ПАЁМИ ЗИНДАГИАФРӮЗ…

439

Истиқлол… Ваҳдат… Паём…

Истиқлолият, Паём… агар ба чунин вожаҳо сатҳӣ назар кунем пас дар ин ҳолат байни онҳо ягон хел муносибат ва алоқамандии ҷиддиро надида, ҳар кадомеро бо мазмуну муҳтавои худ метавон шарҳ доду тафсир кард. Лекин, агар бо чашми ҳақбин ба ҳарду мафҳум дида дӯхта, онҳоро дар пайвастагӣ хоҳем бишносем, дар ин сурат он қадар қаробат, ҳамоҳангӣ ва наздикиро мебинем, ки яке дигареро таҳким дода, ба ҳам нуру нерӯ мебахшанд.

Истиқлол, Паём…

Истиқлол… Оре, истиқлол ин парвози баланд андар самои беохиру рӯ ба хуршед шудан, истиқлол – рӯйи сурх, сари сабз, хонаи обод ва озодии том…

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин барпо будани давлати тамоми тоҷикони ҷаҳон, арзи ҳастӣ доштани макони орзӯҳою омолҳои чандинҳазорсолаи мардумони ин марзу бум ва амалӣ шудани нақшаҳо. Истиқлол – нуру зиёе дар партави торикиҳо…

Паём… Оре, баробари ба забон гирифтани мафҳуми «Паём» табъи шунаванда болида мегардад. Асалан ҳар як нафар дар зиндагӣ аз шунидани калима, ибораю ҷумлаҳои хубу хушоҳанг хурсанд шуда, рӯҳу ҷисмаш нерӯи тозае меёбад, аз ҷумла аз шунидани «Паём»! Ва Паём аз зумраи ҳамин хел мафҳумҳоест, ки гӯшнавозу қалбосост!

Паём… Худи ин вожа ба инсон таъсири хуб мерасонаду кас бо диққат ба ҳар Паём гӯш медиҳад…

Паём… Он ба чанд маънои асосан мусбат дарҷ гаштааст, ба мисли: «пайғом, хабар, рисо­­лат, салом, дуруд, таҳният, муборак­бодӣ; орзуи нек кардан бар касе ва муроҷиат» омада, «паём бурдану салом расонидан, пайғоми касеро ба касе бурда расондан»-у «паём гуфтанусаломрасонидан; паём додану хабар додану расондан мебошад.

Истиқлолу Паём… Паёми истиқлол…

Субҳи Истиқлол дар кишвар дамид,

Офтоби бахти мо омад падид.

Бози давлат бар сари миллат нишаст,

Халқи тоҷик бар муроди дил расид.

Ҳифз бояд кард Истиқлолро,

Ин шараф, ин шаън, ин иқболро!

Истиқлолу Паём… Оре, доираи фаҳмиши ҳар ду вожаи барои халқи мо, аллакай муқаддасу шариф, хеле доманадор буда, то ҷое ба назар чунин мерасад, ки дар дилхоҳ ҷомеаи демократӣ ва мутамаддин Истиқлолу Паём яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонаду яке бе дигаре нопурраю нокомил мемонад. Охир худ қазоват кунед: ки чӣ тавр дар як кишвар Истиқлол бе Ваҳдату Паём арзи ҳастӣ дораду Паём бе Истиқлол аз чӣ мужда медиҳад ва чӣ паёме меорад?! Хосса агар он Паёми роҳбари давлат бошад.

Оре, дар таърихи навини давлатдории Тоҷикистон пешниҳод шудани Паёми Президенти Давлат ба мақоми олии қонунгузор аллакай ба анъанаи нек табдил ёфта, он таҳлили амиқи тамоми паҳлӯҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буда, ҳамчунон дурнамои рушди кишвар мебошад. Аз ин рӯ дар беш аз бист соли охир, дар тамоми баромаду мулоқот, сӯҳбату нишастҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба Ваҳдату Истиқлолият ҳамчун маҳаки асосии тамоми пешрафти давлату давлатдории Тоҷикистон такя карда, дар ибтидо ва анҷоми суханрониҳои хеш маъмулан ҳамагонро ба он ҳидоят мекунад, ки бояд пояҳои Истиқлолияту Ваҳдат боз ҳам таҳким дода шавад.

