Сулҳи тоҷикон ва ҳофизаи таърихии мо

7132

Дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомуз ва пурарзише ҳастанд, ки аз икдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои оянда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Чунин саҳифаи заррин ва сарнавиштсоз  барои миллати тоҷик рузи ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулх ва ризоияти миллй дар Тоҷикистон  мебошад, ки 27 июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расид ва пайёми ҷонбахше  буд аз фарорасии сулҳи деринтизор.   Ба ин руз саҷда гузоштан ва ихлос бастани  мардуми мо бесабаб нест. Зеро халқе, ки бар асари найрангу фитнаангезии душманони дохилию  хориҷӣ гирифтори ҷанги хонумонсуз гардид, фарзандонашро талаф дод, ранҷ кашид, азоби раҳдурии Ватанро чашид, ба қадри сулҳу салоҳ мерасад.

Сулҳусубот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рузи фируз моро лозим омад, ки рохи тулонии ноҳамворро тай намоем, монеаҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем.

Ҳар гоҳе Сухан аз боби замина ва омилҳои сулҳи сарнавиштсоз меравад, андешаҳо гуногун мешаванд ҳар касе кушиш мекунад, ки воқеияту ҳақиқатеро ошкор ё баён намояд. Вале воқеият ин аст, ки  президенти кишварамон, пешвои миллат ва асосгузори сулҳу ваҳдат  Эмомалии Раҳмон изҳор дошта буд: омили асосии расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон аз ниҳод ва замири халқи тоҷик бархоста, ба тафаккури созандаву иродаи шикастнопазир, фитрати баланду дустнавозии азалии ин мардум вобаста аст.

Воқеан ҳам инъиқоди Созишномаи истиқрори сулҳ дар сарзамини тоҷикон  муҳимтарин ва муассиртарин омили  расидан ба ваҳдати миллӣ буд. Ваҳдате,  ки тайи бист сол  сол ҷомеаи мо марҳала ба марҳала онро тай карда истодааст. Тайи ин чанд сол ҷомеаи мо тавонистааст,  ки  дастовардҳои хотирмонеро  дар роҳи дастёбӣ ба ризоияту ваҳдати миллӣ соҳиб шавад. Чун ба ин чанд соли душвори бунёдкориву созандагӣ назар мекунем, мебинем, ки чи гуна давлати Тоҷикистон тавонистааст монеаҳои зиёдеро пушти сар кунад.

Барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар сарзамини мо истиқлолияти Тоҷикистонро боз ҳам устувор гардонд, нури умед ба дили мардум роҳ ёфт. Ҳосил шудани созиш ва эътимоди тарафайн, барқарор гардидани сулҳу субот барои дар муддати нисбатан кӯтоҳ гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан демокртиву ҳуқуқбунёд  шароити мусоид фароҳам овард.

Муҳимтар аз ҳама, нерӯҳои гуногуни сиёсӣ дар Тоҷикистон пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиқлолият бузургтарин дастовардҳои миллат ҳастанд ва дар баробари ин ду неъмати бебаҳо манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гурӯҳӣ, маҳаллӣ  ва ғайра мақоми дуввумдараҷа доранд.

Ҳосил шудани созиш ва эътимоди тарафайн, барқарор гардидани сулҳу субот барои дар муддати нисбатан кутоҳ гузаронидани силсилаи бузурги  чорабиниҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ  ва иҷтимоӣ  дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан демокративу ҳуқуқбунёд  шароити мусоид фароҳам овард.

Ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи баркарор кардани сулх ва ризоияти миллӣ дар Точикистон аҳамияти бузурги байналхалқӣ низ дорад.

Муҳимтар аз ҳама, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон чун ба давлате, ки бунёди ҷомеаи демократиро ихтиёр кардааст ва дар ин азм устувор аст, эътимоди ҷиддӣ баст, уро ба узвияти хеш пазируфт ва тавассути созмону ниҳодҳои байналхалқӣ робитаи чандҷониба устувор кард.

