Дастурамали методӣ “Оид ба гузаронидани ташхиси диншиносӣ ва экспертизаи комплексии судии равоншиносӣ ва забоншиносӣ дар Тоҷикистон”

1289

Кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Намояндагии  корпоратсияи ғайридавлатии “Ҷустуҷӯи манфиатҳои муштарак” (Search for Common Ground) дар Қирғизистон ва Маркази коршиносиву таҳлилии “Таҳлил”, санаи 25-уми декабри соли 2021 муаррифии Дастурамали методӣ “Оид ба гузаронидани ташхиси диншиносӣ ва экспертизаи комплексии судии равоншиносӣ ва забоншиносӣ дар Тоҷикистон” ва баргузор намудани тренинги тахассусиро оид ба он, ба нақша гирифтааст.

Дастурамали мазкур барои иҷрои муқаррароти асосии қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дар Тоҷикистон қабулшуда омода шудааст. Муаллифони он намояндагони муассисаҳои гуногуни давлатӣ ва пажӯҳишгарони мустақил мебошанд. Дар Дастурамал хусусиятҳо, принсипҳо ва усулҳои гузаронидани ташхиси диншиносӣ ва экспертизаи комплексии равоншиносӣ ва забоншиносӣ муфассал шарҳ дода шудаанд. Он барои диншиносон, забоншиносон, равоншиносон, ҳуқуқшиносон, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва дигар мутахассисони соҳаи иҷтимоӣ ва гуманитарӣ муфид хоҳад буд. Устодони кафедра дар таҳия ва омодаи чоп намудани Дастурамали мазкур иштироки бевосита намуда барои рӯнамоии он ба намояндагони мақомоту идораҳои дахлдори давлатӣ, марказҳои илмиву тадқиқотӣ, васоити ахбори умум, коршиносон, муҳаққиқоне, ки дар фаъолияти хеш бо ин мавзӯ сарукор доранд омода аст.

Дар чорабинии мазкур иштироки устодону пажуҳишгарони ДМТ ва дигар марказҳои илмии кишвар, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати ҶТ, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ, намояндагони ВАО, Академияи милии илмҳои Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор дар назар аст.