Сиёсати хориҷии сулҳҷуёна ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ дар паёми Пешвои миллат

585

Муваффақияти сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи тоҷик, пеш аз ҳама аз маҳорати барномарезӣ ва дурандешии сарвари он Асосгузори сулҳу ваҳдати милли  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, анъанаҳои давлатдорӣ, арзишҳои фарҳангию маънавӣ ва касбияти кормандони хадамоти дипломатӣ вобаста мебошад. Анъанаҳои давлатдорӣ, сиёсати хориҷӣ ва дипломатия, тартиби фиристодани расул, таҷрибаи сулҳ ва миёнаравӣ ҳамоҳанги таърихи ташаккули халқи тоҷик буданд ва ҳастанд. Хотиррасон кардани ин ҳақиқат, ки расидан ба истиқлоли миллӣ дар охирин даҳаи садаи бист барои миллати тоҷик на оғози давлатдорӣ, балки бозгашт ба саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ аст, хеле муҳим мебошад. Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати соҳибистиқлол шакли эҳёшудаи Давлати Сомониён аст, ки ба иллати ҳаводиси таърих зиёда аз ҳазору сад сол пеш аз арсаи сиёсати ҷаҳонӣ фурӯ афтод. Тоҷикони Мовароуннаҳр ва Хуросон, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ “порс” номида мешаванд ва дар замони ҳукмронии арабҳо номи “тоҷик”-ро гирифтанд, ҳамон ориёиҳое ҳастанд, ки ҳамеша омили давлатҳо ва империяҳои бузург буданд, ки дар дунёи бостон ба вуҷуд омадаву фурӯ пошидаанд.

Дар бораи муносибати байналхалқии Тоҷикистон гуфтан мумкин аст, ки робитаҳои хориҷии Тоҷикистон сол то сол таҳким меёбад. Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аъзои чандин созмону ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ мебошад. Тоҷикистон “сиёсати дарҳои кушода”-ро пеша намудааст. Дар мавриди ба роҳ мондани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ аз мавқеи манфиатҳои миллӣ ва алоқаҳои мутақобилан судманд бо он мамлакатҳо муносибатро ба роҳ мемонад.

 Сарвари давлат аз рӯзҳои аввал ҷонибдори “сиёсати дарҳои кушода” буданд ва дарк мекарданд, ки маҳз дар мавриди ба роҳ мондани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ аз мавқеи манфиатҳои миллӣ ва алоқаҳои мутақобилан судманд бо он мамлакатҳо метавон кишварро аз муҳосираи иқтисодӣ бароварда, ҷиҳати дар оянда амалӣ намудани ҳадафҳои ҳаётан муҳим барои давлату миллат заминаи мусоид фароҳам овард. Ин нуқтаро дар паёми навбатии  худ Пешвои миллат чунин кайд намуданд, ки имрӯз Тоҷикистон бо 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкории Исломӣ ва дигар сохторҳои бонуфузи глобалӣ ва минтақавӣ мебошад. Дар ин замина муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мо, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздикамон – кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хосса доранд, дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфта истодаанд ва мо ин сиёсатро дар оянда низ густариш медиҳем. Бо баёни ин матлаб Пешвои муаззами  миллат бори дигар таъкид ба он намудаанд, ки Тоҷикистон сиёсати сулҳҷуёна ва эҳтироми арзишҳои милливу умумибашариро дар солҳои минбаъда низ идома медиҳад. Махсусан қайд гардид, ки дар оянда низ масъалаҳои таҳкиму густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо шарикони стратегӣ ва рушди мо – Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чун ҳамеша дар сархати авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонанд. Дар ин росто мутобиқ бо ҳадафҳои дарозмуддати стратегии худ муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро бо кишварҳои ба мо дӯсту хайрхоҳи ҷаҳони ислом, Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ, Ҷануби Шарқӣ, Уқёнуси Ором, Африқову Амрико ба роҳ монда, рушду тавсеа хоҳад  бахшид. Матлаб аз ин ҳарфҳо дар он аст, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори густариши ҳамкори бо кишварҳои қораи Осиё махсусан кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ Ҳиндустон ва Покистон, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ки дар арсаи ҷаҳонӣ бо номи “Бабрҳои Осиёгӣ” машҳуранд ва бархе аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳони ислом буда аз таҷрибаи иқтисодиву иқтимоӣ, сайёҳиву- саноатӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва гуманитариву техникии онҳо истифода намуда дар шароити кишвар онро татбиқ ва созгор ба манфиатҳои милли мутобиқ мегардонад. Ҳамчунин дар оянда дар доираи лоиҳаҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ ҳамкориро бо ин кишварҳо тақвият бахшида барои пешгирии амалҳои номатлуби замон саҳмгузор ва ташаббускор боқи мемонад.