Имруз Тоҷикистон узви фаъоли беш аз даҳҳо созмонҳои бонуфузи байналхалқиву минтақавӣ мебошад  ва дар ҳалли масоили умдаи минтақавиву байналмилалӣ саҳми худро мегузорад.  Аз ҷумла  иштирокчии фаъоли иттиҳодҳои ҳамгароии минтақавиву байналхалқӣ – ИДМ, СХШ, САҲА, СҲИ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, СММ буда пайваста талош ба он дорад, ки тавассути тавсеаи ин ҳамкориҳо масоили пешомади иқтисодиву сиёсиро ҳал намояд ва ҳамзамон барои рафъи хатароти имрузаи байналмилалӣ иттиҳоди кишварҳои манфиатдорро таъмин намояд.

Тавре ки бармеояд, таъиноти муҳими сиёсати хориҷии кишвар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди босуръати иқтисодӣ  ва тахкими иктидори дохилии кишвар аст.

Ин ҳадаф стратегияи санҷида, ҳамаҷониба асоснок ва дорои механизмҳои муассири робитаҳову ҳамкории фаъол бо ҳамаи кишварҳо ва субъектҳои муносибатҳои байналхалқиро тақозо дорад. Он ба пешбурди сиёсати «дарҳои боз» бо ҳама кишвархо ва субъектҳое, ки бо мамлакати мо нияти ҳамкории беғаразона доранд ва зарурати он аз соли 2003 инҷониб таъкид мешавад,  аҳамияти хос медиҳад.

Бояд таъкид кард, ки татбиқи стратегияи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар даврони ниҳоят мураккаб, зиддиятнок ва ҳассоси таърихи башарӣ ҷараён мегирад. Шинохти дақиқ ва воқеии мазмуни аслии равандҳо ва тамоюлоти муҳимтарини руз ниҳоят мушкил аст, зеро онҳо на танҳо таркиб ва мазмуни мураккаб ва пуртаззод доранд. балки ниҳоят динамикӣ ҳастанд. Возеҳ аст ки ин равандҳо, қабл аз ҳама ҷаҳонишавӣ ба сарнавишти имрузу фардои мардум ва кишвари мо таъсири рузафзун хоҳанд дошт, Аз ин ру, баррасӣ ва дарки мазмуни ҳақиқии онҳо ниҳоят зарур мебошад.

Дар маҷмуъ, сиёсати санчида ва мутавозини хориҷӣ, мавқеи равшану устувор дар мубориза бар зидди ифротгароӣ, бунёдгароӣ, терроризм,  қочоқи маводи мухаддир ва таҳдиду хатарҳои муосир, ширкати амалӣ ва масьулона дар ҳалли мушкилоти минтақавиву глобалӣ,  масъалаҳои мухимтарини умумиинсонӣ ва омилҳои дигар сабаб шуданд,  ки Тоҷикистон узви фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад. Ин дастоварди  бузурги миллӣ ва таърихист.

Дар таъмини ваҳдати ҷомеа албатта нақши Сарвари кишвар, аниқтараш пешвои ҷомеа Эмомалӣ Раҳмон бориз аст. Замоне ки Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад,  Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯбарӯ буд. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар навбати аввал бо таҳаммул ва дарки дурусти воқеиятҳо дар пайи сафару гуфтушунид бо раҳбарони давлатҳои дахлдор дар қазияи ҷанги кишвари мо шуд, бо гурӯҳҳо ва нерӯҳои мухталиф ва ҷангандаи дохилӣ рӯ ба рӯ шуд, музокира кард, сулҳ баст ва роҳро барои эҷоди сулҳ боз кард. Имрӯз ҳатто камназартарин узви ҷомеа эътироф мекунад, ки барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвари мо истиқлолияти Тоҷикис­тонро устувор гардонд ва амнияти мардуми кишварро таъмин кардааст.

