург Эъломияи  СҲШ ба имзо расид, ки 19 сентябри соли 2003 эътибор пайдо кард. Эъломия  санади бунёдиест, ки ҳадафҳо, вазифаҳо, усул, сохтор ва самтҳои асосии фаъолияти Созмонро муайян кард.3    Дар таркиби СҲШ кишварҳои узв, нозир, шарик ва муколама амал мекунанд.    Ҳадафҳои асосии Созмон чунинанд:  таҳкими эътимоди ҳамдигарӣ, дустӣ, ҳамсоягии нек дар байни давлатҳо; тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, гуманитарӣ, инчунин таъмини сулҳу амният дар минтақа, мубориза алайҳи тероризм, ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ.  Он чиз боиси таваҷҷӯҳ аст, ки СҲШ зарфияти бузурги рушдро соҳиб аст. Созмон   ҳудуди бузургеро фаро мегирад, ки дар он 40% аҳолии сайёра (тақрибан 3 млрд аҳолӣ) маскун буда, 24% и ММД ҷаҳониро медиҳад ва имкониятҳои бузурги инкишофи иҷтимоиву иқтисодӣ ва гуманитариро соҳиб аст. Ҷашни 20- солагии  СҲШ , ки ба давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмон дар соли 2021 рост омад, дар миёни доираҳои  ҳоким ва ақлонии кишварҳои пешбар заминае шуд барои муҳокимаи масоили геополитикии  мавҷуда дар ҷаҳони имруза ва дурнамои ҳалли онҳо.  Таваҷҷӯҳи мубоҳисон ба СҲШ ҳам ҳамчун созмоне, ки ҳамкории байни давлатҳоро бар усулҳои судманд устувор карда, тамоили устувори рушд ва қадру манзалати афзояндаро нишон медиҳад, зиёд буд.  Воқеан, Созмони ҳамкориҳои  зарфияти хоси конструктивиро дорост, ки  дар оянда метавонад самти инкишофи геополитикиро дар дунё муайян намояд. Ҷолиб он аст, ки феълан дар СҲШ масоили муқовимат ба таҳдидҳои дохиливу берунӣ, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва гуманитарӣ ҳалли худро ёфта истодаанд ва таваҷҷӯҳи кишварҳои дигар ба созмон бештар шуда истодааст. Суоле пеш меояд, ки аз нигоҳи таваҷҷуҳи ҷомеаи башарӣ ба СҲШ чи чиз муҳим буд ва кадом тамоилҳои аслӣ ояндаи созмонро дар қаринаи инкишофи равандҳои геополитикии муосир муайян мекунанд?                       

