ТАРҒИБИ ТАВСЕАИ ТАФАККУР ВА ҶАҲОНБИНИИ ИЛМӢ

231

(Бардошт аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, 30.05.2024)

Рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар дастурамали навбатӣбарои ислоҳи мушкилоти ҷойдошта дар соҳаҳои илм ва маорифи мамлакат маҳсуб меёбад, зеро дар ин мулоқоти пурмуҳтаво ҳолатикунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣмавриди таҳлил ва баррасии хоса сурат гирифт.

Чаҳор сол қабл чунин як мулоқоти судманд доир гардида буд, ки натиҷааш пешрафти чашмраси илму маорифи Тоҷикистон дар солҳои сипаригардида мебошад. Имрӯз низ аҳли илму маорифи мамлакатромебояд, ки ин навбат низ ҳар нуктаи суханронии Пешвои миллатро мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, бо талошҳои тозаи илмӣ ояндаи дурахшони илму маорифи кишварро таъмин намоянд. Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат аҳли илмро зарур аст, ки дар самти ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ гардонидани илму маорифи кишвар мусоидат намоянд ва роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамворнамоянд.

Дар мулоқоти навбатӣ таъкид карда шуд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст”.Барои ҳамаҷониба амалӣ кардани ин ҳадафҳои созанда месазад, ки рӯ ба паёми навбатӣ овард, зеро Пешвои муаззами миллатрушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии онро бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимконунвон карданд.

Бардошт аз ибтидои суханронии Пешвои миллат дар мулоқоти мазкур ин аст, ки рушди ҳамаҷонибаи илму маориф сабаби боло рафтани манзалати олимону донишмандон дар кишвар ва ҷаҳон мегардад.Ба ин васила метавон рушди маънавӣ ва молиявии олимону донишмандонро дар кишвар давра ба давра таъмин намуд.Бо дарки ин маънӣ Пешвои миллат қайд намуданд, ки “..дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд”.Барои тақвияти ин андешаҳо Пешвои миллат кишварҳои гуногуни дунёро мисол оварданд, ки бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир чӣ гуна тараққӣ карда истодаанд.Ба андешаи сарвари давлат рушди илми тоҷик ва густариш бахшидани истифодаи «зеҳни сунъӣ» дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёт сабаб мегардад, ки дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлатумиллатро такон бахшад, балки тавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад.

Пешвои муаззами миллат қайд карданд, ки “..қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарор кардани сулҳу оромӣ, аз кишварҳои дуру наздики хориҷӣ ба Ватан ва маҳалли зисташон баргардонидани бешаз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ, ташкил кардани шароити зарурии зиндагӣ барои онҳо ва ба роҳ мондани раванди барқарорсозии баъдиҷангӣ..” барои таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ба ин васила рушд бахшидани соҳаҳои илм ва маориф заминаҳои мусоид фароҳам овард, ки “анҷом додани ин корҳо аз Ҳукумати мамлакат саъю талоши пайгирона, заҳмати бисёр сангини шабонарӯзӣ ва хароҷоти бузургро талаб мекард”. “Корҳои то имрӯз амалигардида гувоҳанд, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дарсиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд”-зикр намуданд Пешвои муаззами миллат.

Ба таъкиди Сарвари давлат Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардад.

Натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии олимони кишвар ин шуд, ки “…дар ин давра як силсила ташаббусҳои Тоҷикистон марбут ба ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, доир ба амалӣ намудани онҳо қатъномаҳои дахлдори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд”.

Дар идомаи суханронӣ саҳми олимони кишварро дар таҳияи хуҷҷати муҳимми давлатӣ – Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 арзишманд арзёбӣ намуданд ва қайд карданд, ки олимони мо минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд. “Барои нақши арзишманд дар рушди илм, маориф ва фарҳанг, таҳкими робитаҳои илмии байналмилалӣ ва анҷом додани корҳои муштараки илмиву таҳқиқотӣ беш аз 40 нафар олимони Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бо ҷоизаву унвонҳо ва мукофотҳои байналмилалӣ сарфароз гардонида шудаанд”-қайд намуданд Пешвои муаззами миллат.

Баъд аз муаррифии дастовардҳо Пешвои миллат қайд карданд, ки бо вуҷуди дастгириву таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат натиҷаи кори олимон ва сохторҳои соҳаи илм посухгӯи талаботи замон нест. Зикр карда шуд, ки бояд аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор аз олимони кишвар самарабахши соҳаи илм талаб карда шавад ва иҷрои чорабиниҳои ба ин мақсад равонашуда таҳти назорати қатъӣ қарор гирад.Ба таъкиди Пешвои миллат барои ноил шудан ба ин мақсадҳои бузург бояд дар сохтори Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмиву таҳқиқотии он ислоҳоти ҷиддӣ сурат бигирад.

Дар идомаи суханронӣ Пешвои миллат як сабаби асосии дар муҳлати муайяншуда ҳимоя нагардидани рисолаҳои илмиро бемасъулиятии роҳбарони илмӣ унвон намуданд, ки “..ин гуна хунукназарӣ нисбат ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ метавонад дар оянда оқибатҳои бисёр ногувор, аз ҷумла паст гардидани сатҳи маърифатро дар байни ҷомеа ба миён оварад”.

Аз роҳбарони муассисаҳо ва роҳбарони илмӣ қатъиян талаб карда шуд, ки ба фориғболиву бемасъулиятӣ, хусумати шахсӣ, рӯйихотирбинӣ, нотавонбинӣ нисбат ба якдигар ва рақобати носолим миёни муассисаҳои илмии кишвар ҳарчи зудтар хотима бахшанд.

Ин суханронии пурмуҳтаво ниёз ба таҳқиқ ва омӯзиши ҷиддӣ дорад, ки бояд аҳли илми кишвар ва ниҳодҳои илмӣ мушкилоти дар ин мулоқот баррасишударо ҷиддӣ бигиранд ва баҳри рушди илму маорифи кишвар мусоидат намоянд, зеро тарбияи насли нави бомаърифат, илмдӯст ва шоистаи замон василаи асосии пешрафти Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад, зеро ба андешаи Пешвои муаззами миллат “имрӯз мо ба мутахассисони баландпоя нисбат ба ҳар вақти дигар ниёзи бештар дорем, вале на ҳамаи донишмандон дар интихоб кардану ба камол расонидани истеъдодҳои ҷавон ҳиссагузорӣ мекунанд”. “Зарур аст, ки дар муҳлатҳои муқарраргардида ва пурраву босифат иҷро намудани барномаҳои давлатӣ, истифодаи дурусту самараноки маблағҳои буҷетӣ ва грантҳои байналмилалӣ, бо ҷалби роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин, соҳибкорону шахсони саховатпеша, падару модарон ва собиқ хатмкардаҳои муассисаҳои таълимӣ таъсис додани синфхонаҳои амаливу таҷрибавӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин карда шавад”-зикр намуданд Пешвои миллат.

Ҳамаҷониба рушд додани илм сабаби баланд гаштани парчами серанги Ватан дар ҷаҳон мегардад. Танҳо моро зарур аст, ки “..ба миллати тоҷдорамон, ба давлати соҳибистиқлоламон ҳамеша содиқ бошем, доим дар хотир дошта бошем, ки миллати тоҷик ба туфайли забону фарҳанг, илму дониш ва маърифати баланди хеш дар мураккабтарин давраҳои таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ аз байн нарафт, зинда монд ва минбаъд низ зиндаву ҷовидон хоҳад монд”.

Фотима Ғайратова,н.и.т, омӯзгори кафедраи муносибатҳои байналхалқии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