НАВРЎЗ – ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

1427

Баромад боди субҳу бӯйи Наврӯз,

Ба коми дӯстону бахти пирӯз.

Муборак бодат ин солу ҳама сол,

Ҳумоюн бодат ин рӯзу ҳама рӯз!

Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми мо ҳеч як анъана ва расму оине чун ҷашни фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз ифодагари арзишҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои қадимаи тоҷикон ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим марҳилаи зиёди пурпечутобро убур карда, то замони мо расидааст.

Тавре, ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат ва айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад.

Бояд гуфт, ки манша ва замони пайдоиши Наврӯз, ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Доир ба таърихи пайдоиш ва баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст. Аз ҷумла дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, «Ат-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва дигар осори бузургони мо маълумоти мустақим ва пурмазмун оварда шудааст.

Аксарияти сарчашмаҳои таърихӣ ба он далолат мекунад, ки Наврӯз дар давраи салтанати Пешдодиён дар замони ҳукмронии Шоҳ Ҷамшед пайдо шудааст. Масалан Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия» овардааст, ки «чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шаётин онро бардоштанд. Ва ба як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобул омад. Мардум аз дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд».

Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти осори Абурайҳони Берунӣ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки ин донишманд ба таври густурда дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз хабар медиҳад ва мегӯяд, ки мардуми давронаш бо покиза гардонӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.

Дар ҳақиқат ҳам Наврӯзи оламафрӯз рӯзгори одамиро пайваста поку тоза ва сабзу хуррам нигоҳ медорад. Воқеан ҳам, Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёгар, пайвандгари дӯстӣ, бародарӣ, нерӯбахши сулҳу оштӣ ва зудояндаи занги кинаву озурдагӣ шинохта шудааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош менамояд. Дар замони соҳибистиқлолӣ Наврӯз ба ҳайси ҷашни миллӣ дар сатҳи давлатӣ бошукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад.

Боиси хушбахтист, ки мардуми куҳанбунёди тоҷик тавонист ҷашнҳои муқаддаси миллиамон – Наврӯз, Меҳргон ва Садаро дар тули асрҳо нигоҳ дошта, то ба имрӯз бирасонад ва онро ҷаҳонӣ гардонанд. Ҷашни Наврӯз арзишҳои чун сулҳ, оштӣ ва ҳамбастагиро тақвият дода, дӯстӣ миёни қавму миллатҳои гуногунро афзоиш медиҳад.

Наврӯз дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлолият шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо кард ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфт.

Базми гул дар чамани Наврӯз аст,

Даври гул-гулфикани Наврӯз аст,

То ба гардун сухани Наврӯз аст,

Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

   Фарзона Саидова дотсенти кафедраи мутолиоти шарқи факултети муносибатҳои байналхалқӣ