ҶАВОНОН – СИПАРУ ТАКЯГОҲИ МИЛЛАТ

288

Ҷавонон бо мақом ва ҷойгоҳи касбкардаи худ, бо дарназардошти ҳолати ҷисмонӣ ва руҳӣ дар аксар мавридҳо ба сифати сипари давлату миллат баромад менамоянд. Аз таҷрибаи таърихи башарӣ бармеояд, ки ин қишри ҷомеа дар ҳама ҳолату мавридҳои зарурӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои ҷомеа бо боварӣ ва эътимоди хосса мавриди истифода қарор мегиранд. Дар гузашта ва имрӯз ҷавонон ҳамчун неруи этимодбахш баҳри муаррифӣ ва ҳимояи миллату давлати хеш баромад менамуданд. Самтҳои муҳимми ҳаёти ҷамъиятӣ, махсусан сиёсат, иқтисодиёт, низомӣ, варзиш ва илму фарҳангро бе ширкат ва саҳми ҷавонон тасаввур намудан ғайримкон мебошад. Бинобар ин, дар ҳама давру замон ба ин қишр чун сипар таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Ҷавонон дар худ он неруи ҷимонӣ ва руҳияи ҷадиду устувореро табиатан насиб гардидаанд, ки диққати ҳамагонро ҷалб менамояд.

Миллати тоҷик аз аҳди бостон ба ин қишри муҳимми ҷомеа диққати махсус зоҳир менамуд. Ҳанӯз миллати моро аз даврони қадим ва асрҳои миёна ҷавонони сарфарозу худогоҳое дар рӯ ба рӯи аҷнабиён ва таҳдидҳои хатарнок Куруши Кабир, Дорюши Кабир, Спитамен, Сатибарзан, Деваштич, Муқаннаъ, Яъқуб ибни Лайсу Исмоили Сомонӣ дифоъ намудаанд. Рисолати ҷавонон дар ҳама давру замон, пеш аз ҳама, ҳифзи нангу номуси миллат дар мисоли Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сарҳади давлатӣ, забони модарӣ ва ғайра маҳсуб меёбад.

Имрӯз ҷавонони моро зарур аст, ки дарси ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ омӯхта дар пайравӣ аз чунин чеҳраҳои мондагор амал намоянд. Тоҷикистон аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин (70% аҳолиро шахсони то 30 сола) дар дунё ба шумор рафта, аксари аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо неруи бузурги рушди кишвар мебошанд. Дар шароити муосир танҳо доштани неруи ҷисмонии холис барои рушди як кишвар кифоя нест, балки баръакс, баъзан мавриди истифодаи нодуруст қарор гирифтани он, дарди сари як давлату ҳукумат шуда метавонад. Бинобар ин, неруи ҷавонон танҳо дар он ҳолат сазовори ифтихору шараф аст, ки агар он сарчашмаи тавлидкунандаи идеяву назарияҳои нави илмӣ, созандагӣ, ободкориву бунёдкорӣ, омили суботи ҷомеа ва амнияти давлатӣ бошад.

Айни замон пешрафти илму технологияи иттилоотӣ ва ҷаҳонишавӣ ба меъёру арзишҳои ҷомеа, равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳаёти ҷавонони тоҷик ҳам таъсири манфӣ ва ҳам мусбат мерасонд. Қисме аз ҷавонони тоҷик бо истифода аз имконоти замони худ соҳиби илму фарҳанг ва донишу тахассуси баланд гардиданд ва баъзеи онҳо дар донишгоҳҳои кишварҳои Аврупо, Амрико ва Русия таҳсили худро идома додаистодаанд.

Қисми дигари ҷавонон то имрӯз дар рушду нумуъи соҳаи варзиш, илму фарҳанг, технологияи коммуникатсионӣ саҳми назарраси худро мегузоранд. Махсусан, заҳмату талошҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи варзиш солҳои охир натиҷаҳои хуб бор овард. Ҷавонони мо дар мусобиқаҳои гуногуни варзишии минтақавию байналмилалӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, медалҳои зиёдро соҳиб гаштанд ва обрӯи Тоҷикистонро дар миёни дигар кишварҳои ҷаҳон боло бардоштанд. Ба андешаи мо, агар дар оянда низ ба ин соҳа мароқи бештар зоҳир карда шавад ва сиёсати мавҷуда тақвият ёбад, он метавонад омили рушди солими ҷисмиву рӯҳии наврасону ҷавонон ва сабаби раҳоӣ пайдо кардан аз баъзе бемориҳо дар байни сокинони кишвар гардад.