   Дар ин робита аксари донишмандон ба омили ба ном «Руҳи Шанхай» ҳамчун мафкурае, ишора мекунанд, ки ҳар як аз кишвари узв дар партави он имконият пайдо мекунад то дар заминаи суннатҳои хоси тарзи ҳаёт, вижагиҳои миллии ташкили истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва рушди таърихан шаклгирифтаи фарҳангиву гуманитарӣ  пеш равад. Вазифаҳои умдаи дар назди кишварҳо истода дар заминаи консенсуси манфиатҳо ҳал карда хоҳанд шуд. Ҷавҳари диди «Руҳи Шанхай»- ро  истилоҳҳои зерин: эътимоди ҳамдигарӣ, манофеъи мутақобил, баробарӣ, машваратҳои ҳамдигарӣ эҳтироми гуногунрангии фарҳангҳо, талош ба рушди якҷоя ташкил медиҳанд.  Диди «Руҳи Шанхай» ба андешаи коршиносони чинӣ паёмади татбиқи амалии андешаҳои роҳбарони Ҷумҳурии мардумии Чин  дар соҳаи равобити байналмилал, аз ҷумла «тафаккури байналхалқии стратегӣ»- Дэн Сяопин ва «назарияи се намояндагӣ» – и Цзян Цзэмин ба шумор меравад. Тавре ки бармеояд, дар соли 2001 дар ҷаласаи муассисии СҲШ Цзян Цзэмин даъват кард,  ки аз усули «Руҳи Шанхай» пайравӣ карда шавад.  Ҳар як аз истилоҳи пешниҳодшуда маънои амиқ ва ҳикмати худро дорад. Аз ҷумла, мафҳумҳои  «эътимоди тарафайн», «манофеи мутақобил», «баробарӣ»,  «машварати якдигарӣ»  – асоси «тарҳи нави амният»- ро ташкил медиҳанд. Эътимоди тарафайн ё эътимод ба ҳамдигар робитаҳои сидқиро дар назар дорад, ки ба ҳамдигарфаҳмӣ, риояи аҳдномаҳо ва уҳдадориҳои байналхалқӣ, пайравӣ ба усулҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналхалқӣ такя мекунанд. Дар ин робитаҳои муътамад зарурате  ба «эҷод» – и душманон ё рақибон ва ё эҷоди баҳона барои душманигарӣ намемонад.  Асли «манофеи мутақобил»  ишора ба зарурияти назардошт ва кафолати манфиатҳои ҷонибҳо ва ишора ба он дорад, ки амнияти ҳар як кишвар аз амнияти кишварҳои дигар ҷудо нест.  «Баробарӣ» – и субъектҳои равобити байналмилал мақоми баробари кишварҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ новобаста аз миқёси ҳудуд, сатҳи некуаҳволӣ, қудрати давлатӣ дар назар дорад. Кишварҳои узв ҳаққи баробар ба сулҳу субот, ҳифзи манофеи хеш, муқовиматро ба кушишҳои пешвогароёнаи кишварҳои алоҳида доранд. Субъектҳои руҳияи «ҳамкорӣ» дошта аз ташкили паймонҳои ба ҷониби сеюм равонашуда даст кашида, бо роҳи муколама ва машварат  таҳдидҳои пешомадаро рафъ карда, масоили  баҳснокро ҳал мекунанд ва ҳамкориҳои чандҷонибаро  ба хотири пешгирӣ аз бархурдҳои мусаллаҳона таҳким мебахшанд. Дар қатори онҳо  усули «эҳтироми гуногунрангии фарҳангҳо» – таъкид ба эътирофи гуногунии фарҳангу тамаддунҳои ҷаҳони муосир, эҳтиром ба таърих ва фарҳанги ҳар як кишвар, ҳаққи таъини сарнавишт ва роҳи пешрафт дорад. «Кушиш ба рушди якҷоя » аз  нияти пазироии таҷрибаи мусбӣ аз дигарон, рифоҳи ҳамдигарӣ дар раванди ҳамкориҳо ба хотири коҳиши адами тавозун дар байни Ҷанубу Шимол, ҳалли масъалаи тафриқаёбии ҷомеаҳо тақозо мекунад. Ба эътирофи аксарият «Руҳи Шанхай» ҷавобгӯи воқеияти имрӯза ва инъикосгари мавқеъҳои кишварҳои узв дар масоили асосии эҷоди назми имрӯзаи байналхалқист.  Метавон гуфт, ки назарияи «Руҳи Шанхай» суроби диди нави амниятро ошкор намуд, ки дар он амнияти кишвари алоҳида аз амнияи минтақа ва ҷаҳон ҷудонашаванда аст. Тавре маълум аст, диди суннатии амният дар даврони ҷангҳо ва инқилобҳо шакл гирифта, ҳалли мушкилоти амниятро дар қаринаи дипломатияи низомӣ тақозо мекард ва онро чун бозие мепиндошт, ки дар он агар яке ғолиб меомад, дигарӣ ногузир ба шикаст рӯ ба рӯ мешуд. Аз ин рӯ, дар маҷрои ин назария мавҷудияти паймонҳои низомии давлатҳо ва афзоиши қудрати низомии давлатҳои алоҳида табиӣ ва қонунӣ ба назар мерасид. Тарҳи нави амният аз он бармеояд, ки дар шароити ташаккули низоми ҷаҳонии ба ҳам мубтанӣ амнияти давлати алоҳида андозаи байналхалқӣ ва глобалӣ гирифта, батадриҷ ба амнияти умум наздик мешавад. Ҳамзамон аксари мушкилоти имрӯзаи ҷомеаи башарӣ хислати фаромарзӣ доранд.  Аз ҷумла, бӯҳронҳои молиявӣ ва энергетикӣ,  харобшавии муҳити атроф, терроризм ва густариши бемориҳо метавонанд танҳо бо кумаки ҳамкориҳои чандҷониба ҳалли худро ёбанд.   Гуфтанист, ки «Руҳи Шанхай» имрӯз дар ҳама самтҳои фаъолияти созмон ҳамчун дастури амал устувор шудааст. Аз ҷумл, равобити иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои узв маҳз ба усулҳои «Руҳи Шанхай» ва ҳамкориҳои барои тарафайн судманд  ба роҳ монда шудаанд.  Маҳдудаи СҲШ барои рушд ва такмили бозори ҳам дохилӣ ва ҳам берунӣ кушода аст. Вижагии минтақа дар он аст, ки дар шароити барузи «ҷангҳои иқтисодӣ» дар шакли таҳримҳо ва эмбаргоҳо, дар чаҳорчубаи СҲШ усули баробарҳуқуқӣ ва рушди озоди иқтисодҳои миллӣ ҳокимият дорад, ки ба андешаи коршиносон дурнамои нек дорад.  Албатта гардиши мол дар байни кишварҳои СҲШ танҳо 5% – и ҳаҷми умумии робитаҳои иқтисодии беруниро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки ин кишондиҳандаҳо дар кишварҳои АСЕАН 30 % ва Иттиҳоди Аврупо – 60% – ро ташкил медиҳанд. Аммо суръати афзоиши рушди иқтисодӣ маҳз дар СҲШ баланд мебошад. Аз ин рӯ,  Сандуқи байналмилалии пул рушди иқтисодиётро дар чаҳорчубаи СҲШ босамар ва динамикӣ арзёбӣ кардааст. Аз ҷумла, тибқи пешгуиҳои Сандуқи байналмилалии пул ҳаҷми умумии маҳсулоти дохилии кишварҳои созмон дар соли 2030 30-40 % – и ҳаҷми маҳсулоти дохилии ҷаҳониро ташкил хоҳад кард.[2]                               