Дастёбӣ ба идораи тамомияти арзӣ ва мавзунияти манфиатҳои иҷтимоӣ  тавассути таҳияи роҳи сиёсие муяссар мешавад, ки тамоили пешрафти сиёсати ҷаҳонӣ ва ниёзҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаро ба назар бигирад. Метавон гуфт, ки эҷоди созиш ва эътимоди тарафҳои даргир дар ҷанги дохилӣ, базудӣ барқарор шудани сулҳу субот, барои дар муддати кӯтоҳ баргузор кардани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоид фароҳам овард.

Президенти Тоҷикистон аз рӯзҳои нахуст таъйиноти муҳими сиёсати хориҷии кишварро дар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди босуръати иқтисодӣ ва таҳкими иқтидори дохилии мамлакат медид. Ин ҳадаф стратегияи санҷидашуда, ҳамаҷониба асоснок ва дорои механизмҳои муассири робитаҳову ҳамкории фаъол бо ҳама кишварҳо ва субъектҳои равобити байналмилалро тақозо дошт. Он ба пешбурди сиёсати дарҳои кушода бо ҳама кишварҳо ва субъектҳое, ки бо мамлакати мо нияти ҳамкории беғаразона доранд, мусоидат мекунад.

Татбиқи роҳи сиёсӣ ба механизми хосе такя мекунад, ки фаро­гири низоми усулу равиш ва услуби ҳалли вазифаҳои гузошташуда аст. Пас, пешво на танҳо идея ва барномаро пешниҳод мекунад, балки механизми татбиқи онро тавассути қабули қарорҳои сиёсӣ ва таъ­мини захираҳо таҳия ва татбиқ месозад. Ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ мақо­моти маҳаллии ҳокимиятро барқарор намуда, тартиботи қону­ниро дар шакли нисбатан беҳтар ҷорӣ кунад, фаъолияти вазоратҳо, идораю кумитаҳои давлатро ба низом оварад. Дар натиҷа, халқ бовар кард, ки ҳукумат устувор шудааст ва қодир аст, амният, пешрафт ва беҳбуди ҷомеаро таъмин кунад. Қисмати аъзами пешниҳодоти Сарвари кишвар на танҳо хислати барномавӣ доранд, балки бо механизму василаҳои мушах­хаси расидан ба ҳадаф мусаллаҳ ҳастанд.

Ҳадафи давлати Тоҷикистон бо иҷрои тарҳҳои бузургииқтисодиву иҷтимоӣ  таъмини рушди ус­тувори иқтисодӣ буда, нақшаҳои ҳукумат амалан дар доираи се ҳадафи стратегӣ: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тарҳрезӣ шуда ва батадриҷ амалӣ мешаванд.

Имрӯз барои ҳама равшан аст, ки ҳадафҳои номбурда, ҳамчунин ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқло­лият, барқарории суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати мил­лӣ, муайянкунандаи самтҳои фаъолияти Президент, Маҷлиси Олӣ, Ҳуку­мати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокими­яти дав­ла­тии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои худидораи маҳаллӣ, кор­хо­наву муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ, инчунин ҳизбҳои сиё­сӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрван­дӣ мебошанд.

Мардуми тоҷик пас аз он ки фоҷиаи сахти миллиро паси сар кард, ба шинохти ҳастии хеш рӯ овард, зарурати ваҳдати миллӣ ва ҳифзи якпорчагин давлати миллиро беш аз пеш дарк намудааст. Ин сарчашмаи асосӣ ва омили муҳимтарини пояндагии ваҳдати миллист.

Ваҳдати миллӣ моҳият ва арзишҳои  худро дошта, ба қадр, мӯҳтаво ва асолати он расидан худ кори муқаддас ва бузург мебошад. Чуноне Пешвои миллат , мӯҳтарам Эмомалии Раҳмон борҳо изҳор доштаанд:  «Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазири миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.» 