Дар доираи сиёсати хирдамандонаи Асосгузори сулҳ ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таълиму тарбия дар мактабҳои миёна ва донишгоҳҳои олӣ ба хотири беҳтар шудан ё баланд бардоштани саводу маърифати насли ҷавон муқаррар намудани талаботи сахт ва ба роҳ мондани низоми нав аз корҳои муҳимтарину аввалиндараҷа ба назар мерасад. Зеро бе роҳандозии низоми нав, раванди таълими имрӯза натиҷаҳои нек ба бор нахоҳад овард ва заҳматҳои чандинсола барбод хоҳад рафт. Ҳамзамон, хизмати ҳарбии ҳатмӣ дар муддати як сол бо ҷорӣ намудани хизмати алтернативӣ (хизмат дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, сохтмон, ободу зебокунии ин ё он минтақаи кишвар ва ғ.) барои ҷавонон баъд аз хатми мактаби миёна метавонад, боиси рушди солимии камолоти ҷисмиву руҳӣ ва ватандӯстии онҳо гардад.

Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар – Ватан хидмати содиқона намуда, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд. Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.

Олимони ҷавон барои ободии Ватан, рушду нумӯи иқтисодӣ, суботу оромии кишвар ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон сидқан хизмат менамоянд.

Имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касби ҷавонони номзадҳои илм, уновнҷӯён ва докторантон ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ машғул мебошанд.

Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола конфронси илмӣ – назариявии олимони ҷавони вилоятҳо дар сатҳи баланд доир гардида, беҳтарин мақолаҳои олимони ҷавон гирд оварда шуда, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба нашр расонида мешавад, ки ин дастгирии олимони ҷавон, пайваста барои ҷустуҷӯҳои нав ба нави илмӣ водор месозад.

Бояд гуфт, ки ҷавонон меросбари суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

Ҳамзамон, имрӯз ҷавонон нерӯи асосии меҳнати созандаи Ватан мебошанд. Маҳз тавассути бозуи ҷавонон садҳо корхонаҳои саноатӣ ба истеҳсоли маводди зарурӣ машғул буда, тавоноии моддиву иқтисодии кишварамонро меафзоянд ва эҳтиёҷи мардум бо неъматҳои моддӣ таъмин мегардад. Имрӯз ҳадафҳои стратегии миллиамон дар сохтмонҳои асосии замони истиқлол: НОБ-у нақбҳо, роҳу пулҳо, корхонаҳои азими истеҳсолӣ, соҳаи аграрӣ низ маҳз тавассути нерӯи тавонои ҷавонӣ амалӣ мегарданд. Аз ин рӯ, итминони комил дорем, ки ҷавонони бо нангу номуси мо ҳамчун ватандӯстони асил ва созандагони фардои дурахшони Ватан ба ин рисолати аслиашон ҳамеша содиқ буда, ба рушду шукуфоӣ ва баланд шудани обруву эътибори Тоҷикистони азиз мусоидат хоҳанд кард.

Айни замон ҷавонони Тоҷикистон неруи бузург, муташаккил ва созандаро ташкил медиҳанд. Сарвари давлат хеле воқеъбинона зикр намуданд, ки ҷавонони ғайратманди мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллии худро нишон диҳанд, ҳамчунин ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд, бар замми ин, зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд ва дар сафи пеши нерӯҳои ободгару хайрхоҳи Тоҷикистон қадам зананд. Воқеан, ҷавонони имрӯзаи мо бо донишу маърифат, китобхонӣ, ҷаҳонбинӣ ва сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд. Онҳо, қабл аз ҳама, ҳушёру бедоранд, дар иҷрои вазифа собитқадаманд.

Ҷаъфаров С.Х. – н.и.т., дотсент, деканифакултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