        Гуфтанист, ки имкониятҳои захиравии кишварҳои  шомили СҲШ қаринаи иҷтимоиву иқтисодии рушди созмонро муайян кардаанд. Ба он маънӣ, ки агар дар ҷаҳони муосир байни кишварҳо ва иттиҳодҳои пешрави иқтисодӣ мубориза баҳри «бозорҳои ашёи хом», «бозори фуруш», «бозори неруи арзони корӣ» мубориза тезутунд шуда бошад, кишварҳои СҲШ дар муносибатҳои дохилии байниҳамдигарӣ берун аз чунин ихтилофҳоянд, чун минтақа худкифо буда барои тақобули иқтисодӣ зарурат намондааст. Зарфияти табииву ашёӣ ва ақлонии Россия, имкониятҳои технологии Чин, захоири меҳнатӣ ва соири имкониятҳои Ҳиндустон, инчунин кишварҳои дигар ҳамдигарро мукаммал гардонда,  барои рушди васеи фазои ягонаи иқтисодӣ дар шароити судманд ва усулҳои одилона замина фароҳам меоранд. Ин ҳама татбиқи конструктивии хешро дарёфта дар пешомади наздик ба эҷоди «бозори иқтисодии муштарак» оварда мерасонад. Ин нуқтаи назар солҳои охир ҷонибдорони зиёде пайдо кардааст.  Зарфияти  бузурги СҲШ метавонад дар сурати рушди он дар заминаҳои дастовардҳои ҳозираи илму техника рақобатпазир бошад, ки дар бисёр ҷиҳатҳо зарурати модернизатсияи тамоми низоми муносибатҳои истеҳсолиро пеш  меорад.  Дар ин робита ба масъалаи информатизатсияи истеҳсолот, бунёди иқтисоди рақамӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда мешавад, ки феълан чунин равиши модернизатсияи иқтисодиёт муайянкунанда мебошад.  Дар изҳороти вижаи  Шурои сарони давлатҳои узви СҲШ аз 10 ноябри соли 2020 чунин омадааст: ” Имрӯзҳо технологияҳои рақамӣ ба омили калидии тезонидани суръати рушди иқтисодӣ, боло бурдани рақобатпазирии соҳаҳои мухталифи иқтисод, ташаккули бозорҳои нав ва таъмини рушди устувори фарогир табдил ёфтааст.  Мо чунин меҳисобем, ки табдили рақамӣ ба эҷоди шароити зарурӣ ҷиҳати рушди глобалии фарогир  мусоидат намуда,  ба нафъи ҳамаи иштирокчиён хоҳад буд. Боварӣ дорем, ки таҳкими алоқамандии рақамӣ  пешомад ва имкониятҳои нави рушди иқтисодиро аз ҳисоби ташаккули нуқтаҳои нави рушд ва баланд бурдани ҷолибияти инвеститсионӣ фароҳам меорад. Таҳкими ҳамкориҳои амалӣ дар ин соҳа ба манфиати баланд бурдани рақобатнокии технологӣ ва некуаҳволии иқтисодии давлатҳои узви СҲШ ҷавобгӯ мебошад. [3]                                                    