          Ормонҳои миллати мо чун озодӣ, истиқлолият, ватандӯстиву инсондӯстӣ, озодфикуриву илмдӯстӣ, ваҳдати милливу дӯстии байни миллатҳо, таҳаммулгароиву фарҳанговарӣ аз он ғояҳо ва омилҳое мебошанд, ки метавонанд устувории ҷомеаи моро таъмин намоянд.

Бузургтарин монеъа дар роҳи худшиносиву ваҳдати миллат фақр аст. Зеро ҳар ҷо ки фақр аст, дар он ҷо ақибмондагӣ ҳаст, бемаърифатӣ ҳаст, ҷаҳлу фасод ҳаст, бедодгарӣ ҳаст, ихтилоф миёни манофеъи табақоти ҷомеа ҳаст ва низоъу нифоқ ҳам ҳаст. Ҳар ҷо ки иқтисод таназзул кунад, фақр густариш меёбад, фарҳанг ва арзишҳои маънавиву ахлоқӣ беқадр мешаванд ва фасоду табоҳӣ авҷ мегирад. Нобаробариҳои иҷтимоӣ амиқтар мегарданд ва барои мардуми фақир роҳ ба сӯи маърифат баста мешавад. Ин ҳама, яъне фақру нобаробарии иҷтимоӣ, беадолатӣ, бемаърифатӣ, фасод, риоя нашудани ҳуқуқу озодиҳои мардум омилҳои ваҳдаткуш мебошанд, на омилҳои ваҳдатзо.

 Барои он ки дар ҷомеа ваҳдат бошад, лозим аст, ки худшиносии мардум боло равад. Яъне лозим аст, ки мо худро нек бишносем, аз гузаштаҳою имрӯзи худ огоҳ бошем ва бар ояндаи худ биандешем. Барои ин мебояд ки сатҳи донишу маърифати мардум баланд бошад. Барои ин лозим аст, ки низоми маориф ва илму фарҳанги муосиру пешрафта дошта бошем ва сифати «сармояи инсонӣ»-ро беҳтар созем. Барои ин лозим аст, ки илму техника ва иқтисод пешрафт кунад, самарабахшии кор  ва даромади мардум боло равад… Барои ин лозим аст, ки мардум аз ҳуқуқу озодиҳои бештар бархурдор бошанд, фасоду девонсолорӣ аз миён бардошта шавад, дар ҷомеа адолати иҷтимоӣ ва қавонини хирадпазир ва рафтори нек ҳукмфармо гардад. Барои ин лозим аст, ки назму низоми иҷтимоиву иқтисодӣ  ва сиёсии кишвар  на танҳо дар Сухан, балки амалан ислоҳ гардад ва сиёсатҳои давлат  бар пояи адолат  устувор бошад. Зеро дар ҷое ки адолату ростӣ набошад, дар ҷое ки дуруғгуиву риё ва зуроварӣ ривоҷ  ёбад, дар он ҷо ваҳдат намешавад.  Хуллас, таъмини рифоҳи иқтисодиву адолати иҷтимоӣ, маърифати баланду худшиносии мардум, ҳуқуқу озодиҳои инсон, озодии баён ва таҳаммулу мадоро муҳимтарин омилҳои ваҳдати ҷомеа мебошанд.

Устуворшавии арзишҳои демократӣ ва  ниҳодҳои демократӣ, бо такя ба фаъол гардонии амал ва мавқеи созмонҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, такмилу тақвияти механизми таъсири ҷомеа ба шахс ва рафтори ӯ, тарбияи маърифати баланди сиёсии шаҳрвандон ва санъати идораи ҷомеа,тарбияи чавонон дар руҳи арзишҳои меҳанпарастӣ ва эҳтиром доштани мероси маънавии ниёгон, устуворшавии адолати иҷтимоӣ василаҳои воқеии расидан ба ваҳдати миллианд.

