Мубрамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар замони муосир

2254

                                                     Зарур аст, ки таълими забонҳои хориҷӣ,

                                                     махсусан, русиву англисӣ дар тамоми

                                                     факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз

                                                     ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.

                                                                                             Эмомалӣ Раҳмон

Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди бархӯрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ қарор дорад. Ин раванд ҳар як сокини сайёраро вазифадор менамояд, ки аз забонҳои хориҷӣ огаҳ бошад, зеро ягона воситаи ҳифзи арзишҳои миллӣ, ин донистани забонҳои хориҷӣ мебошад. Дар шароити кунуни забонҳои хориҷӣ, бахусус англисӣ ва русӣ, забонҳои байналхалқӣ, забонҳои техника ва технологияҳои нав ва забонҳои муоширати байни миллатҳо ба ҳисоб мераванд. Аз ин лиҳоз Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама вохӯриҳо ва сӯҳбатҳояшон пайваста оид ба омӯзиши ин забонҳо таъкид менамоянд.

Дар даврони истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон ҷойгоҳи вижаеро касб намуда, узви комилҳуқуқи як қатор созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, иститутҳои молиявӣ буда, ин чунин бо зиёда аз 180 кишварҳои олам муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи дипломатиро ба роҳ мондааст, ки ин омил дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳамаи муттахасисонро новобаста аз касбу корашон водор менамояд, ки манфиатҳои давлат ва миллатро дар сатҳи байналмиллалӣ муаррифӣ ва ҳифз карда тавонанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии «Дарҳои боз»-ро пеш гирифта, дар ҷаҳон ҳамчун давлати накухоҳ, сулҳпарвар ва ташаббускор шинохта шудааст. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори давлатҳои амнтарини ҷаҳон мақом гирифтааст, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷик аст.

Дар Паёми имсолаашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ки рӯзи 21-12-21 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ бори дигар диққат дода, хотирнишон намуданд, ки ӽар як ҷавони тоҷик  бояд  ҳади ақал   ду забон  (англисӣ ва русӣ)-ро аз худ намоянд: «Зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад».

 Бешак, ин  суханони падаронаи Президенти маҳбубамон аз ҷониби ҷавонон хуш пазируфта шуда, боиси ояндаи дурахшони ҳар яки онҳо    мегардад. Гётеи бузург қайд намудааст, ки «шахсе, ки ду забони хориҷиро медонад вай арзиши ду инсонро дорад».

Ба ақидаи таҳлилгари масоили маркетинги байналхалқии даниягӣ Йеспер Кунде (Jesper Kunde) муайян намудааст, ВАОи байналхалқӣ ба монанди CNN, CBC Worldwide, MTV, NHK, BBC ва CNBC пайдоиши ақидаҳоро дар сатҳи ҷаҳонӣ идора менамояд. Дар натиҷа ин раванд боиси он мегардад, ки ширкатҳо бояд муттахасисони сатҳи олии забондон дошта бошанд, ки дар ВАО – и байналмиллалӣ тавонанд аз брендҳои машҳури худ ҳимоят намоянд.

Бояд қайд намуд, ки донистани забонҳои хориҷӣ ба муттахсис имкониятҳои зеринро медиҳад: яъне ҳамгироии фаъолият бо низом ва анъанаҳои дигар мамолик; имконияти фаъолият дар шароити бисёрфарҳангӣ; имконияти пешбурди тиҷорат ва муносибат бо шарикони хориҷӣ; малакаи баргузории гуфтушунид, бахусус гуфтушунид дар фазои бисёрзабонӣ; имконияти миёнаравӣ ва миёнҷигарӣ дар ҳалли масъалаҳои баҳсбарангез ё корӣ; имконияти кор дар ташкилотҳои хориҷӣ; имконияти ҷалби сармояи хориҷӣ; имконияти бо муваффақ муаррифии лоиҳа ва ё ширкати худ дар дилхоҳ намоишгоҳ ё конфронсҳои сатҳи гуногуни хориҷӣ.

Дар замони муосир мубрамияти бештарро муколамаҳо дар шароити бисёрфарҳангӣ касб намудааст, ки ҳангоми баргузории конфронсҳои байналхалқӣ, симпозиумҳо ва ҷаласаҳо, иштирокчиён ба мушкилоти забонӣ бар мехӯранд, ки дар чунин мавридҳо нақши асоси бар дӯши забони англисӣ меафтад, зеро забони англисӣ забони гуфтугӯи байни миллатҳо эътироф шудааст. Бояд қайд намуд, ки барои 600 миллион инсон забони англисӣ ё забони модарӣ ва ё забони дуюм дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Яку ним миллиард, яъне 30 % аҳолии ҷаҳон бо забони англисӣ гап мезананд. Бештар аз 75 % мактубҳои дипломатӣ (мактуб, почтаҳои электронӣ) ва беш аз 90 % хабарҳо дар сомонаҳои интернетӣ бо забони англисӣ ба роҳ монда мешавад.