Ин аст, ки раҳбарони СҲШ дар баромадҳои худ ҳарчи бештар ба зарурияти таҳким ва ташдиди унсури иҷтимоиву иқтисодӣ дар рушди созмон таъкид мекунанд. Мавзӯи дигари муҳим дар пешрафти СҲШ – таъмини амният ва субот дар маҳдудаи он мебошад, ки  мубрамият ва вижагиҳои хоси худро дар фаъолияти созмон касб кардааст.  Қайд кардан бамаврид аст, ки дар Эъломияи СҲШ уҳдадориҳои ба мудофиаи муштарак дахлдор ба чашм намерасад. Созмон атрибутҳои сирф ба паймони низомӣ марбутро надорад ва мутобиқан дар таркиби он сохторҳои маъмурӣ ё танзимгар дар соҳаи мудофиа ҳам амал намекунад.  Ҳамзамон ҷаҳони имрӯза дар шароити барузи низоъҳо ва таҳдидҳо қарор дорад, ки Созмон маҷбур аст ба онҳо ҷавоб гуяд. Ба масоили мубрами амнияти дастаҷамъии Созмон мушкилоти алоқаманд ба тавсеа ва амиқёбии таҳдидҳои эпидемиологӣ, ифлосшавии муҳити атроф,  тағйирёбии иқлим, коҳиши захираҳои табиӣ, мушкилоти озуқаворӣ ва ғайраро метавон шомил кард. Ҳамзамон ҳамоҳангсозии ҳамкориҳо дар самти муковимат бо терроризм, сепаратизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ  муҳимияти худро гум накардааст. Ҳар як кишвар дар алоҳидагӣ ба чолишу таҳдидҳои фавқуззикр ҷавоб мегуяд, вале зарурияти аксуламали муштарак ва кушишҳои якҷоя баҳри рафъи онҳо пеш омадааст.  Дар шароити кунунӣ масоили алоқаманд ба вабои коронавирус хеле мубрам гардидаанд.  Дар ин маврид усулан бе кушишҳои дастаҷамъона мубориза бурдан ғайриимкон аст.  Дар ин бора Пешвои миллат чунин изҳор дошт: Дар пасманзари пандемияи коронавирус мо имрӯз бо таҳдидҳои нави иҷтимоӣ – иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудаем. Ба иқтисоди миллии кишварҳо, аз ҷумла ба Тоҷикистон зарари қобили мулоҳиза расонида мешавад.Пандемия ба раванди рушди иқтисоди ҷаҳонӣ тасҳеҳоти муайян ворид кард.Вай омили афзоиши тунди бекорӣ, монеи маҷрои сармоягузорӣ ва рушди тиҷорат гардид.Баъзе кишварҳо метавонанд ба таҳдидҳои амнияти озуқаворӣ рӯ ба рӯ шаванд.Тибқи арзёбиҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, таъсири манфии оқибатҳои пандемия ба иқтисоди ҷаҳонӣ тӯлонӣ хоҳад буд. Аён аст, ки ин таҳдидҳо моро ба андешидани тадбирҳои зарурии таъхирнопазир ҷиҳати вокуниши муносиби муштарак бо онҳо водор месозанд.Дар ин замина, тавсеаи ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дар фазои СҲШ бениҳоят муҳим аст».