Метавон гуфт, ки ваҳдати миллӣ метавонад чун идеологияи ҷомеаи навбунёд пазируфта дар роҳи боло бурдани ҳуввияти миллӣ ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон хидмат намояд.

Рушан аст ки  муҳимтарин омили ваҳдат – ишқу алоқа ба Ватан, ба забону фарҳанг аст. Албатта мардуми мо чунин дилбастагиро доранд. Вале он аксаран аз ҳадди қавму маҳал  фаротар намеравад. Барои ваҳдати миллӣ ин кам аст. Ҳамчунон дарки ин маънӣ лозим аст, ки ҳар яки мо фарзанди як миллат ва як сарзамин ҳастем ва ҳар як ваҷаби хоки Ватан ва ҳамаи афроди ҷомеа барои мо ба мисли падару модар ва хоҳару бародар азизанд.         

Мо бояд  гаштав баргашта ба ин падидаи нодир ру орем, сабақҳои онро амиқан таҳлил намоем, ба мардуми худ ва бегонагон фаҳмонем, ки воқеият на онест, ки дар пиндору навиштаҳост. Руз то руз теъдоди мақолаву навиштаҳо зиёд мешаванд, вале ҷавҳари асосии ин  падида нокушода мемонад. Сари таҷрибаи таърихиву байналмилалии сулҳи тоҷикон ҳарф мегуем, менависем, аммо асрори он нокушода мемонад. Ҳол он ки дарки воқеии сулҳ на танҳо барои мо балки барои дигарон, ҳамсоягон, кишварҳое, ки солҳи зиёде даргир ва оғуштаи ҷанги шаҳрвандӣ ва харобиовар ҳастанд, зарур аст.  То ҳоло он амри воқеиро кушода наметавонем, ки дар таърихи ҷомеаи башарӣ танҳо Пешвои миллии мо  Эмомалии Раҳмон тавонист, неруҳои мухталифро сари мизи гуфтушунид биёрад, низоми давлатдории хешро, ки сирфан моҳияти дунявӣ дошт, ҳифз намояд, дар сари қудрат бимонад ва танҳо ба хотири  сулҳу оромиши миллат ҳам дар бари хеш мухолифинро ҷой диҳад. То ҳол сари он андеша намекунем, ки ҳар иқдоме, ки Сарвари давлат  ва ҳукумат дар  роҳи ислоҳ ва пешрафти ҷомеа мегузорад, ба хоти р ва боиси таҳкими сулҳу ваҳдати тоҷикон аст.    Албатта ислоҳот ва пешрафт динамикаро мехоҳад,  тағйироти азимро  мехоҳад, вале дар маркази ин тағйироту дигаргунӣ бояд масъалаи суботу устувории  ҷомеа гузошта шавад. Мо дидаи кушода дорем, мебинем, ки дар гирду атрофи мо чи воқеаҳо руй дода истодаанд. Ба хотири ким-кадом идеяҳое, ки ба мазмуни воқеии он ҳоло ҳам сарфаҳм нарафтаем, миллатҳо парешон, мардум саргардон, овора ва маҳрум аз оддитарин неъматҳои зиндагӣ.

