ТОҶИКИСТОН ВА МИСР: ҚАДАМИ ДИГАРЕ БАРОИ ГУЗАШТАН БА МАРҲИЛАИ НАВИ ҲАМКОРИҲО ГУЗОШТА ШУД

241

Бо таваҷҷуҳ ба таърихи муносибатҳо бо Ҷумҳурии Мисри Араб Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидои асри ХХI бо эълон доштани сиёсати “Дарҳои боз” дар самти амалисозии нақшаҳо дар сиёсати хориҷии кишвар ба дастовардҳои чашмгире ноил гардид. Иқдоми мазкур, ки соли 2003 роҳандозӣ гардида буд, барои Тоҷикистон имконият фароҳам овард, то бо тамоми кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои мутақобилро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба роҳ монад.

Тибқи якумин Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2002 қабул гардида буд, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои ҷаҳон, бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ, геополитикӣ ва манофеи иқтисодии кишвар панҷ ҳавзаи ҳамкорӣ мушаххас гашта буд, ки ҳавзаи чорумро доираи нуфузи давлатҳои мусалмоннишини Шарқаст, ки онҳоро на фақат ягонагии дину оин ва суннатҳои рӯҳонӣ, балки имконот ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ низ ба ҳам мепайвандад, ташкил медод.

Ҳавзаи мазкур кишварҳои арабро дар бар мегирад, ки онҳо шуруъ аз соли 1992 равобити дипломатии худро тадриҷан бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор намудаанд. Ҷумҳурии Мисри Араб аз нахустин кишварҳои арабиест, ки истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф карда, 1 апрели соли 1993 бо он равобити дипломатӣ барқарор намудааст. Ҷумҳурии Мисри Араб гаҳвораи тамаддуни башарӣ буда, дорои таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановат мебошад.

Аз замони истиқлолият ба даст овардан то кунун Ҷумҳурии Миср яке аз кишварҳои пешбари қитъаи Африқо ва ҷаҳони араб ба ҳисоб рафта, дар ҳалли масоили минтақавӣ ва кишварҳои мусалмоннишин нақши муҳимро ифо менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мисрро муштаракоти зиёди таърихӣ, фарҳангӣ, тамаддунӣ, динӣ ва ғайра ба ҳам пайванд менамоянд, ки аз онҳо ба ҳайси заминаи рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд то кунун истифода гардидааст.

Метавон гуфт, ки то соли 2007 дар муносибатҳои Тоҷикистону Миср дастовардҳои чашмгире ба назар намерасад. Боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Мисри Араб 4 феврали соли 2007 ба рушди муносибатҳои дуҷониба такони ҷиддӣ бахшид. Дар ин замина моҳи сентябри соли 2007 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб, ҳамчун нахустин намояндагии дипломатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар ҷаҳони араб ифтитоҳ гардид. Инчунин, аз натиҷаҳои назарраси сафари роҳбари давлат ба ин кишвар таъсисёбии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мисри Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ мебошад, ки ҷаласаи аввали он рӯзҳои 25-27 январи соли 2009 дар Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҷараёни кори Комиссия масъалаҳои дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетика, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ матраҳ гардиданд.

Заминаи асосии муносибатҳои дуҷонибаро ҳамкориҳо дар самти бозомӯзонидани мутахассисони тоҷик тавассути Бунёди мисрӣ оид ба ҳамкории техникӣ бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил медиҳад, ки дар тӯли 19 соли фаъолияти бунёди фавқуззикр 170 давраи кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дар соҳаҳои мухталиф бо иштироки 1200 нафар мутахассисони тоҷик ташкил карда шудааст.

Қайд кардан зарур аст, ки мутахассисони мисрӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати тадриси забон ва адабиёти араб дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ба фаъолият машғул гаштаанд.

