Ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои араб дар даврони Шӯравӣ

633

Тибқи маълумотҳои нашршуда алоқаҳои фарҳангии муваффақе, ки ИШ бо кишварҳои араб дошт ба василаи “Ҷамъияти умӯмииттифоқии равобити фарҳангӣ” соли 1925 ба вуҷуд омад. [2, c.149].

Дар он даврон чанде аз намояндагони ҷамъиятҳои арабӣ ба “Ҷамъияти умӯмииттифоқии равобити фарҳангӣ” дархостҳо медоданд, ки ҳамагуна адабиёт, ки оиди сиёсати ИШ нисбати Шарқ дар рӯзномаҳову маҷаллаҳои шӯравӣ ба табърасидаро барояшон равон созанд. Солҳои 1926 – 1928 аввалин бор ба воситаи ин ҷамъият ба Сурия 40 китобӣ советӣ равон карда шуд ва аз онҷо 64 китоби арабӣ оварда шуд. Ба Алҷазоир 375 китоб равона гашту 307 китоб қабул гардид ва ба Фаластин зиёда 1000 китоб бурда шуду қариб 6000 китобҳои арабиву яҳудии асримиёнагӣ гирифта шуд. [2, c. 150].

Дар солҳои бистуми асри гузашта табодули китобӣ бо як қатор кишварҳои арабзиёд гардид ва ба хусус равобит бо Миср дар ҳоли рушд қарор дошт. Соли 1928 шартномаи дӯстию тиҷорӣ миёни ИШ  ва Яман баста шуд, ки баъд аз он равобити фарҳангӣ миёни ин ду кишвар бо шакли назаррас рушд меёфт. [2, c. 151].

Бояд гуфт, ки ҳамкориҳои гуногунсоҳаи илмӣ-фарҳангии ИШ дар самтҳои омода кардани кадрҳои миллӣ, мусоидат дар рушди соҳаи илм, таҳсилоти олӣ, санъат, тандурустӣ, варзиш, ташкили намоишҳо ва табодули радио-телевизионӣ ва саёҳӣ вусъати зиёд ёфта, ҳамкориҳои ИШ бо кишварҳои араб ба василаи шӯрои ҷамъиятҳои дӯстии халқҳо сурат мегирифт. [5, c. 10].

Дар давраҳои баъдиҷангӣ иштироки тоҷикон дар равобити хориҷии ИШ хело намоён гардид, аз ҷумла М. Турсунзода, ки дар кумитаи ҳамбастагии халқҳои Осиё ва Африқо адои вазифа намуда ба бисёри кишварҳои араб сафар карда, ҳамчун тарғибгари фаъоли ғояҳои сулҳ ва дӯстии халқҳо шинохта мешуд.

Дар соли 1958 шӯъбаи филологияи араб дар ДДТ ва Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуда, китобҳои зиёде дар ин ришта тарҷума ва таълиф гардиданд ва мутахассисони зиёде дар асоси таълифоти арабӣ рисолаҳои номзадиву доктории худро дифоъ намуданд.

Инчунин, тавассути шартномаҳои байнидавлатӣ хатмкардаҳои кафедраи филологияи араби ДДТ дар кишварҳои араб ба кори илмии тадқиқотию тарҷумонӣ машғул мешуданд.

Донишмандони араб низ дар он даврон ба омӯзиши муқоясавии адабиёти форсу тоҷик ва араб пардохта, бо асарҳои илмии худ дар ин самт натанҳо дар кишварҳои Шарқи Араб, балки дар доираҳои илмию адабии ҷаҳон шуҳрат доранд.

Шуруъ аз соли 1963 намояндагони кишварҳои араб ба Тоҷикистон омада, дар чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангӣ иштирок намудаанд.

АДАБИЁТ

  1. Заринкуб А. Корномаи ислом. / Заринкуб А.//Теҳрон: “Амири кабир”, 1387. С. 2.
  2. Макеев Д.А. Советско-арабские научно-культурные связи в довоенные годы. / Макеев Д.А.// Владимирский пединститут. 1987. – С. 149-158.
  3. Мардонӣ Т.Н. Саҳифаҳое аз равобити адабии арабу аҷам./ Мардонӣ Т.Н. -Душанбе: “Ирфон”, 2010. – С. 80-208.
  4. Мутаҳҳарӣ М. Хадамоти мутақобилаи ислом ва Ирон./ Мутаҳҳарӣ М.// Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Ирон дар Тоҷикистон. Душанбе – 1999. – С. 87-90.
  5. Разоков Ш.А. Проблемы перспективы развития сотрудничества Республики Таджикистан с арабскими странами Персидского залива в годы независимости./Разоков Ш.А.//Монография. Душанбе – 2015. С. 10.
  6. Комсомоли Тоҷикистон. №99 (5654) 19.08.1973.
  7. Машъал – 1973 “Ҷовидон бодо хуршед”
  8. Маъориф ва маданият 25.10.1977
  9. Тоҷикистони Советӣ 11.08.1984
  10. Ҳақиқати Ленинобод. №168 (8018), 22.10.1963.

Қамаров А.З.– ассистенти кафедраи мутолиоти Шарқ