Шароити таърихии даъвати гуфтушуниди байни тоҷикон

748

Ба даст овардани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити хеле печида ва мураккаб муяссар гардида натанҳо бунёди давлати мустақил, балки зуҳури ҷанги шаҳрвандиро бо ҳам овард.

Имрӯз вақти он расидааст, ки сабабҳо ва омилҳо асосии пайдошавии ҷанги шаҳрвандиро муайян ва таҳлил карда нақши ихтилофҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, динӣ ва омилҳои этникӣ, нобаробарӣ дар рушди минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, маҳалгароӣ қайд карда шаванд.

Расидан ба сулҳ кори басо душвор ва ниҳоят мураккаб буд. Баъд аз анҷоми Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олӣ, Раиси нав интихобшудаи Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳ, баргардондани муҳоҷирин ба Ватан ва шурӯи музокирот бо мухолифини собиқ равона намуд.

Барои сарфаҳм рафтан ба моҳият, арзишмандӣ ва сабақхои таърихии гуфтушуниди байни тоҷикон омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи шароити таърихии солҳои аввали истиқлолиятёбии Тоҷикистон зарур ва муҳим аст.

Пеш аз ҳама бояд дарк кард, ки муқовимати сиёсиву низомие, ки 5 майи соли 1992 байни неруҳои сиёсиву иҷтимоии кишвар оѓоз гардид, охиран ба ҷанги таҳмилӣ шаҳрвандӣ оварда расонид. 

Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол ва ду рукни меҳварии фарҳанги давлатдориву давлатсозии мо мебошанд, ки ҳамдигарро нерӯи тоза ва тақвият мебахшанд[1].

Ҳар сол дар таърихи 27-уми июн мардуми баландиқболи саросари кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ҷашни ваҳдати миллиро бо хушнудӣ ва хушҳолии беандоза таҷлил мекунанд.

Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониии худ ин андешаро таъкид карда буданд, ки «даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад». Дар ин самт талошу шуҷоат, кӯшишҳои шабонарӯзии Сарвари кишвар, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифин аз лавҳи хотирҳо ҳеҷ гоҳ фаромуш нахоҳанд шуд.

Дар ибтидои солҳои навадум то соли 1997 халқи тоҷик ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид. Дар ин давра ҳазорҳо ҳамдиёронамон куштаю қариб як миллион нафар гуреза ва муҳоҷирони иҷборӣ шуданд (Аз рӯи маълумоти мавҷуда, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ бештар аз 100 ҳазор нафар (1,5% аҳолӣ) ҷони худро аз даст доданд, 100 ҳазор кас бе ному нишон шуданд, беш аз 25 ҳазор зани тоҷик беваю 60 ҳазор тифл ятим монда, садҳо манзили истиқоматӣ вайрону валангор гаштанд. Теъдоди паноҳандагон дар кишвар ба 850 ҳазор нафар расида буд. Аз ин 600 ҳазор нафарашон дар худи дохили ҷумҳурӣ ҷои зисти хешро тағйир дода, 60 ҳазор нафар ба Афғонистон, 195 ҳазор нафар ба Русия, Украина, Беларусия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар мамлакатҳо муҳоҷир шуда, машаққ ати муҳоҷират ва дурӣ аз хоки Ватанро кашиданд. Ба иқтисодиёти мамлакат зарбаи калон расид, ки он ба 10 миллиард доллари амрикоӣ (ба ҳисоби қурби онвақта) рост меомад). Ваъзи иқтисодиёту иҷтимои ҷумҳурӣ паст гардида, фалаҷ шуда буданд. Ҳукумати қонунӣ воқеан вуҷуд надошту бесарусомонӣ дар кишвар ҳукумфармо буд. Коршиносону сиёсатмадорони дохилию хориҷӣ ба ин ақида буданд, ки ҷанги шаҳрвандии ҷумҳурӣ дуру дароз идома хоҳад ёфт ва он қариб метавонист давлати моро ба нестӣ оварда расонад. Хатари маҳв шудан ва аз харитаи ҷаҳон нест гардидани Тоҷикистон ҳақиқати воқеӣ гардид. Дар ин ваъзият барои мамлакат сарваре лозим буд, ки барои сулҳу ваҳдати миллӣ ҷони худро дареғ надорад ва манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои қавму маҳал ва минтақа болотар донад. Аммо дар Тоҷикистони оғуштаи оташи ҷанг ва хуну мотамзада касе ҷасорат намекард, ки вазифаи басо сангину масъулро ба дӯши худ гирад. Инак, моҳи ноябри соли 1992 намояндагони мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд (дар Қасри Арбоб) Иҷлосияи ғайринавбатии 16-уми Шӯрои Олиро доир намуданд, аз миёни бисёр шахсиятҳои шинохта Эмомалӣ Раҳмонро ба сарварии Тоҷикистон пазируфтанд.