          Доду садоҳое дар атрофи он бардошта мешаванд, ки фаъолияти ин ё он ҳизб манъ карда шудааст, ин ё он ба истилоҳ «ходими сиёсӣ» ё сарвари ҳизб аз тарси таъқибу фишор худро ба беруни марз задаст. Аммо боре ҳам таҳлил накардаем, ки онҳо ҳам (ки пеш мухолифинашон мегуфтем) аз ин неъмат ва шароити мусоиди сулҳ эҷод карда ба хотири пешрафт ва ислоҳи ҷомеа истифода накарданд, аз мақоми хеш дар парлумони кишвар ҳифз накардаанд, ва оҳиста-оҳиста мавқеи худро дар интихоботҳо аз даст додаанд. Канӣ он барномаву пешниҳодҳои конструктивии ин ҳизбҳову гуруҳҳои «ватанхоҳ» дар  роҳи ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ сиёсии мо. Ё фақат онҳо мазмуни муборизаро дар изҳоротҳову гушанишиниҳо ва эътирозҳо ва ҳам кумакпурсиҳо аз «хоҷагони хориҷӣ»- и хеш мебинанд. Чаро ин гунна муборизон боре ҳам андеша накардаанд, ки сабаби асосии ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани ҷомеаи солҳои навадум ин фарҳанги пасти сиёсии ҷомеа буд. Ва чаро дар роҳи ислоҳи он  ва ташаккули фарҳанги сиёсии ҳамсафон ва пайравони хеш кушиш накарданд ва ягона роҳро дар ислоҳи ҷомеа дар кушиши табаддулот дидаанд.

          Чизи дигаре, ки мехостам хонандагони азизи мо сари он андеша намоянд,    оиди маърифат ва шинохти динии мо мебошад. Фаромуш набояд кард, ки дар овони истиқлолиятхоҳӣ ва воқеаҳои солҳои навадум неруҳои бо ном демократӣ ва миллатхоҳ бо сабаби заъфи сиёсиву иҷтимоии хеш ташаббусро ба дасти неруҳои тундрав ва қудратталаби  «ҳомиёни дин» доданд ва чун онҳо дар ниҳоди хеш аз андешаи таҳаммулпазирӣ ва маърифатгароӣ ҷойе надоштанд, даст ба муқовимати руирост заданд ва натиҷаи онро дидем. Имруз фаромуш кардаем, ки силсилаи иқдому чорабиниҳое, ки сарвари давлат ва ҳам ҳукумати Тоҷикистон тайи ин бист сол баҳри эҳёи дин ва маърифати динии мо, эҷод ва ташаккули ниҳодҳои ташкилотиву маърифатии дини ислом дар кишвари мо амалӣ кардаанд, намунаи худро дар дигар кишварҳо надоранд. Аммо гуруҳҳои ҷоҳталаб ва қудратхоҳи ба истилоҳ «ҳомиёни дин» ба чи кор даст заданд. Чаро дар  роҳи боло бурдани маърифати динии ҷавонон ва таъмини ваҳдати мазҳабии мо иқдоме накардаанд. Чаро пеши роҳи тундравшавии мазҳабии ҷавонони моро намегиранд ва бо ниҳодҳову мақомоти расмӣ ҳамкорӣ намекунанд.

 Ва ниҳоят чанд андешае оиди он ки дар ба ҳам овардани миллати мо ва таъмини сулҳу субот саҳми ҳамсоягон ва кишварҳои  қудратманди бо мо дусту наздик саҳми худро гузоштаанд. Инро ҳеҷ кас  инкор накардааст ва инкор ҳам карданӣ нест. Аз Сардори давлат сар карда то шаҳрванди оддии тоҷик. Аммо чизи дигаре боиси нигаронии мост, ин аст ки имруз ҳам онҳое ёфт мешаванд, ки сари ин масъала бармегарданд, аз нав миннат мекунанд, ва шикваҳо ҳам аз «беқадриву ноқадрдонии мо»  мекунанд.

Аз донишмандону мунавварфикрони мо, бахусус ҷомеашиносону сиёсатшиносони мо хории кас  меояд, ки ба ин гуна садоҳо, андешаҳо ҷавоб намегуянд, мақолаҳо наменависанд, таҳлилҳое руи коғаз намеоранд. Ҳол он ки ба кури модарзод ҳам чун руз равшан аст, ки он корнамоиву ҷонсупориҳое, ки фарзандони ростини миллат бо Пешвои миллии худ Эмомалии Раҳмон дар роҳи эҷоди сулҳ ва ризоияти миллӣ ба сомон расонданд, ба силсилаи асару достонҳо ва тадқиқотҳои илмӣ меарзанд ва солиёни зиёде мавриди таваҷҷӯҳ ва бозомузии андешамандон хоҳад буд. 

