НУФУЗИ НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ

57

Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ омили муттаҳидсози халқу миллатҳо ва таҳкимбахши сулҳу ваҳдат дар тамоми олам мебошад. Ин ҷашни фархунда ва бостонии миллиамон бо пайки наку ба табиати куҳандиёрамон ҳусни нав, ба хонадони мардуми кишварамон шодиву нишот ва файзу баракат, ба дили пиру ҷавон умеду орзуҳои наҷиб ҳадия меорад.

Ин ҷашни аҷдодӣ бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардид. Дар ин бора Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд, ки «Ҷашни Наврӯз барои миллати фарҳангдӯсту тамаддунсоз ва хуршедпарвари мо дар ҳама давру замон муқаддас буд».

Эҳёи суннат ва ойинҳои наврӯзӣ дар замони имрӯз, ки чун маҳсули ҷашнвораи беназири Наврӯз ба унвони паёми мардумони форсизабон ба оламиён ҳукми ҷаҳонӣ гирифтааст, муҳимтарин падидаи фарҳанги миллатҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз хоҳад буд. Шояд ҳамин рӯйкарди муносибати таърихӣ бо миллату ақвом ва чунин доду ситадҳо буда, ки ҷаҳон ин ҷашни бузурги мардумони форсизабонро ҳамчун фазилати беназири таърихӣ ва дастури бебадали ахлоқӣ барои тарбияти фикриву маънавии мардумон пазируфта ва имрӯз Наврӯз муҳимтарин унсур ва рукни тамаддуни ҷаҳонӣ гардидааст, ки ин матлаб дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чандин анҷуманҳои маҷмааи Наврӯзи байналмилалӣ борҳос садо дод.

Боиси хушнудию сарфарозист, ки дар Сессияи 64-уми Ассамбляи Генералии СММ дар чаҳорчӯбаи «Тамаддуни ҷаҳонӣ» аз 23 феврали соли 2010 Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт. Аз ҷониби ташкилоти СММ ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замонҳои қадимтарин ниёгони мо ба тараннуми фалсафаи ахлоқ ва одоби ҳамидаи инсонӣ машғул буда, тавассути ин ҷашн низ паёми ваҳдату муҳаббат, покию саодат, зебоию нафосат ва ватандӯстию ватанпарвариро ба мардум мерасонданд.

Наврӯз бо фарорасии баҳор кулбаву кошонаи моро нуру зиё мебахшад, дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуро бедор месозад. Бо нафаси мубораки хеш адовату кинаро аз замири мо дур месозад, меҳри бародарӣ, шафқату меҳрубонӣ ва хайру саховатро дар дили ҳар яки мо меангезад.

Шинохти Наврӯз ба унвони паёми зиндагисози меросбарони он ба ҷаҳониён, аз ҷумла тоҷикон баробари ҳукми ифтихор ва сарбаландӣ будан, рисолати беназиреро пешорӯи мо дар масири эҳё, таблиғ ва маърифати фаротари ҳар яке аз суннат ва оинаҳои хоси он во мегузорад. Вусъати Наврӯз ва падидаҳои нодири он ба ҳаддест, ки ҳатто сокинони рустову гузару маҳаллот аз шаҳру вилоятҳое аз мамолики форсизабон дар амри ғаномандии фарҳанги беназир дар ҳадди аносири хоси такя бар пиндору гуфтору рафтори нек аз худ ибдоъ кардаанд, ки имрӯз чун махсусияти мунҳасир ба фарди фарҳангии он рустову маҳаллу вилояту минтақаи Тоҷикистон ва кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз эътироф шудаанд.

Бар ин асос, фароҳамоварӣ, таҳқиқу таблиғ ва дар ин замина мусоидат бар эҳёи чунин суннатҳои нодир ва беназири фарҳанги Наврӯз вазифаи муқаддаси ҳар нафар аз аҳли пажӯҳиш дар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ба шумор меравад. Баргузори ҳамоиши адибони кишварҳои ҳавзаи наврӯз, ки бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Тоҷикистони азизи мо соли 2016 бо ҳузури адибон ва пажӯҳишгарони мамолики меросбари Наврӯз нахустин бор сурат гирифт, баробари муаррифии Наврӯз ба унвони ҷашни ваҳдатоин, тамоюлҳои тозаеро дар шинохти бештари ягонагии фарҳанги Наврӯзи ҳамзабонон ва меросонбарони муштараки он, инчунин маърифати амиқтари суннатҳои ин ҷашни куҳан дар саросари марзҳои он руи роҳ хоҳад гузошт.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди Наврӯзро иди озодагон ва саховату ҷавонмардӣ номида, дучанд гардидани ҳиммати меҳанпарастию ятимпарварӣ ва саховатмандиро дар ин айём чунин баён намудаан: “Мардуми мо дар ҷашни Наврӯз бо меҳру шафқат сӯйи якдигар оғуш мекушоянд, ба айёдати пирону барҷомондаҳо мераванд, дасти ятимону бепарасторонро мегиранд ва саховату ҷавонмардиро вазифаи муқаддасу қарзи инсонии хеш мешуморанд.

Хушбахтона, тули солҳои Истиқлоли кишвар дар баробари эҳё намудани анъанаву суннатҳои наврӯзӣ Пешвои миллат таъкид медорад, ки мардуми заҳматпешаву созандаи мо тибқи анъанаи нек миллионҳо ниҳолу гул мешинонанд, боғу токзор бунёд мекунанд, бинову иншооти иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ сохта, ба истифода медиҳанд.

Ин ҷашни умумимиллӣ барои халқи мо мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст. Боиси ифтихор аст, ки дар поку беолоиш ва бегазанд ба насли имрӯз расонидани ин суннати бисёр гиромии таърихӣ саҳми фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, махсусан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург мебошад.

Наврӯзи оламафрӯз рузгори одамиро пайваста поку ғанӣ ва сабзу хуррам нигоҳ медорад, пайваста ба сарзаминҳои нав ба нав доман паҳн мекунад ва густариш меёбад.

Ҷамшед Абдуллоев, дотсенти кафедраи минтақашиносиифакултети муносибатҳои байналхалкии ДМТ