Сотсиологияи равобити байналмилал: китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ

457

Китоби дарсии “Сотсиологияи равобити байналмилал: китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ”, зери қалами н.и.т., дотсентон Самиев Х.Д ва Салимов Ф.Н. (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) аз чоп баромад. Китоби дарсии мазкур роҳнамои методии гуфторҳои устод ба донишҷӯён ҳангоми гузарондани машғулиятҳо аз фанни «Сотсиологияи равобити байналмилал» буда, ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳи донишҷӯён ба ҷанбаъҳои асосии мавзӯи омӯхташаванда хидмат мекунад. Доир ба ҳар мавзӯъ ҳадафҳои машғулият, нақшаи гузарондани машғулият, адабиёти зарурӣ, саволҳо барои санҷиши мустақилона, вазифаҳои амалӣ пешкаш карда шудаанд. Кор бо ин самт ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки маърифати касбии хешро амиқтар гардонанд. Ҷанбаи амалии предмет тавассути сюжетҳо барои пешбурди мубоҳиса, бозиҳои амалӣ пешниҳод шудааст, ки бояд ба ташаккули тафаккури ҷомеашинос, аз худ кардани малакаҳои фаъолияти омузгорӣ кӯмак мекунанд. Китоб ба онҳое, ки ба омӯзиши риштаи равобити байналмилал машғуланд, нигаронда шудааст.Самиев Х.Д., Салимов Ф.Н. Сотсиологияи равобити байналмилал: китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ. – Душанбе, 2022. -241 с.©Лоиҳаи “Беҳтаргардонии ҷараёни таълим ва васеъгардонии имкониятҳои (кортаъминкунӣ) хатмкунандагон” (созишномаи грантӣ №20/1-2) амалӣ гардид.