Тоҷикистон раванди сулҳро раҳбарӣ мекунад

612

Андешаҳо перомуни Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истанбул”, ки имсол таҳти унвони  “Тақвияти ҳамраъйӣ барои сулҳ ва рушд” баргузор гардид.

          Тайи рузҳои 29-30-уми марти соли 2021 дар шаҳри Душанбе Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истанбул”, ки имсол “Тақвияти ҳамраъйӣ барои сулҳ ва рушд” номида шудааст, баргузор гардид. Натиҷаҳо ва аҳамияти ин конфронс мавриди омузиши ҳамаҷонибаи донишмандону коришносон ва сиёсатимадорони ватанӣ ва хориҷӣ хоҳад шуд. Вале аввалин андешае ки руйи кор меояд, он аст, ки Тоҷикистон раванди сулҳро дар Афғонистон сарварӣ хоҳад кард.  Зеро тавре ки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ҳанголми ифтитоҳи конфронс изҳор доштанд, «мо ба сарнавишти бародарони афғони худ бетафовут нестем». Чунки, ба андешаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «… дар он рўзҳои сахт пешвоёни онвақтаи мардуми афғон дар баробари дигар кишварҳои дўст раванди сулҳи  тоҷиконро дастгирӣ карда, ба мо кумаки холисона ва бародарона расониданд. Мо инро ҳаргиз фаромўш намекунем. Мо дар роҳи дарёфти оштӣ, сулҳ ва рушди баъдӣ таҷрибаи ғанӣ андӯхтем ва омода ҳастем дар ҳар шароите, ки набошад, онро ба мардуми бародари афғон ироа намоем».[1]  Гуфтанист, ки  ин шиори хушку холӣ ва эъломиявӣ набуда, балки Тоҷикистон бо амалҳо ва пешниҳодҳои воқеии худ борҳо исбот кардааст, ки воқеан манфиатдори устуворшавии сулҳу осоиштагӣ дар кишвари ҳамсоя буда, баҳри ин нияти нек ва башардустона ҷомеаи байналмилалмилалиро барои эҷоди як эътилофи байналмилалӣ баҳри ҳалли қазияи Афғонистон даъват кардааст. Танҳо ба ёд овардан кофист, ки беш аз 20 сол пеш дар соли 1998 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди СММ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварда буд, ки дар атрофи Афғонистон камарбанди амниятӣ эҷод карда шавад. Зеро Пешвои миллат аз аввалинҳо шуда дарк карда буд, ки ҷанги Афғонистон таҳмилист ва дар зуҳури он авомили беруна муассир мебошанд. Ва ниҳоят имруз дар идомаи ҳамон нақшаҳо мо мебинем, Тоҷикистон ба хотири сулҳу амният дар кишвари дусту ҳамсоя ба маҳфили кишварҳои минтақаи Осиё  «Қалби Осиё – раванди Истанбул» пайваст ва дар ҷаласаву нишастҳои он доимо бо пешниҳодҳои мушаххаси хеш баҳри таҳкими ҳамкориҳои судманд, тавсеаи равандҳои ҳамгароӣ, мубориази муштарак алайҳи мушкилоти умдаи минтақа мубориза мебарад. Бояд гуфт, ки «Қалби Осиё- раванди Станбул» форуми байналмилалӣ буда, 2 ноябри соли 2011 бо ташаббуси Афғонистон ва Туркия арзи вуҷуд кардааст. Тайи ин муддат конфронсҳои он дар Станбул (2011),  Кобул (2012),  Алма-ато (2013), Пекин (2014), Исломобод (2015), Амритсар (2017) баргузор гардида буданд. 9 декабри соли 2019 дар шаҳри Станбул конфронси вазирони «Қалби Осиё – раванди Станбул» таҳти унвони «Сулҳ, шарикӣ, рифоҳ» баргузор гардида ва дар он қарор шуда буд, ки конфронси навбатӣ дар Душанбе баргузор мегардад.[2] Раванди Станбул баҳри таҳкими амнияти минтақа, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Афғонистон тавассути муколама ва роҳҳои мустаҳкам кардани боварӣ равона шудааст. Муколамаи минтақавӣ аз ҳамкорӣ ҷиҳати мубориза бо таҳдидоти глобалӣ бо шумули терроризм, қочоқи маводи мухаддир, қашшоқӣ ва ифротгароӣ оғоз ёфта буд. Раванди мазкур аз се рукн: машваратҳои сиёсӣ, чораҳои таҳкими боварӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ иборат аст.  Ба «Қалби Осиё – раванди Станбул» – 15 кишвари узв – Туркия, Афғонистон, Тоҷикистон, Ирон, Покистон, Ҳиндустон, Чин, Россия, Арабистони Саудӣ, Аморати муттаҳидаи араб, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон; 16 кишвари донор – ИМА, Олмон, Бритониёи кабир, Ҷопон, Автсралиё, Дания, Миср, Финланд, Итолёиё, Норвегия, Полша, Лаҳистон, Испаниё, Шветсия ва 16 созмонҳои минтақавӣ – Сандуқи рушди Оғохон; Бонки рушди Осиё, Конфронси ҳамкорӣ ва чораҳои боварӣ дар Осиё, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Аҳдномаи Атлантики шимолӣ, Созмони ҳамокриҳои исломӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, Ассотсиатсияи ҳамкориҳои минтақавии кишварҳои Осиёи ҷанубӣ, Офиси СММ оид ба    Афғонистон, Барномаи рушди СММ, СММ, Бюрои минтақавии дипломатии СММ ва ғайра мансубанд.[3]  Тавре ки дар боло ишора рафт, дар нуҳумин конфронси  вазирони «Қалби Осиё –  раванди Станбул» дар шаҳри Душанбе Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонзимни суханронии хеш изҳор дошт, ки Тоҷикистон татбиқи стратегияи фарогири байналмилалиро ҷиҳати таъмини субот ва барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд ва барномаи васеи  мусоидат ба ҳалли мушкилоти Афғонистонро пешниҳод кард, ки аз миёни онҳо бунёди шабакаи мукаммали нақлиётиву транзитии минтақавӣ, гузоштани заминаи меъёриву ҳуқуқии рушду тиҷорати транзитӣ тавассути долонҳои нақлиётӣ бо иштироки Афғонистон, истифодаи васеи роҳи Афғонистон – Тоҷикистон – Чин ва Афғонистон – Тоҷикистон, бунёди қитъаи роҳи оҳани Румӣ – Панҷи поён – Шерхон-бандар,  бо истифода аз захоир ва имконоти энергетикии Тоҷикистон  сохтмони ду хатти интиқоли неруи барқ, яке 110 ва дигаре 220 квт бо тавоноии 500 МВт аз зеристгоҳи Геран то Пули Хумри, сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқи 500 квт «Роғун – Пули хумри», сохтмони неругоҳи барқи обии Себзор дар ВМКБ, таъсиси 4 минтақаи озоди иқтисодӣ дар сарҳад бо Афғонистон  ва амсоли инҳо хеле муҳим ба назар расида умед аст, ки  барои эҳё ва рушди иқтисоди кишвари ҳамсоя ва дуст такони ҷиддӣ хоҳанд дод. Натиҷаи ниҳои конфронси вазирони «Қалби Осиё – раванди Станбул» – қабули Эъломияи Душанбе[4] буд, ки  дурнамои рушди ҳамкориҳои кишварҳои Осиёро дар самтҳои : ҳамкорӣ дар соҳаи сулҳ, сиёсат ва амният, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ҳалли мушкилоти гурезаҳо, ҳамкориҳои минтақавӣ, ҳамкориҳоибо созмонҳои минтақавӣ ва чораҳои таҳкими бовариро мушаххас намуд.

