Таҷлили рӯзи забони арабӣ дар кафедраи мутолиоти Шарқ

479

18 декабр соли 2021 Маҳфили навбатии  “Паёми Шарқ”-и назди  кафедраи мутолиоти Шарқӣ факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба рузи  «Забони арабӣ» баргузор гардид. Зимни кори мизи мудаввар масъалҳои марбут ба забони арабӣ , ҳамкориҳои кишварҳои Араб бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъриху фарҳанги  он баррасӣ гардид.

 Дар маҳфил мудири кафедраи мутолиоти Шарқи факултети муносибатҳои байналхалқӣ дотсент Раҳмонов М.А,  роҳбари маҳфил дотсенти кафедра Тупалов Ғ.Ш  ва шогирдон аз факултет иштирок намуда оид ба рузи забони арабӣ баромадҳо намуданд.   Мудири кафедра дотсент Раҳмонов М.А, иштирокчиёни  маҳфилро бо рӯзи забони арабӣ табрик гуфта ба ҳозирин дар рафти кор маҳфил таманиёти нек намуд.

 Сипас роҳбари илмии маҳфил дотсент Тупалов Ғ.Ш , низ ҳозиринро бо рӯзи забони арабӣ табрик гуфта, қайд кард, ки забони арабӣ яке аз забонҳои расмӣ ва кории Ассамблеяи генералӣ ва чанде аз дигар ниҳодҳои СММ буда, дар ҷаҳон мавқеи хоси назаррасро ишғол дорад. У қайд намуд, ки созмони Милали Мутањид 18 уми декабри соли 1973 забони арабиро ба расмият шинохт. Баъд аз ин тадбирњои аввалия, соли 1974 конфронси умумї баргузор гардид ва ќарор шуд, ки забони арабиро њамчун забони корї дар баробари 5 забони дигар љой кунанд.чунончи ба самъи донишҷӯён расониданд, ки омӯхтани забони араби дар факултет бисёр ба маврид буда барои муарифи намудани кишвари азизамон дар сатҳи ҷаҳони  ва раҳои аз ҳаргунам амалҳои номатлуб кумак мерасонад.

Боиси зикр аст, ки  дар маҳфил донишҷӯёни хориҷии факултет  низ иштирок намуда   бо баромадҳои худ бо забонҳои ҳориҷи  маҳфилро ҳусн бахшиданд:

Инҳам донишҷӯи курси якуми ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ гурӯҳи англисӣ Яра ал- Бадрони шаҳрванди Арабистони Саудӣ дар мавзӯи “ Таърихи забони арабӣ ” бо тариқи слайд баромад намуда маълумотҳои муфидро ба самъи ҳозирин расонид.   

Бояд қайд кард, ки донишҷӯёни дигари аъзои доимии маҳфил баромадҳо бо тариқи слайдҳо бо истифода аз васоити техникии муосир  оиди ҳамкориҳои Ҷумҳури Тоҷикистон бо кишварҳои арабро   суханронӣ намуданд. Устодони дигари кафедра низ вобаста ба мавзуъ суханрониҳо намуданд. Инчунин, дар доираи чорабинӣ ба донишҷӯён ифтихорнома ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.