Шоҳроҳи нави ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Арабии Мирс (дар ҳошияи сафари расмии Пешвои Миллат)

447

Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ роҳандозии муносибатҳо бо кишварҳои мусулмоннишин самти афзалиятноки сиёсати хориҷӣ ба ҳисоб мерафт ва аввалин кишварҳои арабие, ки истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф карда, бо он равобити дипломатӣ барқарор намуданд, Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир, Мамлакати Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Араби Миср мебошанд [6, c.87].

Ҷумҳурии Арабии Миср дар қисмати шимолу шарқии қитъаи Африқо ҷойгир буда, яке аз муҳимтарин кишварҳои ҷаҳони араб ба ҳисоб меравад. Ин кишвар барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ мебошад. Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Арабии Миср аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки санаи 1-январи соли 1992 истиқлолияти давлатии моро пазируфта, шуруъ аз 1-апрели соли 1993 муносибатҳои дипломатии хешро барқарор кардааст.

Аз барқарор намудани муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Арабии Миср зиёда аз ду  даҳсола  сипарӣ  мешавад. Ҷои ёдоварист, ки дар тули 29 соли ҳамкорӣ 14 санад ба имзо расида, чандин мулоқоту дидорҳо ба вуқуъ пайваста аст.

4-уми феврали соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Арабии Миср боздиди расмӣ ба амал овард, ки ин сафар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Ҳуснӣ Муборак хеле дар сатҳи баланд истиқбол шуд. Зимни сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти рушди муносибатҳои дӯстонаи миёни ҳар ду кишвари дӯстро муҳим арзёбӣ намуда, аз ҷумла чунин изҳор дошт: «Таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Арабии Миср, ки яке аз гаҳвораҳои тамаддуни башарӣ ва ҳамзамон аз кишварҳои бонуфузи араб ва ҷаҳони ислом аст, аз самтҳои муҳими сиёсати минтақавию байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст» [1, c.92]. Ин боздид ба рушди муносибатҳои дуҷониба такони назаррас бахшид.

Инчунин аз натиҷаҳои назарраси сафари роҳбари давлат ба ин кишвар таъсисёбии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ мебошад, ки ҷаласаи аввали он рӯзҳои 25-27 уми январи соли 2009 дар Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷараёни кори Комиссия масъалаҳои дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетика, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ матраҳ гардиданд [6, c.89].

Ҳодисаҳои сиёсие, ки дар Шарқи Наздик, аз ҷумла Ҷумҳурии Арабии Миср бо номи “Баҳори Араб” рух доданд, сабаби хеле паст рафтани сатҳи иқтисодии Миср гаштанд. Аз 25-уми январи соли 2011 вазъи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср тезутунд гашт, ки бо ду инқилоб ва ивазшавии ду президент (Ҳуснӣ Муборак ва Муҳаммад Мурсӣ) анҷом ёфт. Табиист, ки бадшавии вазъи сиёсӣ ва аз байн рафтани амнияту субот дар Миср ба муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии дуҷонибаи ҳар ду кишвар бетаъсир намонд ва ҳоло гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Миср то ҷое коҳиш ёфтааст.

Чунин вазъи сиёсӣ ба баргузории дигар чорабиниҳои нақшавӣ, аз ҷумла кори Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср, ки даври навбатии он бояд дар шаҳри Қоҳира баргузор мегашт, инчунин омадурафти соҳибкорону сайёҳон ба Тоҷикистон таъсир расонд. 3-юми июни соли 2013 дар интихоботи нави президентӣ Абдулфаттоҳ Ассисӣ Президенти Миср интихоб шуд ва бо омадани Ассисӣ ба сари ҳокимият вазъи Миср рӯ ба эътидол ва беҳбудӣ овард [1, c.92].