Муҳақиқ С.А. Карасёв қайд менамояд, ки дар асри 21 эҳтимоли пайдоиши падидаи бемисли лингвистӣ, яъне «забони англисӣ байналмиллалӣ» мавҷуд аст, ки он фарогири ҳамагуна лаҳҷаҳои миллии забони англисӣ мебошад. Ӯ инчунин қайд менамояд, ки густариши истифодаи забони англисӣ дар соҳаҳои ВАО, реклама, филмсозӣ, навъҳои мухталифи мусиқӣ, туризм, бизнеси байналхалқӣ, (ташкили системаи забонии ягона – Seaspeak, Emergency Speak, Airspeak), маориф, муоширати байналмиллалӣ барои мавқеи хосса пайдо намудаи забони англисӣ замина эҷод менамояд.

Чи тавре ки Н. А. Багдасарова дар пажуҳишҳои худ ишора менамояд, дар замони муосир зарурати забони ҷаҳонӣ (глобалӣ) пеш аз ҳама дар соҳаи илмию академӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ ҳис карда мешавад. Олимони бисёре аз давлатҳои ғайри англисзабон забони англисиро забони модарии илмӣ барои чопи маводҳои илмияшон меҳисобанд. Агарчи дар даврони пас аз ҷангӣ 15 % корҳои илмӣ дар соҳаи илмҳои табиӣ бо забони англисӣ чоп шуда бошад, то солҳои  1990  ин рақам ба 57,6 % расид ва дар айни замон ин шумора ба 80 % омада расидааст.

Олимон ва муҳақиқони муосир кӯшиш менамоянд, ки дастовардҳои илмии худро дар маҷалаҳои англисӣ нашр намоянд, зеро ин амал ба онҳо имконият медиҳад, ки ба индекси иқтибосии илмии амрикоӣ (SCI) роҳ ёбанд.

Забони англисӣ дорои вожаҳои зиёд ва сохтори грамматикии содда мебошад. Дар ин забон ибораҳои дароз ва хусусиятҳои мураккаби риторикӣ дида намешавад. Забони англисӣ бештар чун забони наср маҳсуб меёбад.

Чи тавре ки Д. Кристал (D. Crystal) қайд менамояд, забони англисӣ забони гуфтугӯи ҷаҳонӣ дар соҳаи муколамаҳои коргузорӣ қабул гардидааст ва ин забон то ҳаде табодули ақидаҳоро байни гуруҳҳои алоҳида дар саросари ҷаҳон осон гардонидааст. Бояд қайд намуд, ки дар Британияти Кабир ширкатҳои омӯзиши муттахасисонро барои омода намудани суханварӣ бо шеваи ноби англисӣ дар доираи ҷамъомадҳои корӣ бо шарикони хориҷӣ, барои баланд бардоштани мавқеи ширкати худ, омода менамоянд, зеро забони англисӣ чун забони расмии иттиҳодияҳои байналҳалқӣ низ амал менамояд ва ширкатҳои машҳур (Philips, Bosch, Apple, Sumsung, Toshiba в.ғ.) дар фаъолияти худ забони англисиро мавқеи авалиндараҷа додаанд. Анқариб 50 % ширкатҳо дар Аврупо, байни худ бо забони англисӣ суҳбат менамоянд. Барои мисол ширкати Philips ширкати байналмиллалии ҳоландӣ мебошад, ки дар он чун забони муоширатӣ забони англисӣ амал менамояд на забони ҳоландӣ.   

Чунин мисолҳоро зиёд овардан мумкин аст, ки ҳама аз балоғату фасоҳати забони бисёр ҳам муҳими олам – забони англисӣ дарак медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки шавқу рағбати донишҷӯён бобати омӯзиши забонҳои хориҷӣ (англисӣ ва русӣ) нисбати солҳои пеш даҳҳо маротиба афзудааст. Дар рушду инкишофи тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии хоҷагии халқи кишвар  нақши дастони пурэъҷози ҷавонон назаррас аст. Боварӣ дорем, ки ҷавонони саодатманди тоҷик суханҳои падаронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ намуда, мутахассисони варзида ва мувофиқу мутобиқ ба бозори рушдёбандаи  меҳнат ба камол мерасанд.

Мудири кафедраи мутолиоти

аврупоии факултети

муносибатҳои байналхалқӣ,

дотсент Наҷмиддинов А. Ф.