«Омили минтақавӣ дар сиёсат ва робитаҳои байнидавлатӣ дар ибтидои асри XXI»

689

Кафедраи минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, санаи 6-уми октябри соли 2021 Конференсияи ҷумҳуриявии илмию – назариявиро дар мавзӯи «Омили минтақавӣ дар сиёсат ва робитаҳои байнидавлатӣ дар ибтидои асри XXI» баргузор менамояд.

Ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани конфронси мазкур дар кори он олимон ва мутахассисон аз макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони идораву муассисаҳои давлатӣ даъват карда мешаванд.

Зимни баргузории конфронс таҳлилу баррасии масъалаҳои зерин дар назар аст:

  1. Зарурати рушди равобити минтақавӣ дар ибтидои ҳазораи нав;
  2. Таҳлили самаранокии омили минтақавӣ дар сиёсат ва робитаҳои байнидавлати кишварҳо дар ибтидои асри XXI;
  3. Мушкилоти минтақагароӣ: аз назария то амалия;
  4. Нақши қудратҳо дар таҳкими равобити минтақавии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: мушкилот ва дурнамо;
  5. Самти минтақавии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон: дурнамои рушд.

Макони баргузорӣ: ш. Душанбе, шаҳраки донишҷӯён, бинои № 11, факултети муносибатҳои байналхалқӣ.

Забонҳои конфронс: тоҷикӣ ва русӣ.

Хоҳишмандон метавонанд барои иштирок дар кори конфронс ба кумитаи тадорукот бо рақамҳои 985485846, 918685636 муроҷиат намоянд.