Нақши забони англисӣ дар муносибатҳои байналмиллалӣ

631

       Раванди забони англисӣ дар факултети  муносибатҳои байналмилалӣ барои қонеъ кардани ниёзҳои донишҷӯён дар омӯзиши забони англисӣ бо ҳадафҳои мушаххас тарҳрезӣ шудааст. Ва ин имконият медиҳад, ки малакаҳои забони англисии донишҷӯён ба таври коммуникативӣ ва пурмазмун дар заминаи таълимӣ инкишоф ебад. Муносибатҳои байналмилалӣ бо ҳамкории дастаҷамъии ҷомеаи байналмиллалӣ равона шудааст, ки миллатҳо ва давлатҳои алоҳида, созмонҳои байниҳукуматӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, аз қабили Табибони бидуни марз, корпоратсияҳои фаромиллӣ ва ѓайраро дарбар мегиранд.

             Муносибатҳои Байналхалқӣ инчунин як шохаи  соҳаи сиёсатшиносӣ ба шумор рафта, бо омӯзиши ин муносибатҳо машғул аст. Ҳамчун як фанни таълимӣ, он доираи васеи соҳаҳои таълимиро, аз таърих то омӯзиши муҳити зист фаро мегирад.

           Одамон ба омӯхтани ҷаҳон ва муошират бо ҳукуматҳо ва фарҳангҳои дигар шурӯъ кардаанд, ки бе забони байналмилалӣ, яъне бе донистани забони англисӣ ба амал тадбиқ карданаш амри маҳол аст.

           Масалан, чунин ташкилотҳо, монанди ширкати “Holland” , “East of India” дар қатори аввалин кор-поратсияҳои сермиллат буданд, дар айни замон намояндагони ҳукуматҳои гуногуни Европа бо ҳукуматҳои хориҷӣ  барои бастани созишномаҳои тиҷоратӣ ва муҳокимаи масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мулоқотҳо мегузаронанд.

            Тавре ки шумо тасаввур карда метавонед, ин муносибатҳо метавонанд бениҳоят мураккаб бошанд. Онҳоро баъзан ҳамчун “муносибатҳои хориҷӣ” низ меноманд ва мутахассисони ин соҳа бо чунин масъалаҳо, аз қабили таъмини кормандони муассисаҳои дипломатӣ дар хориҷа, машварат додан ба соҳибкороне, ки мехоҳанд дар хориҷи кишвар филиал ифтитоҳ кунанд ва кумак ба созмонҳои ғайриҳукуматии хайрия дар намояндагиҳои худ дошта бошанд, машғул мешаванд. Ва аз ҳамин лиҳоз донистани забони англисӣ ба пешравии шахс ва ҷомеа зарур аст.

             Чи хеле, ки қайд кардем забони англисӣ яке аз забонҳои расмӣ ва кории СММ ва дигар созмонҳои бузурги ҷаҳонӣ мебошад. Он барои муносибатҳои байналмилалӣ истифода мешавад, гуфтушунидҳо ва мулоқотҳо гузаронида мешаванд, дар ҳуҷҷатгузориҳо ва  ҳамкории байни кишварҳо истифода мешавад.

                Донишҷӯён аксар вақт муносибатҳои мушаххасро меомӯзанд, то дар бораи онҳо маълумоти бештар гиранд ва онҳо метавонанд масъалаҳои глобалии ба вуҷуд омадаро ҳамчун як қисми доимии таҳсилоти худ баррасӣ кунанд. Бисёре аз мутахассисони ин соҳа низ дар хориҷа вақт мегузаронанд, муносибатҳои байналмилалиро аз як паҳлӯи дигар меомӯзанд ва ба омӯзиши мушаххаси минтақавӣ машғул мешаванд. Бисёре аз муассисаҳои таълимии саросари ҷаҳон барои одамоне, ки мехоҳанд дар ин соҳа тахассус дошта бошанд, дар баробари созишномаҳои ҳамкорӣ дар хориҷа, ки барои васеъ кардани ҷаҳонбинии донишҷӯён мусоидат мекунанд, пешниҳодҳо мекунанд. Мақсади дарсҳо омода кардани донишҷӯён барои истифодаи забони англисӣ дар фаъолияти ояндаи касбӣ мебошад.

          Донистани Грамматика дар тарҷумаи мавзўъҳои дипломатӣ ва сиёсӣ  мусоидати хело бузург дорад ва баъзе  қайдҳоро дида мегузарем.

          Дар замони муосир агар рутба, мартаба, вазифа, унвон ва гайра пеш аз исм биеяд тамоюл ба истифода набурдани артикл ба миен меояд. Агар дар матни забонҳои русӣ ва точикӣ мартабаи пуррае, ки вазифа ё унвонро дар назар дорад ва пеш аз номи шахс дода шуда бошад, он гоҳ ҷумлаи забони  англисиро аз насаб (фамилия) сар  кардан даркор аст.

Масалан:

           Дирўз вазири корҳои хориҷӣ, Ч.Смит барои боздиди расмӣ ба Mадрид омада расид.

    G. Smith, Foreign Minister, arrived in Madrid yesterday for an official visit.

    Вчера в Мадрид с официальным визитом прибыл министр иностранных дел Дж. Смит

             Дар вакти тарҷума аз забонҳои русӣ ва точикӣ ба забони англисӣ  калимаҳо ба мисли «масъала, кор, проблема ва ѓ.» факат дар холате , ки ба иваз шудани маъно таъсир нарасонанд партофта мешаванд.

Байни вазирони корхои хоричӣ оиди масъалаҳои муносибатхои дучониба гуфтушунид барпо гардид.

The foreign Ministers had talks on bilateral relations.

Между министрами иностранных дел состоялись переговоры по вопросам двусторонних отношений.

Ибораи дигареро дида мебароем.

     –  Сардори ҳукумат – Head of government тарҷума мешавад.

      –  Сарони ҳукуматҳо –Heads of government. Диққат ба он диҳед, ки дар ин ибора исми “government” дар шакли танҳо ва бе артикл истифода бурда мешавад. Агарчанде, ки дар забони точикӣ ва русӣ дар шакли чамъ меоянд.

     – Главы правительств, Сарони хукуматхо – Heads of government.

           Донистани забон маънои донистани дунёро дорад. Аз ин рӯ, донишҷӯён бояд забони англисиро, ки забони байналмилалӣ ба хисоб меравад хуб донанд. Яъне гуфтаанд: – «Забон донӣ ҷаҳон донӣ».

Адабиет.

Борисенко И.И., Евтушенко Л.И. Английский язык в международных документах. Москва -2013.

Шитарева Т.В., Косоплечева Т.А., Абдулхаева М.Х. Курси интенсиви барои дипломатхо.  Душанбе -2021.

Абдулхаева Маърифат Хочаевна

Муаллимаи калони кафедраи «Мутолиоти аврупоӣ»