Барои он ки аз таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон сабақҳои даркориро гирифта бошем  ва дигар ба иштибоҳоти , ки дар солҳои 90-ум карда будем, роҳ надиҳем, бояд ба гуфти донишманди маъруфти тоҷик устод Абдунаби Сатторзода «онро ҳаматарафа омухт ва дар мактабу донишгоҳҳои ҷумҳурӣ таълим дод».[1]

Сол чаҳорум аст, ки дар факултаи муносибатҳои байналхалқии ДМТ дарси «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон» таълим дода мешавад. Ин дарсро шоҳид ва иштирокчии бевоситаи равандҳои гуфтушуниди байни тоҷикон, донишманд, сиёсатшинос ва дипломатии маъруф Абдунаби Сатторзода мегузарад. Гумон меравад, ки ташаббус  боиси дастгирист ва

Дар донишгоҳҳои дигар низ ба хондани чунини дарсҳо ишитрокчиён ва шоҳидони бевоситаи раванди сулҳи тоҷикон бояд ҷалб карда шаванд.

Албатта дар бораи равандҳои музокироти байни тоҷикн, истиқрори сулҳ дар сарзамини як силсила конфронсҳову исмпозиумҳо ва нишастҳои илмии ҷумҳуриявиву байналхалқӣ баргузор гардида, маҷмуаҳо ҳам ба табъ расидаанд. [2]

Бо ташаббуси баъзе кишварҳои аъзои СММ ва созмонҳои минтақавиву байналмилалӣ чанд лоиҳаи вижае оиди омухтани таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва амалӣ гардонидани дастоварҳои он дар ҷомеаи тоҷик таҳия шудаанд, аз қабили тарҳҳои Мколамаи бардавом, муколамаи минтақавӣ ва муколамаи миллӣ дар чаҳорчуби Конфронси Дармут аз ҷониби бунёди Кеттеринг ва иИнститути байналмилалии муколамаи устувори ИМА, «Эҷоди роҳҳои сулҳсозӣ дар муколама оид ба ҳамзистӣ ва ҳамфикрии фарҳанг ва тамаддунҳо дар қаламрави САҲА» ё лоиҳаи Арне Зайферт аз тарафи Вазорати хориҷии Олмон ва Маркази таҳқиқоти САҲА дар Ҳамбург, «Муколамаи диниву дунявӣ дар Тоҷикистон » аз ҷоиниби Вазорати корҳои хориҷии Швейтсария ва монанди инҳо.

Дар доираи ин лоиҳаҳо чанд китоби арзишманде бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, олмонӣ ва англисӣ ба чоп расиданд, ки аз ҷониби коршиносон ва донишмандони ватаниву хориҷӣ ба хубӣ пазируфта шуданд ва бо ҳамин заминаи мусоиди назарӣ ва амалиро барои омузиши ҳамиқ ва ҳамаҷонибаи сабақҳо ва дастовардҳои сулҳи тоҷикон ва ба мардуми тоҷик дастрас намудани онҳо фароҳам сохтанд.

Бо вуҷуди ин ба андешаи мо корҳои то имруз анҷом додашуда нокифоя буда воқеияти ин раванди мураккаб ва пурпечутоби тақдирсозро  бо пуррагӣ ва дурустинъикос карда нметавонанд. Ба илова тавре ки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон дар рузи ҷамъбасти Конфронси байналмилалӣ аз 25 июни соли 2007 изҳор карда буд, «Бисёриҳо китоб менависанд, аммо дуруғ менависанд. Аз худ қаҳрамон метарошанд. Навиштаҳои холисона даркор аст…»

Ҳамчун як ҷомеашинос ва устоди донишгоҳӣ мехостам, ки ҳамеша дар навиштаҳо ва гуфтугуҳову дарсҳои хеш ин чанд нуктаро доимо дар лавҳи насли имруз устувор намоем:

