МАҚОМИ КИШВАРҲОИ НОЗИР ДАР РАВАНДИ СУЛҲИ ТОҶИКОН

20

Пас аз пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ ҳодисаҳоеро, ки дар Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба вуқӯъ пайвастанд, куллан ба равандҳое нисбат додан мумкин аст, ки фазои пасошуравиро фаро гирифта буданд. Вале вазъият дар Тоҷикистон хусусиятҳои худро дошт ва таҳти таъсири омилҳои дохилӣ ва берунӣ босуръат бад шуда, иҷтинобнопазир гардид.

Пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият ба мақсади раҳоии кишвар аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Шурои Олии Тоҷикистон кори мақсадноку самароварро оғоз намуд. Дар пеш вазифа гузошта шуда буд – анҷом бахшидан ба ҷанги хунрез, бозгардондани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан, барқарор намудани мақомоти фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ, такмили қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ, таъсиси артиши миллӣ, таъмини ҳифзи сарҳад, ташкили кори корхонаҳо ва хоҷагиҳо, ба кор андохтани механизмҳои иқтисоди бозорӣ, шомил гардидан ба созмонҳои байналмилалӣ ба сифати давлати соҳибистиқлол, устувор кардани робитаҳо бо кишварҳои дигар ба ҳисоб мерафт.

Баъди муроҷиати Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба СММ бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ ба раванди гуфтушуниди сулҳи байни тарафҳои Ҳукумат ва мухолифин ҷиҳати ҳалли низоъи байни тоҷикон мусоидати хеле зиёд намуд.

Метавон гуфт, ки таҷрибаи гуфтушуниди сулҳи байни тоҷикон аз бисёр ҷиҳат ва дар навбати аввал бо кӯшишҳои ҳар ду ҷониб ба муколама, омодагиҳо баҳри гузашт карданҳо беназир аст. Дар ин раванд миёнаравҳо низ, аз ҷумла намояндагони махсуси СММ ва инчунин давлатҳои нозир аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар давлатҳоро даъват намуданд, ки барои ҳалли сиёсии низои тоҷикон кумак расонанд.

Маҳз бо миёнравии СММ ва фаъолияти пурсамари созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои алоҳида барои ба эътидол овардани вазъ дар Тоҷикистон мекушиданд ва ин иқдоми СММ ва кишварҳои нозир дар гуфтушуниди байни тоҷикон натиҷаҳои мусбат барои Ҳукумати конститутсионӣ ва Иттиҳоди неруҳои мухолифи тоҷик дошт.

Маврид ба ёдоварист, ки СММ ҳануз аз тирамоҳи соли 1992 ҳангоми оғози аввалин нооромиҳо дар кишвар ба масъалаи Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карда, Исмат Киттани -ро барои ҳалли ин масъала дар ҳамон давра вобаста карда буд, аммо фаъолияташ бошад дар нимаи дуюми соли 1993 барои дарёфти роҳи сулҳ ва суббот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар аъло гардид. Ҳануз дар солҳои аввали фаъолияти кории худ Муншии умумии СММ дар таърихи 16-уми августи соли 1993 «Дар бораи вазъияти Тоҷикистон» маъруза кард ва зарурати ҳалли масъалаи Тоҷикистон ва роҳҳои имконпазири онро баррасӣ намуд. Дар асоси ин маъруза дар таърихи 23-юми августи соли 1993 Шӯрои амнияти СММ Изҳороте пахш намуд, ки дар он омадааст: «Шӯрои амният Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамаи гурӯҳҳои мухолифинро боисрор даъват менамояд, ка ҳарчи зудтар зарурати танзими умумии сиёсиро эътироф намоянд ва дар раванди музокирот иштирок карда, ба оташбас ва сулҳи миллӣ ноил шаванд». Дар санаи 23-юми ноябр ва 29-уми декабри соли 1993 Муншии умумии СММ дар бораи авзои умумии Тоҷикистон ва иштироки СММ дар раванди сулҳи Тоҷикистон ба субъектони фаъоли ин ниҳоди байналмилалӣ номаҳо ирсол намуда дар таърихи 16-уми декабри соли 1993 СММ Рамиро Пирис-Баллонро Намояндаи вижаи худ оид ба масъалаҳои Тоҷикистон таъин намуд.