Бори аввал дар таърихи Тоҷикистон шахсе ба мақоми баланди давлат баромад, ки аз миёни мардумони заҳматкаш буду орзӯву дарди миллат воқиф буд. Яке аз омилҳои санҷида ва бадастовардаи мардуми Тоҷикистон ноил шудан ба сулҳ ва баҳамоварии қувваҳои мухолифи даргири кишвар аз ҷанги бемаънӣ, берун кашидани нерӯи ҷонибҳо аз он ва билохира оғӯши бародарӣ кашидани дастаҳои даргир ба шумор мерафт. Зеро мавқеъҳо ҳанӯз ниҳоят дуру ранҷишҳо басо зиёд буданд.

Як аз вазифаҳои аввалин дараҷаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баробари ба мақоми олии мамалакат нишастан, дар муроҷиат ба халқи шарифи Тоҷикистон (12 декабри соли 1992) ва савгандёдкунӣ қайд намуд, ки «тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам» ва ба ин савганди додаи худ устувор монд. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сардори давлат интихоб шуданаш роҳи ҳалли ихтилофро дар ҷомеа ва сулҳу салоҳро дар мамлакат дар машварат ва гуфтушуниди мусолиҳатомези Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин медиду барои амалӣ кардани ин нақша саъю талошҳо мекард. Аз ҳамин сабаб ба ақидаи коршиносони ватанӣ раванди ҷустуҷӯи сулҳ шурӯъ аз соли 1993 оғоз гардид.

Музокироти байни тоҷикон, ки ҳайати ҳукуматиро худи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсионии тоҷикро Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо сарпарастии СММ дар давлатҳои гуногун гузашт, роҳбарӣ менамуданд. 16 январи 1994 Сарвари давлат барои ба ватан баргаштани гурезагони тоҷик таъкид намуд, ки «Бародар аз пайи кини бародар намеравад. Ҳама муштоқи дидори шумоянд ва бовар доранд, ки шумо имрӯзу фардо боз хоҳед гашт, дасти бародарони худ хоҳед гирифт ва Ватани ниёгони хешро обод, чароғи хонаи падариро равшан хоҳед кард». Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мусоидати ҳамаҷонибаи сиёсати пешгирифтаи худро баҳри бозгашти гурезагон самимона таъкид менамуд.

Марҳилаи муҳимтарин дар раванди сулҳ гуфтушуниди байни тоҷикон аст, ки моҳи апрели соли 1994 дар шаҳри Маскави Федератсияи Россия сурат гирифта буд. Дар ин гуфтушунид нахустин Эъломияи муштарак оид ба оштии миллии устуворе дар раванди сулҳи тоҷикон буд. Баъдан ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик (ИНОТ) дар шаҳрҳои Алмаато, Ашқобод, Бишкек, Исломобод, Кобул ва Машҳад шаш маротибаи дигар мулоқотҳо гузарониданд. Дар воқеъ ҷустуҷӯи роҳу усули сулҳу амонии тоҷикон зиёда аз се сол идома дошт. Табиист, ки дар ин мулоқотҳо тарафҳо шартҳои манфиатноки худро пешниҳод менамуданд ва билохира, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав мулоқот баргузор гардид, ки бо таъсиси Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ» ба имзо расид. Дар лаҳзаҳои шодиву сурур Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамватанони мо муроҷиат намуда, таъкид доштанд, ки «Бо назардошти ин рӯҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни мудаост, ки рӯзи 27-уми июнро дар кишварамон Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалққӣ ид кунем». Баробари фаро расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, ки моҳиятан як давраи муайяни таърихи кишварамонро инъикос менамояд, мардуми шарифи мамлакат нафаси озод гирифта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш кашиданд.

Имрӯз маврид ба ёдоварист, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ аз лиҳози аҳмияти худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар «Эъломия» ба тавари расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин намуд. Раванди сулҳи тоҷикон рӯйдоди душвор, вале муҳими сиёсие буд, ки сарнавишти миллати тоҷикро муайян намуда, заминаи муттаҳидӣ ва якпорчагии онро фароҳам сохт ва киштии давлатдории тоҷиконро аз ғарқшавӣ наҷот дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари ИНОТ мувофиқа ҳосил намуданд, ки бо имзои ҳамин Созишнома марҳилае шурӯъ мешавад, ки иҷрои мувофиқатномаҳои бадастомада ба таври пурра ва дар алоқамандӣ бо ҳам сурат мегиранд ва он ба низои бародаркушӣ абадан хотима мегузораду ҳамдигарбахшӣ ва авфро таъмин мекунад, муҳоҷиронро ба маҳаллӣ зисташон бармегардонаду барои инкишофи раванди демократии ҷомеа, гузаронидани интихоби озод ва барқарор кардани иқтисодиёти кишвар шароити мусоид фароҳам меоварад.