Бале, метавон дигар тамоми пешрафт, комёбӣ, дастовардҳо ва ҳатто ҳалли мушкилоти мухталифи тамоми соҳаҳоро ба Истиқлолу Ваҳдат рабт дод. Зеро бараъло, возеҳу равшан аст, ки дар диёрамон, хушбахтона маҳз аз баракати Ваҳдат, ки он ҳам Истиқлолияти давлатиро пурқувват мекунад, мо рӯз аз рӯз ба зинаи рушде мебароем. Дигар ба касе пинҳон нест, ки мо аллакай иттифоқ, иттиҳод ва ваҳдати тамоми сокинону шаҳрвандони Тоҷикистони сермиллатро ба даст оварда, тибқи Констутитсияи хеш амал карда, ба ҳама баробарӣ ва ҳуқуқҳои озод дода шудааст.

Истиқлолу Паём… Албатта, ин осон ва саҳлу сода набуд. Он аллакай таърих шуд, як саҳифаи хотирмони таърихи навини тоҷикистониён гардид. Медонем, ки он роҳи мурракабу ноҳамвор, пурмоҷаро ва бо мавҷудияти садҳою ҳазорҳо мушкилоту монеаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ буда, аз ҳама хатарнокаш ҳатто монеаҳои сунъии сиёсӣ ба ҳисоб мерафт…

Гирбодҳо, гирдобҳо, тӯфонҳо… Оре, бе ягон хел тасвири рамзӣ Тоҷикистон он солҳо, дар оғози солҳои соҳибихтиёрӣ ба печидагию саргумиҳои зиёд рӯ ба рӯ шуд. Ҳатто аз раҳбарияти он замон, ки ягон таҷрибаи идораи мустақилона ва пешбурди умури давлати озодро надоштанд ба мушкилоти печдарпеч афтода, саргумиҳо афзуд.

Оре, он солҳои сиёҳ дар таърихи миллат ба вақти нав ба даст овардани соҳибистиқлолӣ баробари даҳҳо садду душворӣ боз аз ҳама хатарнок ҷанги шаҳрвандӣ шуду он имтиҳони ҷиддӣ гашт. Имтиҳоне, ки на ҳар миллат ва давлати навҷавон метавонад онро ба зудӣ, бо осонӣ ва бе талафот паси сар кунад. На ҳар давлат ҳоло ҳам чунин роҳро метавонад ба зудӣ тай кунаду ормонҳои миллиро амалӣ созад. Охир на танҳо халқ, балки иддае аз амалдорони вақт низ саргаранг шуда, ҳар кадоме роҳи наҷоти хеш ва наздиконро аз ин варта меҷустанду баъзан роҳи ягона ба берун, ба хориҷа рафтанро авлотар медонистанд, фирор аз кишвар! Аммо боз ҳам мардони далер, фарзандони воқеӣ аз байни мардуми тоҷик баромада бо дигар намояндагони халқу миллатҳои диёр як шуда, дар пеши худ як роҳро гузошта, ба мисли ҳамон сарбадорону сафедҷомагон «ҷон дар каф» гирифта, Ватан гуфтанду роҳи наҷоти меҳанро пайдо карданд. Оре, талафот ҳам буду шикасту рехтҳо ва он ҳама панде гашту сабақи бузурги таърихӣ!

Ҳамин аст, ки бароямон Ваҳдат хеле азиз буда, набудани ваҳдатро мо дидем, заҳри ҷудоӣ ва ғарибиро бо тамоми душвориҳояш, бо сахтарин уқубатҳояш чашидем, зинда ба зинда он солҳо бо маргу аҷал рӯбару гаштем. Ҳар рӯз ҷон ба лаб дар талвосаи ҷон будем…

Намедонам, ки наҳсӣ аз Замин ё ки зи Кайвон буд,

Зи қисмат буд, туҳмат буд ё васвоси шайтон буд,

Ба ҳар сӯ рӯканию мӯканию чашми гирён буд,

Зи ҷанги шаҳрвандӣ ғарқа дар хун Тоҷикистон буд,

Якеро ин камонбозӣ, дигарро бозии ҷон буд.