Тавре ба ҳамагон маълум аст, ба иллати хуруҷи бошитоби неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар маркази ҷуғрофии СҲШ мушкилоти низомиву сиёсӣ тезутунд шуданд, ки бевосита ба манфиатҳои кишварҳои минтақа таъсир мерасонанд. Дар ин робита Созмон як силсила қарорҳо андешид то самти амалҳои муштаракро алайҳи таҳдидоти мазкур, шакл ва методҳои бартараф кардани онҳоро мушаххас кард.  14 июли соли 2021    дар шаҳри Душанбе вохурии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ дар чаҳорчубаи гуруҳи тамоси «СҲШ-Афғонистон» баргузор гардид.  Дар фарҷоми вохурӣ изҳороти муштарак доир ба Афғонистон   қабул карда шуд, ки дар он усулҳо, шаклҳо, методҳо ва роҳҳои рафъи буҳрони Афғонистон  дарҷ гардида буданд. Вале руйдодҳои дар Афғонистон ба асари хуруҷи неруҳои амрикоӣ ба амал омада метавон гуфт, ки кишварҳои ҳамсояи минтақаро дар ғафлат монданд.   Мутаассифона, дар ҳамоиши Душанбе ба иштирокчиён муяясар нашуд, ки қарори ягонаи ба ҳама мақбул дар мавриди қазияи Афғонистон  қабул карда шавад. Аксари кишварҳои минтақа агар дар ибтидо мавқеи интизориро гирифта бошанд, имрӯзҳо дар пайи ҷустуҷӯи роҳҳои устувор кардани робитаҳои бигузор де-юре ҳам набошад де факто (назири Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Чин ва то андозае Россия ) мебошанд. Танҳо ду кишвари узви СҲШ (Тоҷикистон ва Ҳиндустон ) дар мавриди ҷунбиши Толибон, ки қудратро дар Афғонистон ба даст овардаанд, мавқеи оштинопазирро гирифта даъвати ташкили ҳукумати фарогири ҳамаи қавмҳо ва ҷунбишҳои дар мамлакат бударо ба амал овардаанд.  Бо вуҷуди ин метавон гуфт, ки Тоҷикистон дар давраи раёсати хеш дар Созмон ҷидду ҷаҳди зиёд баҳри таҳкими Руҳи Шанхай, васеъ кардани «оилаи СҲШ» бо роҳи шомил шудани Ирон ба ҳайси кишвари узв ва чанд кишвар  ба ҳайси кишварҳои муколама кард ва аксаран муваффақ ҳам шуд. Дар ин бора қабули 30 ҳуҷҷати фарогири ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои кишварҳои шомили СҲШ далолат мекунанд. Таъкид бояд кард, ки раёсати Тоҷикистон дар СҲШ  ба усулҳои баробарҳуқуқӣ, меросият, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми андешаи ҳар як кишвари узви Созмон такя карда, зери шиори «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ ба хотири субот ва шукуфоӣ»  гузашт. Ҳадафҳои аслии раёсати кишвар дар СҲШ чунин эълон гардида буданд:  таҳкими дустӣ ва ҳамсоягии нек байни кишварҳои узви СҲШ; рушди минбаъдаи «Руҳи Шанхай»; ҳифзи сулҳ, амният ва субот дар минтақа; афзунгардонии ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ; таҳкими имиҷ ва мавқеъгирии байналмилалии СҲШ; такмили пойгоҳи аҳдномавиву ҳуқуқии Созмон; тавсеаи механизмҳои ҳамкорӣ. Дар самти гуманитарӣ бошад:  мусоидат ба афзунгардонии ҳамкориҳои байни марказҳои илмиву тадқиқотӣ ва таҳлилии кишварҳои узви СҲШ; мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангии минтақаи СҲШ; мусоидат ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи кинематография; коркарди масъалаи қаули гимни Созмон дар рафти саммити ҷашнии 20-солагии СҲШ; мусоидат ба пешбурди масоили баробарии гендерӣ ва тавсеаи ҳуқуқҳо ва имкониятҳои занону духтарон дар чаҳорчубаи СҲШ дар назар дошта шудааст.« Ҷумҳурии Тоҷикистон, -изҳор дошта буд  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, – дар соҳаи дипломатияи бисёрҷониба ба рушди робитаҳои самаранок дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд. Бесабаб нест, ки дар Консепсияи ҳоло амалкунандаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  чунин зикр шудааст: «Ҳадафи иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ таҳкими муносиботи неки ҳамсоягӣ, робитаҳои боэътимод ва дӯстона байни давлатҳои аъзо ва нозирон дар  Созмон, инчунин таъмини амнияту субот ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа мебошад».                                                        

Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки фаъолияти худро дар доираи Созмони мазкур на танҳо дар соҳаи амният ва ҳамкории   иқтисодӣ, балки дар рушду таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаи фарҳангиву гуманитарӣ низ мебинад. Ҳамин тавр, ҳамкориҳои гуманитарӣ дар чаҳорчубаи СҲШ роҳи муайянеро тай карда ба дастовардҳои назаррас комёб гардидааст. Дар ин миён метавон аз : мавҷудияти усулҳои мушаххаси шаклгирифта, ки ҷавобгуи диди нақши фарҳанг ва таҳсилот дар равобити байналмилалии муосир мебошанд ва ба мавқеи кишварҳои иштирокчӣ наздиканд; ташаккулёбии пойгоҳи устувори аҳдномавиву ҳуқуқӣ дар соҳаи гуманитарӣ; бунёди механизмҳои самараноки таҳлиливу коршиносӣ; мушаххассозии самтҳои ҳамкорӣ ва шаклҳои татбиқи барномаҳои фарҳангӣ ва таҳсилотӣ дар сатҳҳои дуҷониба ва чандҷониба ёдовар шуд. «Дар марҳилаи кунунӣ, – навиштааст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, – ҷаҳон ба марҳилаи тағйиротҳо ва ҷаҳишҳои бузург ворид шудааст, пандемия бошад раванди бозсозии суроби байналхалқиро метезонад, бо вуҷуди ин сулҳ, пешрафт, ҳамкорӣ ва суди ҳамдигарӣ тамоили бебозгашти давра боқӣ мемонанд.  Дар ру ба руи нуқтаи ибтидоии таърихӣ ва чолишҳои афзояндаи глобалӣ мо бояд Руҳи Шанхайро ба роҳбарӣ гирифта, баҳри ҳамкориҳои гуногунҷониба ва адолати байналхалқӣ устуворона талош намоем ва неруи СҲШ – ро ҷиҳати танзими сиёсии низоъҳо ва такомули идораи глобалӣ баҳри сохтмони босуръати Ҷомеаи сарнавишти ягонаи СҲШ ва эҷоди муштараки ояндаи беҳтари созмон истифода барем».                                             

Ба ҳамин наҳв, бо назардошти вазъи имруза ва пешомади рушди СҲШ метавон чунин натиҷагирӣ кард:                  