Дар асоси муроҷиати Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар ҷумҳурӣ Созмони Милали Муттаҷид чанд иқдомеро амалӣ намуд, ки барои ҳалли мушкилоти кишвар аҳамияти калон доштанд:

– Ба мақсади ҳамоҳанг кардани тадбирҳои СММ дар Тоҷикистон вобаста ба вазъияти муташанниҷи он, барқарор намудани тамоси доимӣ бо Ҳукумати қонунии ҷумҳурӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои ба миён омада 1-уми феврали соли 1993 дар шаҳри Душанбе, Дафтари нозирони СММ (ДНСММТ) ба фаъолият шурӯъ кард, ки роҳбарии онро Ливиу Бота (Руминия) ба ӯҳда дошт. Бояд зикр намуд, ки ДНСММТ аз оғози фаъолияташ дар раванди ба эътидол овардани вазъият ва таъмини сулҳу субот дар ҷумҳурӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуд. Бо оғози раванди музокироти сулҳи тоҷикон (1994-1997) Дафтар дар омода ва баргузории мулоқотҳо ва даврҳои гуфтушунид корҳои зиёдеро ба анҷом расонд. Бо иҷро шудани талаботи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва фаъолияти худро қатъ кардани Комиссияи оштии миллӣ бо ташаббуси Муншии кулли СММ Кофи Аннан моҳи майи соли 2000 дар асоси ДНСММТ Дафтари СММ оид ба мусоидат ба сулҳпарварӣ дар Тоҷикистон (ДСММСТ) таъсис дода шуд. Вазифаи асосии Дафтар мусоидат ба густариш ва таҳкими асосҳои сиёсӣ, абзорҳои дохилии сулҳофарӣ, қобилияти давлату ҷамъиятро дар пешгириву ҳалли низоъҳо дар бар мегирифт. Моҳи августи соли 2007 Дафтари мусоидат ба сулҳофарӣ дар Тоҷикистон фаъолияти худро бомуваффақият анҷом дод. Намунаи оштии миллии тоҷиконро бо мусоидати СММ ва кишварҳои кафил ба сифати мисол дар дигар давлатҳо, ки дорои низоъҳою-моҷароҳҳои дохилӣ мебошанд, метавон истифода бурд.

Соли 2008, аввалин маротиба ба қатори нерӯҳои байналмилалии сулҳофари СММ шаҳрвандони Тоҷикистон шомил шуданд, то ба барқарорсозӣ ва таҳкими сулҳ дар минтақаҳои алоҳидаи сайёраи мо саҳм гузоранд.

Ҳамин тариқ, дар айни амалиётҳои ҷангӣ, 5 апрели соли 1994 дар Москва таҳти сарпарастии СММ раванди мураккабу бисёрдавраи гуфтушуниди миёни тоҷикон оғоз гардид, ки 1171 рӯз идома ёфт. Гуфтушунидҳо нахуст ба имзо шудани Созишнома дар бораи оташбаси муваққатӣ ва дигар амалҳои душманона дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дохили кишвар дар давраи гуфтушунидҳо» дар Теҳрон 17 сентябри соли 1994 оварданд, ки дар роҳи ба даст овардани сулҳ қадами ҷиддие гардид.