Бақои миллати тоҷик ашки нӯги мижгон буд.

Истиқлол… Ваҳдат… Паём… Оре, аввал ҳамин ваҳдат аз гуфтаю назарияҳо ба амал табдил ёфт. Он ҳама созишу гуфтушунид, нишасту такопӯ ва шабзиндадорию бедорхобиҳо чун хоби ваҳмангезу ба мисли шаби сиёҳ гузашт, талхиҳо рафту шаҳд омад, ғам рафту шодӣ омад. Дилсардиҳо бо яхҳои қалб рафту дилгармӣ насибамон шуд. Ваҳдат…

Ана ҳамин вожа чун мафҳуми Ғалабаю Зафар дар гӯшамон зангӯла зад. Зангӯлаи шодӣ, зангӯлаи ҳастии нав ва эҳёи миллати тоҷик. Бале, ба вақти баёни таҷаддуди эҳёи миллат мо ҳамаро дар назар дорем, ҳама миллатҳои Тоҷикистон, ки аллакай онҳо дар фазои тоҷикона, бо обу ҳавои тоҷикона, бо шеъру суруд, оҳангу навои тоҷикона ба дунё омада, ба воя расида, ба камолот баромадаю кору зиндагӣ доранд. Бале, он русу қазоқ, қирғизу тоҷик, немису осетин, украину ӯзбек, яҳудию тотор, гурҷию арманӣ, эстонию литвонӣ ва намояндагони дигар халқҳо, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ доштанду доранд ҳама тоҷику тоҷикистонӣ шудаанд. Оре, фаромӯш намекунем, ки диёрро ба он солҳои мудҳиш намояндагони халқҳои зиёд тарк карданд. Аммо ҳама бо чашми ҳасрату дили пурхун ва ҷигарҳои садпора. Охир, ҳар яке дар ин меҳани биҳиштӣ ватани аҷдодии худро пайдо карда, меҳру муҳаббати беандоза ба он доштанду ин кишвар низ ба онҳо ҳама чиро дода меҳробу қиблаашон гашта буд. Ин аст, ки ҳоло ҳам дар фазои фарохи интернетӣ агар аҳамият дода бошем ба вақти ҷой додани як суруди тоҷикӣ, як манзараи зебои Тоҷикистон садҳо нафар аз ҳисоби миллатҳои ғайритоҷик ба он ҳамовозӣ карда, шарҳи кӯтоҳ ва паёмаки хешро чун як меҳрномае менигораду ҷой медиҳанд. Яке менависад, ки доғистонӣ мебошаду дар Тоҷикистон таваллуд шуда, ин сароида, ин кӯҳандиёр барояш тамоми умр азиз мемонад. Дигаре мегӯяд, ки олмонисту ҳоло дар Олмон – он кишвари пешқадами аврупоӣ зиндагии шоиста ва рӯзгори хеле хуб дорад, вале ба ёди ҳамон пораи дилаш, ки Тоҷикистон номи шарифаш мебошад ҳамарӯза беқарор ҳасту аз комаш ҳамоно маззаи нони тоҷикӣ, ангуру анорҳои тоҷикӣ нарафта, борҳо дар ин муддат меҳмон шудаю аз пешрафтҳои ин диёр меболад. Савумӣ, яҳудиёни тоҷик ба ёди шашмақому савту навои тоҷикона, ба хотири гиромидошти дастархону ошхонаи тоҷикӣ ва забону маданияти мо дар шаҳрҳои пурҷамъияти Амрико ва дигар двлатҳои абарқудрати ҷаҳон як гӯшаеро, як дӯконеро, як ошхонаю тарабхона ва ё маҳаллаеро бо номҳои «Душанбе»-ю «Истаравшан», «Кӯлоб»-у «Варзоб», «Ромит»-у «Камаров», «Боми ҷаҳон»-у «Роҳат», «Саховат» ва ё бо номҳои ғизоҳои мо: «Самбӯсаи тоҷикӣ», оши палав, шашлику чӯҷабирён ва ғ… номгӯзорӣ карда, як навъ хумор мешикананд. Ҳамаи онҳо пайваста аз ҳолу аҳволи мо, аз вазъи диёр хабардор буда, аз суруду навоҳои тоҷикона ҳаловат мебаранд. Сӯҳбату гуфтушунид, ҷашну сури тоҷикӣ доранд…

