Вохӯрӣ бо волидайни донишҷӯён

671

  Ассотсиатсияи волидайн ва садорати факултети муносибатҳои байналхалқӣ тибқи нақша-чорабинӣ дар санаи 27. 02. 2021 бо иштироки волидайни курси якуми ихтисосҳои Фаъолияти иттилоотӣ-таҳлилӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ, сиёсати хориҷӣ ва дипломатия,  минтақашиносии хориҷӣ маҷлиси васеи садорати факултет бо волидайнро баргузор кард. Дар ҷаласа декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ Самиев Х.Д., корманди шуъбаи тарбия, бахши волидайн Саноева Моҳира, мудирони кафедраҳои тахассусӣ Салимов Ф.Н, Розиқов Ф.М., муовинони декан Ҷаъфаров С.Х., Ғайратова Ф.А. раиси сарпарастон Мирзоев Ҳ.Т, раиси ассотсиатсияи волидайн Раҳмонов М.А,  инчунин  сарпарастони гурӯҳҳои мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар оғоз декани факултет муҳтарам Самиев Х.Д. қадами волидайнро ба донишгоҳ ва факултет  шодбош гуфта доир ба масоили тарбия дар роҳи ватандустиву меҳанпарастӣ, тарбияи дурусти насли наврас суханронӣ намуданд. Корманди бахши тарбия Саноева М қудуми волидайнро  аз номи раёсати донишгоҳ  хайрамақдам  намуда чунин иброз намуд, ки  яке аз самтҳои асосии корҳои идеологӣ ва тарбиявӣ дар донишгоҳ ба донишҷӯён тавзеҳ намудан ва фаҳмонидани сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба хотири беҳтар шудани дониши ҳуқуқӣ ва фарҳанги сиёсии донишҷӯён мунтазам вохӯриҳои донишҷӯён бо намояндагони вазорату идораҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони сиёсиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд. Ташаккули шахсияти мутахассисони оянда тавассути ташкили тадбирҳои дорои хусусияти ватандӯстӣ, иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ, зебоидӯстӣ ва маърифатнокӣ роҳандозӣ ва таъмин гардонида мешавад.

Мудирони кафедраҳои тахассуси низ вобаста ба рафтору одоби донишҷуён фикру ақидаҳои худро пешниҳод намуданд. Сипас сарпарастони гуруҳҳои академи доир ба хислат, рафтор иштирок дар дарсҳо ҳамчунин аз худ намудани дарсҳои шогирдони худ ба волидайни онҳо ҳисобот пешниҳод намуданд.

Инчунин дар рафти маҷлис аз ҷониби волидайн низ баромад ва пешниҳодҳо карда шуд ва дар охир волидайн ба саволҳои худ низ ҷавоб гирифтанд. Пас аз ҷаласа волидайн аз синфхонаҳо, марказҳои илмӣ, маркази мониторинги ва сифати таълими факултет дидан намуданд.

Мувофиқи нақша чунин вохуриҳо мунтазам бо иштироки волидайни курсҳои болоӣ низ гузаронида мешаванд.