Масъалаи дигаре, ки дар паём дарҷ гардид ин,  пеш аз ҳама таъмини амнияти милливу  минтақавӣ бо назардошти вазъи дохилии Афғонистон буд. Зеро Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр хатти сарҳад дорад, ки 60 фоизи сарҳади умумии минтақаи Осиёи Марказиро бо ин кишвар ташкил медиҳад. Ба ин хотир барқароршвии сулҳ дар Афғонистон на танҳо барои як давлати минтақа балки барои тамоми кишварҳои  Осиёи Марказӣ муҳим аст. Зиёда аз бист сол мешавад, ки Тоҷикистон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ  диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамояд, ки ин ҳам аз сиёсати инсонмеҳваронаи Пешвои миллат дарак медиҳад. Чунончи мефармоянд “ҳолати фоҷиабори дар ин кишвар баамаломада гуноҳи мардуми дорои тамаддун ва таъриху фарҳанги бисёр қадимии Афғонистон нест, балки натиҷаи дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии он мебошад, ки беш аз 43 сол инҷониб идома дорад”. Дар идома чунин қайд менамоянд, ки мардуми Тоҷикистон натиҷаи дахолати доираҳои манфиатдори хориҷиро, ки боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта, ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар ва ятим мондани зиёда аз 50 ҳазор нафар кӯдакон гардид, ҳаргиз фаромӯш намекунанд. Бинобар ин, мо, ки чунин таҷрибаи талхи таърихӣ дорем, ҳеҷ гоҳ ба масъалаҳои дохилии ҳамсояҳои худ дахолат намекунем ва дар муносибат бо онҳо ягон ҳадафи ғаразнок надорем. Бори дигар Пешвои миллат  дар ин паём мавқеи аз мавқеи худ, яъне сарҷамъ сохтани тамоми мардум ва таъсис додани ҳукумати фарогири манфиатҳо ва намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва нерӯҳои сиёсӣ ягона роҳи расидан ба суботу оромӣ дар Афғонистон мебошад устувор монданд. Яъне сохти давлатдорӣ ва тарзи идораи давлат бо майлу ирода ва раъйи худи мардуми Афғонистон муайян ва муқаррар карда шавад. Тоҷикистон омадагии худро оид ба расонидани кумакҳои гуманитарии башарӣ ба минтақаҳои Афғонистон пешниҳод намуд ҳамчунин  Пешвои миллат ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки дар доираи имкон барои расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон чораҷӯӣ намояд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро  ҳамчун  кишвари ташаббускор эътироф намудааст, ки  силсила ташаббусҳои обӣ дар доираи Созмони Милали Мутаҳид, ташаббусҳои экологиву пешгирии амалҳои номатлуби замон аз қабили терроризу экстремизм, кочоқи маводи мухаддир , кибертерроризм ва киберэкстремизм пешниҳоди тарҳи сулҳи дастаҷамъона барои барқарор гардидани оромиву субот ва ризояти милли дар Афғонистон далели ин гуфтаҳоянд.

Имрӯзҳо иқдоми чоруми Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст. Ҳамзамон бо ин, масъалаи тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи хоси кишвари мо қарор гирифтааст. Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, аз байн рафтааст. Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо шарикони байналмилалии худ саъй карда истодааст.

Солҳои охир бо ташаббусҳои шабонарузии шаҳрдорӣ, пойтахти азизи мо Душанбешаҳр ободу зебо ва сабзпуш гардида макони баргузории ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳониву минтақавӣ гардидааст, ки махсусан дар ин ҳамоишҳо  масъалаҳои муҳимтарин ва умдатарини минтақавию ҷаҳонӣ  мавриди  таҳлилу баррасиҳои ҳамаҷониба қарор мегирад, ки ин раванд сатҳи ҷаҳон бо модели “Раванди Душанбе”  маълум аст.  Имсол низ барои Тоҷикистон соли фаромушнашуданист, зеро новобаста аз вазъияти мураккаби ҷаҳон паҳншавии Пандемия, ноороми минтақа бо назардошти масъалаи Афғонистон, соли ҷори дар радифи таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамчунин раисии ин Созмони Ҳамкории Шанхай   ки ба 20 солагии таъсисёбии он рост меомад ва ҷаласаи саронии давлатҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро ба уҳда дошт. Чандин маротиба аз ҷониби иштирокчиён, ташрифоварандагон ва таҳлилгарони соҳавӣ барои дар сатҳи баланду осуда ва хотирмону бо нишон додани фарҳангӣ болои урфу одатҳои меҳмоннавозиву меҳмондорӣ, баргузор гардидан, баҳои баланд доданд, ки  барои ҳар як тоҷику тоҷикистони боиси фахр аст.

Аз ҷумла қайд гардид ки, идомаи муаррифии шоистаи нақшаҳои бунёдкорона, иқдомҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неку созандаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин, ҳузури фаъоли кишвари мо дар раванди ҳаллу фасли мушкилоти олами муосир аз ҷумлаи ҳадафҳое мебошанд, ки барои расидан ба онҳо минбаъд низ кӯшиш ба харҷ хоҳем дод.  Имсол воқеан барои мардуми Тоҷикистон хеле муҳим аст . Аз ин рӯ, аз нигоҳи мо, бо назардошти тамоми он таҳаввулотҳое, ки дар минтақа ва ҷаҳон рӯй дода истодааст, корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳиро тақвият бахшидан  лозим аст. Сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  имкон медиҳад, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба оянда бо эътимод назар карда, тарҳи мукаммал ва муваффақи зидагии халқу миллат ва худро тарҳрезӣ намояд.

              ҲАБИБҶОН МИРЗОЕВ – н.и.т. Устоди кафедраи МБ.