Оғози музокироти байни тоҷикон оид ба оштии Миллӣ, бо кумаки Созмони Милали Муттаҳид cap шуда, бо иштироки бевоситаи Дабири кулли СММ, намояндагони махсуси ӯ дар Тоҷикистон, ҳайати нозирони СММ дар Тоҷикистон ва бо дастгирии Шӯрои Амнияти СММ гузашта буд. Амалиёти СММ доир ба эҷоди сулҳ с. 1994-1997 амалӣ гардида, бо ба имзо расидани санади ҷамъбастии музокироти байни тоҷикон, анҷом ёфт. Музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни 1997 давом кард. Дар ин муддат 8 даври музокироти байни Ҳукумат ва Иттиҳоди неруҳои оппозисиони тоҷик (ИНОТ), 3 машварати байниҳамдигарии тарафҳо ва 6 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифин (ИНОТ) С.А.Нурӣ баргузор гардид.

27 июни соли 1997, дар ин рӯзи таърихии тақдирсоз барои мардуми Тоҷикистон, дар шаҳри Маскав санадҳои зерин ба имзо расидаанд:

1) Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон.

2) Протоколи ҳамдигарфаҳмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИНОТ С.А.Нурӣ.

3) Изҳороти Маскав – аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ва роҳбари ИНОТ С.А.Нурӣ ва намояндаи махсуси Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Г.Д.Мерем ба имзо расидааст.

Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ барои сарзамини қадимаи Тоҷикистон кафолати сулҳу осоиш, ваҳдати миллӣ ва шукуфоии ҷумҳурӣ гардид.

Чигунае, ки дар изҳороти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Иттиҳоди неруҳои оппозитсияи тоҷик ба Созмони Милали Муттаҳид, ки зери ҳимоя ва миёнаравии онҳо дар тӯли се сол раванди гуфтушунид ҷараён дошт омадааст «… Мо аз кишварҳои нозир дар гуфтушунидҳои байни тоҷикон – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Туркманистон, Ҷумҳурии Узбекистон барои кумаки ҳамаҷониба ва беғараз дар солҳои имтиҳоноти барои халқи мо душвор, ки баъди панҷ соли зиддияти шаҳрвандӣ, дар таърихи бисёрасраи мамлакатамон саҳифаи фоҷианоктаринро паси сар намуда, рӯзи деринтизори умеду боварӣ ба хирад фаро расид минатдории худро баён менамоем.

Бо шарофати барқарор сохтани сулҳу осоиштагӣ тадриҷан оштӣ додани неруҳои мухолифи сиёсӣ, мустаҳкам кардани асосҳои истиқлоли давлатӣ, рушди иқтисоди кишвар ва баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ, гузаронидани ислоҳот дар соҳаҳои гуногун муяссар гардид.

Пас аз имзо шудани Созишномаи умумӣ дар кишвар барои бозгашти беш аз миллион гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ ба Ватан, обод кардани манзили онҳо ва баргардонадни онҳо ба ҳаёти орому осоишта шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.

Дар маҷмуъ, дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ, ки аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар кишварҳое гуногуни ҷаҳон, ки мақоми нозирро дар гуфтушуниди байни тоҷикон доштанд Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Туркманистон идома ёфтанд, муяссар шуд, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои сулҳ 8 даври музокирот, 6 вохӯрии сарон ва 21 маротиба музокирот анҷом дода, ки дар натиҷаи онҳо 40 санади тақдирсози миллат ба имзо расонида шуд.

Созишномаи истиқрори сулҳи ва ризоияти миллӣ ба тамоми ҷаҳониён нишон дод, ки муколамаи сиёсӣ роҳи ягонаи гузариш аз ҷанг ба ҳаёти осоишта мебошад. Новобаста аз он ки раванди сулҳ фарозу нишебҳои зиёде дошт, танзими низоъи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон намунаи классикии сулҳофарӣ буд, ки муваффақияти он аз манфиатдории ҳамаи ҷонибҳо ҷиҳати иштирок дар раванди музокирот таҳти сарпарастӣ ва миёнарваии СММ, созмонҳои минтақавӣ ва кишварҳои ҳамсоя дар маҷмуъ ҷомеаи байналмилалӣ вобастагӣ дошт. Дар баромади худ ба ифтихори 10-умин солгарди инъиқоди “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояити миллӣ дар Тоҷикистон” дабири кулли СММ Пан Ги Мун таъкид карда буд, ки “Созмони Милали Муттаҳид дар барқарорсозии сулҳу субот дар мамлакат нақши муҳим бозид. Тоҷикистон имрӯз намунаи беҳтарини амалҳои бобарори СММ мебошад, ки ҳамроҳ бо мардуми Тоҷикистон ва кишварҳои кафил ба даст овардааст”.