Қадами дигари мустаҳкам кардани робитаҳо ва барқарор кардани тамосҳои доимӣ таъсис додани намояндагиҳои дипломатӣ мебошад. Моҳи октябри соли 2007 Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср ба фаъолият шурӯъ кард, ки нахустин намояндагии дипломатии ҷумҳурӣ дар кишварҳои арабӣ буд [7, c.185].

Заминаи асосии муносибатҳои дуҷонибаро ҳамкориҳо дар самти бозомӯзонидани мутахассисони тоҷик тавассути Бунёди мисрӣ оид ба ҳамкории техникӣ бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил медиҳад, ки дар тӯли 19-соли фаъолияти бунёди фавқуззикр 159 давраи кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дар соҳаҳои мухталиф бо иштироки 1141 нафар мутахассисони тоҷик ташкил карда шудааст [2, c.75].

Айни замон аз ҷониби ду кишвар барои равнақ бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, сохтмон, тандурустӣ, саноати дорусозӣ, табъу нашр ва бунёди корхонаҳо таваҷҷуҳи хоса дода мешавад.

26 октябри 2020 дар Қоҳира Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Қосимӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср дар умури кишварҳои Осиё Ториқ Ал-Васимӣ мулоқот намуд. Дипломати тоҷик дуруди роҳбарияти Тоҷикистон ва Вазири корҳои хориҷии кишварро ба ҷониби Миср расонида, омодагӣ ва рағбати ҷониби моро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо кишвари дӯсти Миср таъкид намуд.

Ҷумҳурии Арабии Миср аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта мебошад. Чигунае, ки медонем аз тамоми гушаву канори дунё ба ин сарзамин барои доштани таърихи қадима,  Аҳромҳо,  қабристонҳои қадимии Миср на танҳо сайёҳон, балки олимону бостоншиносон барои гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ ташриф меоранд. Аз рӯи таҳлилҳои Ташкилоти сайёҳии умумиҷаҳонии СММ (UNWTO) дар соли 2017 ташрифи сайёҳон ба ин мамлакат 55,1% афзуд. Сайёҳӣ яке аз соҳаи сердаромадтарини Ҷумҳурии Арабии Миср ба ҳисоб меравад. Инчунин аз ҷиҳати рекламасозӣ ин кишвар  пешрафта мебошад, чунки дар замони ҳозир тамоми бурду бохт ва тамоми имконоти як давлат тавассути шабакаҳои интернетӣ ва телевизионӣ пахш гардида, ҷойгоҳи давлатро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифи месозад. Вобаста ба ҳамин, 23 ноябри 2020 дар Қоҳира Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо Вазири сайёҳӣ ва осори ин кишвар Холид Ал-Инонӣ мулоқот намуд. [5.]

Тибқи иттилои сарчашмаҳо имрӯзҳо қариб тамоми минтақаҳои дунё аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд, хусусан вазъият дар қитъаи Африқо нигаронкунанда мебошад. Чигунае, ки маълум аст 60-% и захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон мавҷуд мебошанд. Мамлакати мо дар баробари пиряхҳои азим, кулҳои нодир ва обанборҳои зиёд доштанаш макони дарёҳои зиёди обҳои мусаффо ва ошомиданӣ низ мебошад. Оби ҳама дарёҳои Тоҷикистон ба тамоми стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, ошомиданӣ эътироф гардидаанд.

10 марти соли равон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср намуданд.

Ҳангоми вохури ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро оид ба тавсеаи бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноату сармоягузорӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, истихроҷу коркарди маъдан, сайёҳӣ, инчунин, истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, иброз доштанд.

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Миср маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Дар ҳузури сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ 5 санади нави танзимкунандаи муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ба имзо расид:

– Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва беҳдошти замини Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

– Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Арабии Миср;

– Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олии Ҷумҳурии Арабии Миср;

– Созишномаи бародарӣ ва дустӣ байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ҷануби Синои Ҷумҳурии Арабии Миср;

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” ва Маркази мероси хатии назди раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхона ва Бойгонии милии Миср.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир карда, натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олиро барои тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ неку назаррас арзёбӣ намуданд.