Бо тасвиби «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ» марҳилаи басе душвор, вале тақдирсози таърихи навини Тоҷикистон оғоз гардид.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар қатори дигар ҷашнҳои мардумӣ мақоми хоса дорад. Зеро ин рӯзи амонию пурсаодат ба мо осонӣ ба даст наомадааст. Бинобар ба ин рӯзҳои фирӯз расидан моро лозим омад, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намоему душвориҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (27 июни соли 2010) қайд намуд, ки «Таҳкими дастовардҳои истиқлолият, пояҳои давлатдории миллӣ, пуштибонии амнияту суботи сиёсӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, тақвияти иқтидори иқтисодиву иҷтимоӣ, хулоса рушди рӯзафзуни Ватани азизамон маҳз аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад. Бинобар ин, мо бояд бештар аз ҳар вақти дигар кӯшиш намоем, ки ҳар як соли сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мардуми мо соли пешрафт, дастовардҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсӣ гардида, барои афзудани нуфузу эътибори кишвари азизамон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд».

Аз ин рӯ бояд тазаккур дод, ки дар ин марҳила нерӯҳои гуногуни сиёсии Тоҷикистон пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиқлолият бузургтарин дастовардҳои миллат аст ва дар баробари ин ду неъмати бебаҳо манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва ғайра мақоми дуюмдараҷа дорад.

Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ, ки аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон Афѓонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирѓизистон, Русия, Туркманистон идома ёфтанд, муяссар шуд, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои сулҳ 8 даври музокирот, 6 вохӯрии сарон ва 21 маротиба музокирот анҷом дода шавад, ки дар натиҷаи онҳо 40 санади тақдирсози миллат ба имзо расонида шуд. Дар ҷараёни гуфтушунидҳо тоҷикон ба хубӣ дарк карданд, ки ҷанги таҳмилӣ бояд фавран қатъ гардад, чунки ин даргирии бародаркуш миллати тоҷикро метавонист аз байн барад ва ба давлатдории тоҷикон хотима бахшад.

Хулоса Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, ки 27 июни соли 1997 дар ш.Москва ба имзо расид, ба ҷаҳониён нишон дод, ки миллати бофарҳанг, ватандӯст, сулҳхоҳ ва сулҳпарвари тоҷик дар он давраи сарнавиштсоз таҳти роҳбарии Пешвои худ сарҷамъ омада, роҳи музокироти сулҳро пеш гирифт, аз ақлу фарҳанги азалии хеш истифода намуд, аз роҳи ба тариқи зӯрӣ ҳал кардани мушкилоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ даст кашида, сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро ба хотири таъмини сулҳи сартосарӣ самимона дастгирӣ намуд.

Басиров Бахтиёр Саторович  –

устоди кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ

РӮЙХАТИ АДАБИЁТ

  1. Раҳмонов, Э.Ш. Ваҳдат, сулҳ ва бунёдкорӣ мароми мост! Душанбе: Ирфон, 2000.- 160 с.
  2. Раҳмонов, Э.Ш. Сарнавишти миллати соҳибтамаддун.- Душанбе: Ирфон, 2006.- 44 с.
  3. Раҳмонов, Э.Ш. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. /Иборат аз чаҳор ҷилд.- Душанбе: Ирфон, 2002.
  4. Сайидзода Зафари Шералӣ (Саидов Зафар Шералиевич). Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2016. – 608 саҳ.
  5. Сатторзода А.А. Арзишҳои ваҳдати миллӣ. – Душанбе – 2017, – 252 с.
  6. Х.Холиқназар, Нақши Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон. Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз. № 1 (51) Душанбе – 2016 с. 9-16 саҳ.
  7. Шарифзода, А., Фаттоев, С. Эмомалӣ Раҳмон поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ: Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар солҳои 1996-1999.- Душанбе: Ирфон, 2011.- Кит.2.-372 с.

[1] Эмомалӣ Раҳмон. Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол мебошанд: Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими таҷлили 14-умин солгарди Ваҳдати миллӣ, наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе, 26 июни соли 2011 // Ҷумҳурият.- 2011.- 29 июн.