         а)  Дар шароити кунунӣ СҲШ яке аз аз марказҳои муҳими рушди геополитикӣ  ба шумор меравад. Асоси онро идеяҳои «Руҳи Шанхай» ё ҳамзистии оосоишта ташкил медиҳад, ки ба кишварҳои шомили Созмон имконият медиҳад, дар заминаи усулҳои ҳамсоягии нек ва ҳамкориҳои баҳамдигар судманд, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар  пеш раванд;                                                                                                                           

   б) СҲШ минтақаи муҳими ҳамкориҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад. Ин минтақа аз нигоҳи мавҷудияти захираҳои ашёи хом, бозори фуруши маҳсулоти тавлидшуда ва неру кории соҳибкасб худкифо мебошад, ки пешомади хуби иқтисодӣ онро интизор аст.  То андозаи муайян СҲШ – алтернативаи тарҳҳои   муосири иқтисодист, ки таърихан неруву захираи худро сарф кардаанд. Ва воқеият дорад, ки дар ояндаи наздик дар маҳдудаи СҲШ бозори умумии иқтисодӣ дар заминаи усулҳои муосири инноватсионӣ эҷод шавад;                          

  в) СҲШ ҳар чи фаъолона дар ҳалли масоили ҷамъиятиву сиёсии минтақа  иштирок намуда кушиш ба харҷ медиҳад, ки  бо маслиҳат ва тавсияҳои худ дар ҳалли мушкилоти дохилии кишварҳои узв саҳмгузор бошад. Баъзе коршиносон эҳтимолияти дар пешомади наздик таъсис додани Маркази ҳамоҳангсозро ҷиҳати ҳалли масоили ҷамъиятиву сиёсӣ дар қатори сохторҳои амалкунандаи ташкилотӣ баён мекунанд.  Дар ин ҳол минтақа кушиш ба суи паймони инзивогаро накарда, балки барои ҳама кушодааст ва заминаи усулу арзишҳое, ки хилофи СММ ва ҳуқуқи байналхалқӣ нестанд, ин равишро ба дигарон ҳам тарғиб мекунад;                                                                              

г) Дар шароити кунунӣ кишварҳои СҲШ, чун дигар кишварҳои дунё аз чолишу таҳдидҳои нав нигаронӣ карда, зарурияти эҷоди низомҳои нави амнияти дастаҷамъонаро ҳарчи бештар дарк менамоянд. Дар ин робита Созмон аллакай таҷрибаи мубориза бо ҷинояткории муташаккил, қочоқи маводи мухаддир, ҳалли вазифаҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манофеи шаҳрвандони кишварҳои узвро ба даст овардааст. Имрӯз раванди коркарди механизмҳои ба ҳифз аз мушкилоти эпидемологӣ, биологӣ, иттилоотӣ, озуқаворӣ ва ғайра равонашуда идома дорад;                                                  

д) Замони муосир масоили ба рушди илм, фарҳанг ва таҳсилот вобастаро ба мақоми аввал мебарорад. СҲШ тамоми имкониятҳоро дорад, ки дар ҳалли масоили зикршуда мақоми пешвоиро касб кунад. Дар маҳдудаи СҲШ метавонад муҳити гуманитарӣ ташаккул ёбад, ки формулҳои «озодии ҳар кас шарти рушди озодонаи ҳама аст» ё «шукуфоӣ дар ягонагӣ» дар заминаи усулҳои илман асоснокшуда татбиқи худро ёбанд.

Холаҳмад    Самиев.    

н.и.т, дотсент, декани

факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ. 


[1]Декларация о создании Шанхайской организации сотрудничества http://www.kremlin.ru/supplement/3406

[2] Фокус на развитие. Шанхайская организация сотрудничества отмечает 20-летие https:// rg. ru/ 2021 /06 /15/ shos-budni-iubilejnogo-goda.html

[3] Заявление Совета глав государств-членов Шанхайской организации сотрудничества о сотрудничестве в области цифровой экономики http:// ekaterinburg. chineseconsulate. org/rus/zyxw/t1831194.htm