Дар доираи сафар  Пешвои миллат ба Донишгоҳи Қоҳира ташриф оварда, дар назди устодону донишҷуён суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ректори донишгоҳ доктор Муҳаммад Усмон ал-Хошт ва дигар омӯзгорону кормандони донишгоҳ самимона истиқбол гирифтанд. Дар толори донишгоҳ нахуст бо суханронии муқаддимавӣ вазири маълумоти олӣ ва тадқиқотҳои илмии Ҷумҳурии Арабии Миср Холид Абдуғаффор ва ректори донишгоҳ Муҳаммад Усмон Хушт баромад карданд. Бо қарори Шӯрои илмиву таълимии Донишоҳи Қоҳира барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Миср, рушду густариши робитаҳои илмӣ, амниятӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва ба хусус ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони “Доктори фахрӣ” супорида шуд. Зимни баромад дар назди устодону донишҷуён Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи навини давлатдории тоҷикон, соҳибистиқлол шудани давлату миллати тоҷик, сарнавишти сахту сангини кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, таҷрибаи сулҳофарии миллати сарбаланди тоҷик, рушду пешрафти илму маориф дар кишвари мо ва дигар ташаббусҳои ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон андешаҳои ҷолиб баён карданд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо таҷрибаи беназири сулҳофарии худ ҳамчун тарғибгари сулҳу осоиш ва ҳалли мусолиматомези ҳамаи низоъҳо дар ҷаҳон шинохта шудааст. Таъкид гардид, ки кишвари мо дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолии хеш тавонист бо кишварҳои минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба барқарор намуда, мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам гардонад. Тайи давраи начандон тӯлонии таърихи муосири хеш Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва бо аксари давлатҳои олам равобиту ҳамкории хубу судбахшро ба роҳ монд. Имрӯз Тоҷикистон бо 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ дошта, узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, даҳҳо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин, сохторҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон андешаронӣ карда, изҳор доштанд, ки мо аз минбари созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ пайваста ташаббусу ибтикорҳои созандаи худро ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об, тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводди мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ба самъи ҷаҳониён мерасонем. Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон боиси ба гунаи хос муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Дар ҳоли ҳозир иқдоми чоруми Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 имрӯз дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ мегардад.Зимни таҳлили вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар ростои амниятӣ, бо дарназардошти умумияти ҳадафу вазифаҳои дар назди мо қарордошта, густариши ҳамкорӣ ва табодули маълумоту таҷриба байни Тоҷикистону Миср дар мубориза бо терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ки ҳарду кишвар дар муносибат ба онҳо мавқеи яксон доранд, бисёр муҳим мебошад.

“Мо бояд кишварҳои худ ва ҷаҳони исломро бо иродаи муштарак аз хатари терроризму ифротгароӣ эмин нигоҳ дорем ва роҳ надиҳем, ки номи поки дини ислом доғдор гардад” таъкид доштанд Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи Қоҳира муҳимтарин муассисаи таълимӣ ва пажӯҳишии Миср буда, 21 декабри соли 1908 таъсис ёфтааст. Донишгоҳи мазкур дуввумин донишгоҳи қадимтарини Миср ва сеюмин дар ҷаҳони араб пас аз Донишгоҳи Ал-Азҳар ва Донишгоҳи Ал-Қаравӣ мебошад. Факултаҳои гуногуни он дар замони Муҳаммад Алӣ, ба мисли Ал-Муҳандис Хона (тақрибан 1820) таъсис ёфтаанд. Низоми муосири маориф яке аз муҳимтарин таҳаввулоте буд, ки Миср дар нимаи аввали асри нуздаҳум шоҳиди он гардид. Донишгоҳи Қоҳира ҳамчун беҳтарин муассисаи таълимӣ ва пажӯҳишии Миср дар ҷаҳон шинохта шуда, дар таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони баландихтисосу олимон нақши муҳим мебозад. Ҳамасола беш аз 155 000 донишҷӯ Донишгоҳи Қоҳираро хатм мекунанд ва се нафар аз хатмкардагони он сазовори ҷоизаи ҷаҳонии Нобел шудаанд.

