ДАРСИ ХЕШТАНШИНОСӢ

218

(дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин)

Дар замони муосир халқу миллатҳо бо роҳи омӯхтану ихтироъ кардани илму дониш ва техникаву технологияҳои муосир кӯшиш мекунанд, ки арзишҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳангӣ ва озодиҳои шахсии худро дар паноҳи давлати соҳибистиқлоли хеш аз таҳдиди ҷаҳонишавии манфиатҳо ва суйиистифодаи арзишҳо ҳифз намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳар суханронии Пешвои муаззами миллат барои мардуми шарифи Тоҷикистон дарси хештаншиносист. Андешаҳои созандаи ин марди роҳи ватандорӣ дар шароити пуртаззоди ҷаҳонишавӣ бори дигар мардуми кишварро ба шинохти бештари арзиши волои истиқлоли давлатӣ ва арҷ гузоштан ба таърихи ҳазорсолаи миллати тамаддунофарамон водор менамояд, зеро шак нест, ки соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли кишвари мо падидаи шоиставу ибратбахш буда, бо талошу ҷонфидоиҳои фарзонафарзандони миллат ба даст омадааст.

Дар мулоқоти навбатии Пешвои миллат бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин, ки 9 марти соли 2024 дар “Кохи Ваҳдат” баргузор гардид, дар меҳвари суханрониҳо ҳифзи арзишҳои соҳибистиқлолӣ қарор дошт. Пешвои миллат вобаста ба раванди пуртаззоди бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқа ва низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, андешаҳои ҷолиби диққат баён дошта, масъалаи таъсири номатлуби терроризму экстремизми динӣ ба ҷомеа ва давлатро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Суханронии Пешвои миллат бо такя ба моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ки дар он мамлакати мо давлати дунявӣ эълон гардидааст ва тибқи ин меъёри мушаххасгардида дар Тоҷикистон ақоиди динӣ ва мазҳабии ҳеҷ як фирқае хусусияти давлатӣ надорад. Яъне, дин ва эътиқоди динии мардум аз давлат ҷудост. Аммо ибрози андешаҳои Пешвои миллат дар ин мулоқоти судманд далели он буд, ки дар Тоҷикистон ба эътиқотмандии намояндагони дину мазҳабҳои гуногун эҳтиром гузошта мешавад.

Сарвари давлат бо эҳсоси ифтихор аз вазъи мавҷуда дар ин бора чунин сухан гуфтанд: “Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишварамон, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардидааст ва имрӯз шаҳрвандони мо фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд”.

Мо мардуми Тоҷикистон амалишавии суханҳои зикршударо ҳамаррӯза мушоҳида менамоем, зеро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини адолати иҷтимоӣ, баробарии диниву мазҳабӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷоми расму оинҳои динӣ, ибодат ва амсоли инҳоро дар меҳвари сиёсати башардӯстонаи хеш қарор додаанд, ки мо ин эсҳсои инсонпарастонаи сарвари давлати худро зимни суханронияшон дар ин мулоқоти судманд амиқ дарк намудем.

Барои комил шудани ин андеша Пешвои миллат дар бораи корҳои назаррасе сухан гуфтанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмин намудани озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин анҷом додааст. Раҳбари давлат ин нуктаро тақвият бахшида зикр карданд, ки “..дар соли 2009 бо ширкати олимону донишмандони машҳури ҷаҳони ислом ва шахсиятҳои маъруф аз 55 давлати дунё баргузор кардани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки бо номи Имоми Аъзам машҳур аст, як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти маънавии мардуми мо гардид”.

Дар идомаи суханронӣ Пешвои миллат бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ-Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигаронро шоиста арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки “..чопи осори зиёди ахлоқиву илмии мутафаккирони гузашта, ба забони тоҷикӣ тарҷума кардану се маротиба нашр намудани Қуръони карим ва ба мардуми Тоҷикистон дастрас гардонидани он аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки дар ин самт ба анҷом расидаанд”.

Суханронии Пешвои муаззами миллат дар ин мулоқот бори дигар сабаб гардид, ки мо мардуми Тоҷикистон ин марди ватандӯсту хештаншиносро ҳамчун пуштибони асили Тоҷикистон бештар бишносем. Суханроние буд, ки бо самимияти хос ва бовариву садоқати комил аз ҷониби мардуми шарифи кишварамон пазируфта шуд. Ҳамин аст, ки мардум аз симо ва садои кишвар тақозои нашри дубораи ин мулоқотро намуданд, зеро ин мулоқот фаротар аз як суханронӣ дарси тафовут гузоштан миёни сиёҳу сафед ва хубу бад буд.

Дар ин мулоқоти судмандна танҳо баррасии ҷанбаҳои маънавиву фарҳангӣ ва диниву ахлоқии кишвар сурат гирифт, балки мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо ба таври кушоду равшан баён карда шуданд.

Идомаи суханронии Пешвои миллат даъват ба ҳамдилӣ ва таҳаммулпазирӣ буд, зеро бидуни қадр кардани эътиқдои ҳамдигармо фазои ҳамдигарфаҳмиро наметавонем дар кишвар пойдор нигоҳ дорем.

Бо назардошти вазъи печидаи олам моро зарур аст, то бо таҳаммулпазирӣ, ҳамдиливу ягонагӣ, тарғиби ғояи инсондӯстона ва ҳурмату эҳтиром нисбати тамоми динҳои дигар ба ҷаҳон нишон диҳем, ки ислом дини тарғибгари ҷангу ҷидол набуда, балки ҷавҳари асосии ғояи онро боварӣ ба ҳамдигар, садоқат ба ватану миллат, инсонпарварӣ ва меҳру муҳаббати аҳли башар ташкил медиҳад. “Ҳар қавму миллате, ки дар рафтори он нишонаҳои ҷаҳолату хурофотпарастӣ густариш меёбанд, он миллат аз зиндагии босаодат маҳрум мегардад”-зикр намуданд дар идома Пешвои муаззами миллат.

Дар идомаи ин сухани ҳакимона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба ҷойи дода шудан ба хурофоту ҷаҳолат ба илмомӯзӣ, беҳтар намудани савияи дониши техникӣ, тараққиёту навсозӣ даъват намуданд, зеро мушаххас аст, ки меъёрҳои ҳамзистии ҷаҳони навин бар пояи тараққиёти илмиву техникӣ бино мегарданд ва давлатҳои ба рушди ин соҳа бетаваҷҷуҳ ҳамқадами замон шуда наметавонанд.

Метавон чунин хулоса кард, ки Пешвои миллат дар ин мулоқот як зумра мушкилотеро, ки монеи рушди Тоҷикистон мегарданд, бо далелҳои мушаххас зикр намуда, мардуми шарафманди кишварро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ахлоқӣ даъват карданд.

Воқеан ҳам тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи маърифатандӯзӣ, меҳанпарастӣ ва дар амал татбиқ намудани ин суханҳои созандаи Пешвои муаззами миллат боис мегардад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар шинохти зарфиятҳои таърихиямонбеш аз пеш муваффақ гарданд ва бо дастовардҳои назаррас мамлакатамонро бештар дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд.

Ғайратова Фотима Асламшоевна,н.и.т, м/к кафедраи муносибатҳоибайналхалқии факултети муносибатҳои байналхалқӣ