Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун шакли ифодаи рушди давлат

762

Паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи муассири таъсир ба ташаккули дастури сиёсӣ ва самти сиёсии замонасозии давлат мебошанд.

Пешвои миллат тавассути Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ дастури сиёсиро ифода менамояд, масъалаҳои асосии давлат ва роҳҳои ҳалли онҳоро муайян месозад, ба мақомоти қонунгузорӣ ва иҷроияи ҳокимият доир ба амалисозии самти таъйиншуда дастур медиҳад, фаъолияти онҳоро, аз ҷумла оид ба татбиқи чораҳои пешниҳодшуда дар Паёмҳои пешина арзёбӣ менамояд. Ба ин тартиб, бояд таъкид намуд, ки Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли ифодаи самти сиёсии рушди давлат мебошанд, яъне ҳамон тавре ки дар лаҳзаи мазкури мушаххас онҳоро мебинад.

Бояд гуфт, ки Паёмҳо дар сарнавишти давлат нақши муҳим дорад. Бояд масъалаи омӯзиши Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавзӯи корҳои курсӣ, дипломӣ ва диссертатсионии донишҷӯён, магистрҳо, аспирантҳо ва тамоми соҳаҳои илм дар муассисаҳои таълимии ватанӣ дохил карда шавад.

Дар адабиёти илмӣ нисбат ба Паёмҳо шаклбандии бисёр вуҷуд дорад. Масалан, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки намояндагони мактабҳои илмӣ дар роҳи омӯзиши падидаи мазкур аввалин саъю талошро карда истодаанд. Бояд таъкид намуд, ки ба сурати анъанавӣ дар миёни олимон дар мавриди муайян кардан ва таъриф намудани ин ниҳод нуқтаи назари гуногун вуҷуд дорад.

Гӯрӯҳи аввали муҳаққиқон чунин мешуморанд, ки Паёми Президент «ваколати конститутсионӣ» мебошад. Гурӯҳи дигари олимон онро «як шакли фаъолияти» Президент мешуморанд. Гурӯҳи севуми олимон Паёмро «воситаи сиёсати президентӣ» ё «санади сиёсию ҳуқуқии стратегӣ» ҳисоб мекунанд. Гурӯҳи чоруми таҳқиқгарон Паёмро «ҳуҷҷати сиёсии иртиботӣ» медонанд, ки ба воситаи он сарвари давлат роҳбарии сиёсиро амалӣ сохта, ба Маҷлиси Олӣ, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеа муроҷиат мекунад.

Дар Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳо оид ба вазъи умумии давлат баррасӣ мешаванд, мавқеи расмӣ нисбат ба масъалҳои мубрами ҳаёти имрӯза муайян карда мешавад, дарки президентӣ аз воқеияти сиёсӣ, усули ҳалли масъалаҳо пешниҳод мешаванд, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат муайян карда мешаванд ва аз корҳои иҷрошуда натиҷагирӣ мешавад. Ҳамзамон, ниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин аломатҳоро доро аст:

Аломати нахустини муҳимми Паёмҳои Пешвои миллат бо мақоми конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколат дар Ҳукумат, ҷойгоҳи афзалиятноки дар низоми ҳокимият ва амалияи сиёсӣ вобаста аст. Мутобиқи ин матлаб ва бо як силсила сабабҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ нуктаҳои Паём барои ҳокимияти иҷроия ҷанбаи ҳатмӣ дорад. Фаъолияти қонунгузории Маҷлиси Олӣ бо дарназардошти вазифаҳои афзалиятноки зикршуда дар Паёмҳои ҳарсолаи Президент амалӣ мешавад.

Аломати дувуми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки он ҷанбаи инфиродӣ дорад, яъне аз шахсияти сиёсии сарвари давлатро дар замони мушаххаси таърихӣ иҷро мекунад, вобаста аст. Бояд таъкид кард, ки ба як силсила сабабҳо, сиёсати давлатии ҳар кадоми онҳо аз нигоҳи моҳият ва аломат аз сиёсати роҳбари пешина фарқ мекунад.

Аломати севум ва муҳимтарини Паём чун санади сиёсии дорои ҷанбаи стратегӣ нақши ҳидояткунандаи он нисбат ба тамоми сиёсати давлатӣ ва нисбат ба иштирокчиёни дигари идораи давлатӣ мебошад. Дар Паёмҳо вазифаи муттаҳидаи тамоми мақомоти давлатӣ дар доираи самти ягонаи муайянкардаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб ба мушоҳида мерасад.

Вобаста ба ин, Паёмро метавон чун зуҳури уҳдадории сарвари давлат оид ба таъмини фаъолияти мувофиқашуда ва ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ баррасӣ кард.

Дар Паём масоили мубрами сиёсӣ (дохилӣ ва байналмилалӣ), масъалаҳои сохти сиёсӣ ва иқтисодӣ инъикос меёбанд, ба сиёсати иҷтимоӣ, масъалаҳои демографӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як консепсия аст.

Тавассути Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ Президент ба сатҳи баландтари консептуалӣ мебарояд. Ин имкон медиҳад, ки аввал сохтмони мустаҳками рушди ояндаи Тоҷикистон тарҳрезӣ шавад, то ин ки минбаъд қадамҳои мушаххас бардошта шаванд, ки бо якдигар мухолифат намекунанд, ба якдигар монеа намерасонанд ва ба консепсияи умумии сиёсӣ мутобиқат мекунанд ва мувофиқанд.

Амалан дар ҳар як Паёми Пешвои миллат на танҳо вазъи кишвар ва ҷаҳон арзёбӣ мешавад, балки афзалиятҳо, аз ҷумла афзалиятҳои дарозмуддат дар соҳаи иҷтимоӣ, дар иқтисод, дар сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ, дар соҳаҳои амният ва мудофиа муайян карда шудаанд. Ин моҳиятан рушди мушаххас, асосӣ ва нақшаи консептуалии рушди Тоҷикистон мебошад. Ва мисли ҳар гуна барнома ва консепсия амалисозии кори созандаи тамоми ҷомеа, талошҳоро талаб менамояд.

Яке аз вазифаҳои Паёмҳои Президент ин муколима бо мардум, «ба забони мардум» гап задан ва ба мардум расонидани иродаи давлат мебошад. Аҳаммияти Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандон аз он иборат аст, ки онҳо метавонанд аз мавқеи сарвари давлат оид ба самтҳои асосии амалисозии сиёсати давлатӣ огоҳ шаванд ва нишонаҳои бунёди ҳаёти давлат ва ҷомеаро дар дурнамои наздик фаҳманд ва дарк намоянд.

Нуриддин П. Р., номзади илмҳои сиёсӣ