Ҳамчунин дар ин сафар  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Арабии Миср аз Пойтахти нави маъмурӣ маркази Ҷумҳурии нави ояндаи Арабии Мисри Араб боздид ба амал оварданд.Сохтмони шаҳр соли 2016 оғоз ёфта, бо суръати баланд идома дорад. Шаҳр новобаста аз он, ки асосан барои биноҳои маъмурии пойтахти нав пешбинӣ шудааст, ҷойгир намудани ҳудуди 7-10 миллион нафар аҳолӣ дар он дар назар аст. Масоҳати умумии шаҳр тақрибан 688 километри мураббаъ аст. Пойтахти нав аз ҷиҳати маъмурӣ ба 20 ноҳияи гуногун тақсим шудааст, аз ҷумла ноҳияи биноҳои ҳукуматӣ, шаҳраки молия ва тиҷорат барои бонкҳо ва ширкатҳои хусусӣ, шаҳраки санъат ва фарҳанг, шаҳраки байналмилалии олимпӣ, шаҳраки дониш ва дарёи кабуд ва шаҳраки дипломатӣ.Дар доираи сафари Пешвои миллат аз Осорхонаи миллии тамаддуни Миср боздид ба амал оварданд. Осорхонаи миллии тамаддуни Миср дар шаҳраки Фустати шаҳри Қоҳира дар масоҳати 13 гектар ҷойгир буда, дорои панҷоҳ ҳазор нигораҳо мебошад. Осорхона дар баробари ба маърази тамошо гузоштани дастовардҳои Миср дар бахшҳои гуногуни зиндагӣ аз ибтидои таърих то замони муосир ва аз марҳилаҳои рушди тамаддуни Миср нақл мекунанд. Корҳои таъсиси Осорхонаи миллии тамаддуни Миср бо иқдоми ЮНЕСКО дар доираи ташаббуси байналмилалӣ ҷиҳати таъсиси Осорхонаи миллии тамаддун ва Осорхонаи Нуба дар Асвон пас аз ковишҳои бостоншиносӣ соли 2000 оғоз ёфта, сохтмони бино соли 2021 ба итмом расид. Маросими ифтитоҳ бо чорабинии муҳташами байналмилалӣ  “Паради Мумиҳо” баргузор гардид. Нигораҳои осорхона дар 9 толор, аз ҷумла як намоишгоҳи асосии доимӣ оид ба муҳимтарин дастовардҳои тамаддуни Миср, бо шаш намоишгоҳи мавзӯӣ аз қабили “Субҳи тамаддун”, “Дарёи Нил”, “Навиштаҷот”, “Давлат ва ҷомеа”, “Фарҳанг”, “Эътиқод ва ғояҳо” ва намоишгоҳи мумиҳои подшоҳӣ ҷойгир шудааст. Осорхона дорои маконҳои калони муваққатии намоишӣ, толор ва маркази таълим ва тадқиқот, инчунин намоишгоҳи марбут ба рушди шаҳри Қоҳираи Нав мебошад. Он ҳамчун макони баргузории чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла намоиши филмҳо, конфронсҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ хизмат мекунад.

Бо итминони комил гуфта метавонем, ки сафари навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арабии Миср заминаи нави густариши муносибатҳои гуногунсамтаро фароҳам овард.

Ҳабибҷон Мирзоев.

н.и.т. устоди кафедраи МБ

Тупалов Ғ.Ш. дотсенти кафедраи мутолиоти Шарқ

Раҳмонов М.А. дотсент. мудири  кафедраи мутолиоти Шарқ