Аз натиҷаҳои сафари мазкур ин буд, ки ду кишвар таваҷҷуҳи махсус ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, сохтмон, тандурустӣ, саноати дорусозӣ, табъу нашр ва бунёди корхонаҳо ба назар мерасид. Ба фаъолият шурӯъ намудани корхонаи истеҳсоли муштараки дорусозии «TajDelPharma»-и Ҷумҳурии Мисри Араб намунаи ин ҳамкориҳо мебошад.

Гарчанде рӯйдодҳои сиёсӣ (инқилоби мардумӣ дар соли 2011) дар Миср то ба ҳадде дар барномаҳои ҳамкории ин кишвар бо давлатҳои хориҷа тағйирот ворид намуда, дар авлавиятҳои сиёсати хориҷӣ таҷдиди назар ва арзёбиро дар мадди аввал гузошт, бо вуҷуди он самти муносибатҳо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бахусус кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, мавриди таваҷҷуҳи махсус боқӣ монда буд.

8 сентябри соли 2011 дар Қоҳира аз тарафи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20-солагии истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади расмӣ баргузор шуд, ки дар он роҳбарону намояндагони вазоратҳову ниҳодҳои Миср, дипломатҳои (аккредитатсияшуда) гуморидашуда дар Қоҳира, роҳбарони ширкатҳое, ки бо Тоҷикистон дар ҳамкорӣ ҳастанд, таълимгирандагону донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин кишвар таҳсил мекунанд ва намояндагони ақаллияти тоҷик ширкат варзиданд.

Дар ин ҷамъомад барои меҳмонон дар бораи Тоҷикистон ва дастовардҳои замони истиқлолият маълумот пешкаш гардида, ҳунарҳои мардумӣ, филми ҳуҷҷатӣ ва таронаҳои мардумии тоҷикӣ ба маъраз гузошта шуд. Ҷамъомади расмии мазкур аз тарафи шабакаи телевизионии Қоҳира ба навор гирифта шуда, бо мусоҳибаи Сафири тоҷик Н. Назаров дар муддати 10 дақиқа намоиш дода шуд.

Ҳамин тавр ду соли дигар равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мисри Араб дар ҳоли ташаккул қарор гирифтанд, вале дар соли 2013 дар Миср табадулоти низомии дигаре ба амал омад, ки Президенти он вақтаи Миср – Муҳаммад Мурсиро барканор кард.

Соли 2015 Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гурдид, ки дар он доир ба равобит бо Ҷумҳурии Мисри Араб чунин омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба нуфузу эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Мисри Араб дар сиёсати минтақа ва ҷаҳон ба густариши муносибатҳои ҳамкорӣ бо он алоқаманд аст.”

Тибқи маълумотҳои расмӣ дар солҳои баъдӣ шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Миср ба таври расмӣ ва ғайрирасмӣ таҳсил менамуданд, вале муносибат миёни Ҳукуматҳои ҳар ду кишвар аз соли 2014 то соли 2022 дар сатҳи мукотиботи дипломатӣ қарор гирифта, аз рушду нуму бозмонданд.

Пас аз заиф гаштани мавҷи вируси COVID-19, ки ба соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ низ таъсири амиқи худро расонда буд, ҷаҳон оҳиста-оҳиста дубора ба ҳоли табии худ баргашта истодааст.

9 марти соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мисри Араб ташриф оварда, дар доираи он аз Осорхонаи миллии тамаддунӣ ва корхонаҳои саноатии “Ҷипто фарма” ва “T&C Garments” дар шаҳри Ал-Ханкаи Ҷумҳурии Мисри Араб боздид намуд ва бо кору фаъолияти онҳо шинос гардид. Инчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Донишгоҳи Қоҳира ташриф оварда, дар назди устодону донишҷуён суханронӣ намуданд. Бо қарори Шӯрои илмиву таълимии Донишоҳи Қоҳира барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Миср, рушду густариши робитаҳои илмӣ, амниятӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва ба хусус ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони “Доктори фахрӣ” супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи Қоҳира муҳимтарин муассисаи таълимӣ ва пажӯҳишии Миср буда, 21 декабри соли 1908 таъсис ёфтааст. Донишгоҳи мазкур дувумин донишгоҳи қадимтарини Миср ва сеюмин дар ҷаҳони араб пас аз Донишгоҳи Ал-Азҳар ва Донишгоҳи Ал-Қаравӣ мебошад.

