МАКТАБИ МОДАР

60

Замину осмон аз модарон аст,

Биҳишти ҷовидон аз модарон аст.

Ҷаҳон бе модарон рӯзе надорад,

Ҳама рӯзи ҷаҳон аз модарон аст.

Воқеан ҳам, ҷаҳони имрӯзро дар пешрафти дилхоҳ соҳа бе иштироки занону духтарон тасаввур кардан ғайри имкон аст. Имрӯзҳо худ шоҳиди он ҳастем, ки нақши занон дар ҷомеа, дар рушту такомули мамлакат, дар корҳои роҳбарикунанда хеле назаррас мебошад.

Бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон дар ҷомеа мақоми хосса пайдо кардаанд ва тамоми соҳаҳо кору фаъолияти назаррас доранд.

Боиси ифтихор аст, ки Сарвари давлат меҳнати занону духтаронро қадр карда, нисбати фаъолияташон назари нек дорад. Бешак ғамхорӣ нисбат ба зан-модар ин ғамхорӣ нисбат ба ояндаи давлату миллат мебошад.

Даврони соҳибистиқлолӣ дар назди ҷавонон хоссатан дар назди занону духтарон рисолати пурмасъулияти ватандорию ватансозиро ба миён гузошт. Ин рисолати пурмасъулият тақозо менамояд, ки насли худогоҳу худшинос ва ватандӯсту маърифатнокро ба воя расонем.

Боиси хушнудист, ки дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати занону духтарон таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад. Чун зани маърифатнок метавонад бо заковату ҳушмандӣ на танҳо мавқеи пешоҳангӣ дошта бошад, балки ҷомеаро тарбият намояд. Воқеан, дар зиндагӣ пешоҳанг ва маърифатнок будани зан-модар имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд бардошта шуда, кӯдакон дар оила маърифатнок тарбият ёбанд. Зан-модар дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши муҳимро дошт ва дар ҷойи намоён хоҳад монд, зеро ифату зебоӣ, хоксориву меҳрубонӣ хусусияти хоси зан-модар мебошад. Зан, модар метавонад бо чунин хусусиятҳои неки худ ба аҳли хонадон таровату покизагӣ бахшад.

Бузургон фармудаанд, ҳеч кас инсонро ба андозаи як зан, модар тарбият карда наметавонад ва маҳз ин зан модар аст, ки рисолати волою муқаддаси ба дунё овардан ва тарбият кардани фарзандро бар дӯш дорад. Мактаби модар бузургтарин ва беҳтарин мактабест, ки инсониятро ба зинаҳои баланди илму маърифат ва ахлоқу дониш мерасонад.

Дар осори бузургони мо нақши зан-модар диловару қаҳрамон, ватандӯсту озодихоҳ, хоксору меҳрубон тасвир шуда, ҷойгоҳи арзандаву хосса дорад. Модар на танҳо ба фарзанди худ ҳаёт мебахшад, балки дар сиришти ӯ хислатҳои накутарини инсониро бо шири поки худ ҷой медиҳад.

Ба нураш гарчи ин хуршеди ховар,

Фаро гирад ҷаҳонеро саросар.

Намегардад валекин он баробар,

Ба ин пурқувватӣ бо меҳри модар.

Имрӯз, бо боварӣ метавон гуфт, ки зан-модари тоҷик бо хираду офаридгорӣ, меҳру муҳаббат, самимият, сабру тамкин, хоксориву меҳрубонӣ, тарбиятгарию бунёдкорӣ ҷомеаро роҳнамоӣ карда метавонад. Ин аст, ки нақши зан-модар дар ҷомеаи мо эътирофшуда аст.

Фарзона Саидова,

дотсенти кафедраи мутолиоти шарқи факултети муносибатҳои байналхалқӣ