  Ҳами тавр ба таҳлили сарироҳии натиҷаҳои конфронси нуҳуми вазирони «Қалби Осиё – раванди Станбул» нишон медиҳад, ки конфронси мазкур дар таърихи ҷидду ҷаҳд ва талошҳои ҷомеаи байналхалқӣ барои ҳалли қазияи Афғонистон, ки ба қавли аллома Муҳаммад Иқболи лоҳурӣ қалбест дар пайкари Осиё, саҳифаи нав хоҳад кушод.

Х. Самиев – декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ  


[1] Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё – раванди Истанбул». Март 30, 2021 .https://khovar.tj/2021/03/suhanronii-prezidenti-um-urii-to-ikiston-emomal-ra-mon-dar-nu-umin-konfronsi-vazironi-albi-osiyo-ravandi-istambul/

[2] А. Юсупов. В Душанбе пройдет конференция «Сердце Азии – Стамбульский процесс». https://www.aa.com.tr/ru/мир/в-душанбе-пройдет-конференция-сердце-азии-стамбульский-процесс-/2190849

[3] В Душанбе пройдет девятая министерская конференция «Сердце Азии — Стамбульский процесс». https://centralasia.media/news:1691185

[4] Душанбинская декларация 9-й Министерской конференции “Сердце Азии – Стамбульский процесс” https://mfa.tj/en/main/view/7426/dushanbe-declaration-of-the-9th-ministerial-conference-heart-of-asia-istanbul-process