Тавре, ки ишора рафт, тайи солҳои 1994 – 1997 дар шаҳрҳои гуногуни минтақа ҳашт даври музокирот бо миёнаравии СММ ва кумаку дастгириҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии исломии Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамҷавор баргузор гардиданд. Дар моҳи декабри соли 1994 ба хотири мониторинги риояи Созишнома Миссияи нозирони СММ дар Тоҷикистон (UNMOT) таъсис ёфт, ки дар назорат аз рафти иҷрои муқаррароти Созишномаи умумии 27 июни соли 1997 нақши калидӣ бозида буд. Дар робита бо хотимаёбии ваколати UNMOT ва бо дархости ҳукумати кишвари мо моҳи июли соли 2000 Бюрои СММ оид ба мусоидат ба сулҳофарӣ дар Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки вазифаи асосии эҷоди шароит барои пешбурд, рушд ва таҳкими асосҳои сиёсӣ ва механизмҳои сулҳофарӣ ба хотири субот ва мустаҳкамии зарфияти давлат ва ҷомеа дар пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо ба шумор мерафт.

Тавре, ки бармеояд, дар раванди музокирот ба ғайр аз Намояндагии хоси Дабири кулли СММ ба ҳайси нозирон ҳамчунон намояндагони САҲА, СҲИ, Давлати исломии Афғонистон, Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳурии исломии Покистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон ва Федератсияи Россия иштирок мекарданд. Дар анҷоми бомуваффақияти музокироти сулҳи тоҷикон нақши кишварҳои нозир – Россия, Эрон, Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон бузург буд. Вале гуфтан мумкин аст, ки он созише, ки дар рафти раванди музокирот ба даст омад, ба осонӣ муяссар нагардид. Ин раванди хеле мураккаби созиши манфиатҳои миллии ҳамаи кишварҳо, таҳияи диди умумӣ ва мушатарак ба хотири кори минбаъдаи дастаҷамъонаи кишварҳои нозир буд. Ёдовар бояд шуд, ки ҷустуҷӯи роҳи сиёсии ҳалли низоъ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ва пеш аз ҳама кишварҳои нозир дастгирии ҳамаҷониба ёфта буд. Маҳз ҳамиин кишварҳо баргузории раванди музокиротро, ки дар Москва, Теҳрон, Исломобод, Ашқобод, Алмаато, Бишкек, Машҳад, Хосдеҳи Афғонистон гузашта буданд, таъмин карданд. Кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон таҷрибаи сулҳофариро надоштанд, вале вазифаи истиқрор ва таҳкими сулҳи тоҷиконро сарбаландона иҷро намуданд. Иштирок дар ҳайати нерӯҳои дастаҷамъонаи ҳофизи сулҳ дар раванди музокироти байни тоҷикон ва гурӯҳи робита барои намояндагони кишварҳои тозаистиқлол мактаби бузурги сиёсиву байналхалқӣ гардид. Маҳз таҷрибаи муфиди бадастомада, ки ба устувори сулҳу субот дар мамлакати мо оварда расонд, имконият медиҳад, ки арзиши сулҳро дарк намуда бо чашмони худ бинанд, ки сулҳ бо чи қадар қурбониву маҳрумиятҳои сангине ба даст меояд.

Басиров Б.С., муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