Истиқлолу Паём… Бале, дар ин муддат мо ҳамасола дар охири сол Паёми навбатии роҳбари давлатро мешунавем, аз пешрафтҳо хабардор мешавем, маълумоти дурустро ба даст мегирем, роҳҳои ҳалли масъалаҳоро дармеёбем ва шукргузор мешавем, ки акнун Ваҳдат побарҷосту Паём бо қудрату тавони дигар устуворона гом мезанад.

Оре, маҳз рӯйи ваҳдату истиқлолият акнун Паём ҷилои дигар дораду мо дар он сол аз сол пешрафтҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва беҳбудии рӯзгорро мешунавему дар воқеият онро дар амал татбиқ мекунем. Худи Паём дар солҳои охир воқеияти Истиқлолу рушди давлати Тоҷикистон шудааст. Охир, ба ҳама маълум мебошад, ки дар ҳар як Паёми роҳбари давлат акнун мо рушду пешрафт ва комёбиҳоро дидаю хонда ва шунида, инчунин аз дурнамои ояндаи хеш огоҳтар мегардем. Бале, маҳз аз ваҳдату сарҷамъӣ ва пешрафтҳои мамлакатамон имкон дорем, ки акунун ба иқдомҳои беназири ҷаҳонӣ даст занем. Мушкилоти пештараро бартараф кунему ба оянда гомҳои устувор гузорем. Аз ҷумла дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол, аз санаи 26-уми январ зикр гашт, ки: «Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад!». Бале, мо дар арафаи як иди муҳташаму бузург қарор гирифта, омодагиҳо ба он ҷиддӣ мебошад. Новобаста ба оне, ки соли 2020 дунёро бемории сироятии коронавирус фаро гирифта, оқибатҳои ногувораш дар ҷаҳон ҳамоно идома дорад, мо дар як қатор самтҳо ба муваффақият ноил шудем. Тавре роҳбари давлат дар Паёми хеш изҳор намуданд пеш аз ҳама Ҳукумату Давлат ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ «буҷети давлатиро барои соли 2020 бознигарӣ карда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйироти дахлдор ворид» намуданд. Ба соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла барои «хариди доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шуданд». Тавре ҳамватанон худ тавассути ВАО, хусусан аз радио ва телевизионҳои давлатӣ огоҳ шуданд дар диёрамон зиёда аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар гардида, иловатан дар 92 муассисаи тиббӣ 16 ҳазор кат омода карда шуд. Дар Паёми сарвари давлат ҳамчунин вобаста ба ин ҳолат таъкид шудааст, ки: «Барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ аз 1–уми сентябри соли 2020 нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 15 фоиз, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд гардида, нафақаи гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, 50 фоиз зиёд карда шуд. Бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ майдони кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати даҳҳо ҳазор гектар афзоиш дода шуд».

Ба давоми Паёми хеш роҳбари давлат изҳор карда буданд, ки: «Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Дар ин давра 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард

Истиқлолу Паём…Оре, он нидои нишотафзо гашта, пеш аз ҳама аз кишвари озода, аз мардуми осуда, аз диёри рӯ ба рушд хабар медиҳад. Истиқлолу Паём… Бале, дар он ҳар сол як паёме, як пайкеро аз рӯзгори хеш мешунавем ва худ мебинем, ки маҳз боз ҳам Истиқлол ҳамчун таҳкурсӣ устувор мешаваду рӯйи он дастовардҳо меафзояд. Дар фарқият аз Паёми соли пешин имсол роҳбари давлат баён карданд, ки: «Танҳо дар соли 2020–ум 29 созишномаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 10 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуд, ки барои беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, бунёди иншооти соҳаи маориф, рушди деҳот, сохтмону барқарорсозии роҳҳо ва иншооти энергетикӣ равона гардидааст.» Як хушхабари дигар ин буд, ки: «Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди он 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст. Ҳоло дар ин самт боз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 16,4 миллиард сомонӣ татбиқ гардида истодааст. Дар ин давра зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ аз 17 миллиард киловатт – соати соли 1991 ба 21 миллиард киловатт – соат дар соли 2019 афзоиш дода шуд».