Рӯзи 10 март ҷаласаи музокироти васеъ масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Миср мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид гардид, ки мувофиқаҳои имрӯз бадастомада барои ба сатҳи сифатан нав баровардани робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитариву фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳанд овард.

Дар мулоқот робитаҳои байнипарламентӣ, ташкил ва тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ, ҷиҳати густариши ҳамкории фарогири дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноату сармоягузорӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, истихроҷу коркарди маъдан, сайёҳӣ, инчунин, истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ муҳим арзёбӣ гардида, ҷонибҳо ҳавасмандии худро оид ба тавсеаи бештари ҳамкориҳо иброз доштанд.

Таъкид гардид, ки ҷоннок кардани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Миср оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ, баргузории Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Миср ва таъсиси Шурои соҳибкорони ду кишвар барои густаришу тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва афзоиши ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ нақши муҳим хоҳад дошт.

Зимни мулоқот рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар ин ҷода аз самтҳои ояндадори муносибатҳои миёни ду кишвар дониста шуд.

Ҷонибҳо алоқамандии худро ба тавсеаи ҳамкорӣ миёни минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистону Миср аз тариқи табодули таҷриба дар самти бунёд, идора ва густариши фаъолияти ин минтақаҳо ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди онҳо, изҳор намуданд.

11 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср аз Пойтахти нави маъмурӣ маркази Ҷумҳурии Миср боздид ба амал оварданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пойтахти нави маъмурӣ маркази Ҷумҳурии нав муаррифӣ карда шуд. Сохтмони шаҳр соли 2016 оғоз ёфта, бо суръати баланд идома дорад. Шаҳр новобаста аз он, ки асосан барои биноҳои маъмурии пойтахти нав пешбинӣ шудааст, ҷойгир намудани ҳудуди 7-10 миллион нафар аҳолӣ дар он дар назар аст. Масоҳати умумии шаҳр тақрибан 688 километри мураббаъ аст.

Пойтахти нав аз ҷиҳати маъмурӣ ба 20 ноҳияи гуногун тақсим шудааст, аз ҷумла ноҳияи биноҳои ҳукуматӣ, шаҳраки молия ва тиҷорат барои бонкҳо ва ширкатҳои хусусӣ, шаҳраки санъат ва фарҳанг, шаҳраки байналмилалии олимпӣ, шаҳраки дониш ва дарёи кабуд ва шаҳраки дипломатӣ. Аз ҳозир баъзе чорабиниҳои муҳимми давлатию байналмилалӣ ва баъзан маҷлисҳои Ҳукумати Миср дар пойтахти нав гузаронда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки Пойтахти нави маъмурӣ маркази Ҷумҳурии Мисри Араб дар вилояти Қоҳира ва дар масофаи тақрибан 70 км самти шарқ аз пойтахти кунунии кишвар-шаҳри Қоҳира ва 65 км аз соҳили баҳри Сурх қарор дорад.

Зарурати бунёди ин шаҳрро зичии аз ҳад зиёди аҳолии пойтахти кунунии кишвар ба миён овардааст, зеро дар ҳудуди он зиёда аз 30 млн. нафар зиндагӣ мекунанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо маркази нави маъмурии Ҷумҳурии Арабии Миср ба кишвари дӯст шукуфоӣ ва мардуми Миср комёбиҳо орзу карданд.

Метавон гуфт, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мисри Араб омили ташаккул ва рушди муносибатҳои мутақобили миёни ҳар ду кишвар хоҳад гардид. Ҳамчунин, ин воқеа дар барқарор гаштани давраҳои бозомӯзонидани мутахассисони тоҷик тавассути Бунёди мисрӣ оид ба ҳамкории техникӣ бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба мо умед мебахшад.

А.З.Қамаров, устоди факултети муносибатҳои байналхалқӣ