а) Ваҳдат чун истиқлол барои тоҷикон неъмати худовандист ва онро бояд мо ҳифз намоем. Тавре ки донишманди маъруф Рустами Ваҳҳобиён гуфтааст «Ваҳдат мисли тамомияти арзӣ ва ихтиёри миллӣ дахолати бегонаро роҳ намедиҳад. Он марҳалаи комилест, ки ба худкифоии маънавӣ ва сиёсӣ расидани миллат мебошад. Агарчи дар роҳи расидан ба ин марҳала аз омилҳои берунӣ ҳам суд бурдааст, вале дар раванди баъдӣ дахолати берунӣ метавонад нисбат ба комилу халалнопазир будани он шубҳа ба вуҷуд биёрад.» Албатта ҳамватанони мо бехабар аз онанд, ки кишварҳои манфиатхоҳи минтақа ва дурру наздик он солҳо бо истифода аз ноава ноиттифоқии мо дар ҳалли мушкилоти хеш ба корҳои дохили кишварамон ба таври ошкоро дахолат мекарданд ва бо дасти худамон теша бар решаи ваҳдат ва якпорчагии ватани азизамон заданбуданд. Имрӯз ҳам равшан аст, ки онҳо аз ниятҳои шуми хеш даст накашидаанд ва омодаанд, ки боистифода аз хурдтарин ҳамдигарнофаҳмиҳои мо ба майлу мурди худ истифода баранд.

б)  Ваҳдат нурест,  ки ба зулмоти шабистони ҷанги шаҳрванди ворид шуд ва роҳи раҳоии моро аз вартаи нобудӣ нишон дод. Ин нур ба сарзамини мо сулҳи деринтизори моро овард.

в) Ваҳдат самараи талошҳо ва ҷонфидоиҳои фарзандони ростини ватан бо роҳбарӣ ва раҳнамоии пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст мо бояд хидмати ҳамаи онҳоро фаромуш накунем.

г) Ваҳдат падидаи фарогири ҳамаи табақаҳои иҷтимоӣ ва ҳамаи маҳалҳову ноҳияҳои ҷумҳурист.  «Ваҳдат дар маҷмуъ, паймони қарордоди байни ду ё чанд гурӯҳ нест, балки мафҳуми мутлақе аст, ки саросари ҷомеаи кишварро фаро мегирад ва ниёз ба ҳеч навъ қайду шарти иҷборӣ надорад.

д) Ваҳдат падидаи динамикист ва ҳамқадами мо аз ибтидо то ба имруз ва дар оянда ҳам хоҳад буд.  Ваҳдат мафҳуми муваққат ва марҳилавӣ нест, балки он яке аз аслҳои ҷовидонии ормони миллӣ буда ҳамеша дар ҳоли такмил шудан мебошад.

 Вазифаи мо донишмандон пеш аз ҳама омузиши ҳаматарафа ва амиқи зоҳиру ботини ин падидаи сарнавиштсоз ва ба самъи донишҷуён расондани он ва ҳам тарбияи ин насл дар руҳи эҳтиром, ҳифз ва садоқат ба ваҳдат аст. Талқин ва тарғиби  он ҳақиқатест, ки Маҳз ваҳдати миллӣ омили муайянкунандаи роҳи генералии пешрафти Тоҷикистон гардида, арзишҳо ва афзалиятҳои ҷомеаи тоҷикро шакл дод ва қавитар гар­донд ва гузашта аз ин  пояи устувории давлатдории тоҷикон шудааст.

Холаҳмад Самиев 


[1] Абдунаби Сатторзода. Арзишҳои ваҳдати миллӣ. – Душанбе, 2017. – с.10.

[2] Миротворческие процессы в Таджикистане- Душанбе, 1997.; Ваҳдат, Давлат, Президент. (Иншои ваҳдат). – Душанбе, 2007. ҷ. VI;