Паём… ба назар дар ин мавридҳо офтоб нурпошӣ дорад, фасли сол накҳату гармӣ, хурсандӣ ва зебогӣ мебахшад. Мардуми ин диёр хуррамтар

мешаванд.

Паём… Паём мерасад… Ғулғулаи шодифизо баландтар мегардад, зеро Паём дар ҳақиқат аз он мамлакате садо медиҳад, ки он миллати сарҷамъ дошта, корҳои бунёдкорӣ идома доранд. Онҷо бӯстонҳо бунёд мегардад… Онҷо, ки гулистонасту чаманистон ҳаст, пас онҷо гул ҳасту булбул, ошиқ ҳасту маҳбуба, дил ҳасту қалби саршор аз меҳри Ватану ватандорӣ… Хизмат ба кишвар кардан, ҳифзи давлатро воҷиб донистан, дар ҳимояи он будан, меҳанро ободтар сохтан инҷо давом дорад…

Паём… Паём мешунавем… Дар ин сарзамин боғистонҳо сарсабз мешаванд. Онҷо, ки боғистонҳо мавҷуд ҳаст пас дар ин макон меҳнати ҳалолу ҷонфидоӣ, арақи ҷабин рехтанҳо ба хотири пешрафти ватан идома меёбад. Ва ин боғистонҳо ҳосили фаровон медиҳаду мардум шаҳде мегиранд.

Паём… Мо дар ин мафҳум даъвату хитобае ба корҳои бузург, ба сохтмонҳои азимро эҳсос мекунем, қатор-қатор одамон, саф-сафи мардумро мебинем, ки бо нияти нек, бо дили гарму қавӣ даст ба дасти ҳам дода, гирди ҳам омада, муттаҳид шудаанд ва дар якҷоягӣ корҳои азимеро иҷро менамоянд. Роҳу пулҳо, нақбу купрӯк, коргоҳу корзорҳоро дар якҷоягӣ месозем.      

Истиқлолу Паём, Паёми Истиқлол… Бале, акунун ҳамагон медонем, ки талошҳои роҳбарияти Ҳукумату давлат барои некӯаҳволии мардум равона шуда, ин ҳама аз оромию осудагӣ дарак медиҳад.

Истиқлолу Паём… Бале, дигар ин ҳарду вожаю мафҳумро наметавон дар таърихи муосири Тоҷикистон аз якдигар ҷудо дарк карду ҷудо намуд. Охир он яке ба мисли тану дигари ба монанди ҷон, яке рӯҳу дигаре ҷисм шуда, дар ҳақиқат маҳз Ваҳдат ва истиқлоли комили мардуми диёр мебошад, ки ҳамаи мо ба он дастоварду комёбиҳои калон ноил шуда, лоиҳаю нақшаҳои бузурги дохилӣ ва ҷаҳонро амалӣ мекунему ба музаффриятҳои нав ва рӯзгори шоиста мерасем. Бале, танҳо ваҳдат ва истиқлол заминаи ҳама ба зинаҳои баланди мақсуд баромадан буда, бигзор он ҷовидон бошаду ин ҳама Паёме гардад. Чунин ҳам мешавад, дар ин масир устуворона равонем. Ҳамагон хушҳол ва хушбин ҳастем, ки ҳама паҳлӯҳои Паёми Сардори Давлат мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор мегирад ва барномаи амали ҳар як фарди ғамхору дилсӯзи Ватану миллат мегардад!

Дотсенти  кафедраи мутолиоти шарқи

факултети муносибатҳои байналхалқии дмт

Тупалов Ғ.Ш.