Мубоҳиса/дебат дар “Клуби дипломатҳои ҷавон”

808

«Клуби дипломатҳои ҷавони”  (Кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон)-и факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ,  дар доираи нақшаи фаъолияти хеш, ташкил ва баргузор намудани семинарҳои омӯзишӣ ва мусобиқаи байнидонишгоҳиро доир ба мубоҳиса/дебат эълон менамояд!

Семинарҳои омӯзишӣ аз 03.02.22 то 20.02.22 баргузор мегарданд. Макони баргузорӣ, шаҳраки донишҷӯён, бинои таълимии 11, толори Маркази коршиносӣ-таҳлилии ДМТ.

Мусобиқа байни дастаҳои макотиби олии кишвар аз 20.02 то 07.03.2022 дар се давр баргузор мегардад.

Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд тариқи пур кардани анкетаи мазкур ба ин чорабинӣ бипайванданд: https://docs.google.com/forms/d/e/1FAIpQLSeCuPCHdJinPEUbXtvydhGX7C6dVBw7kzSYCoeBKkvdsoejxA/viewform

                                                                      Кумитаи тадорукот