ПИРЯХҲО ЗАХИРАИ БУЗУРГ ВА НЕЪМАТИ БЕБАҲОЯНД

14

Дар ҳақиқат пиряхҳо аз манбаъҳои асосии обӣ дар тамоми ҷаҳон ба шумор рафта, барои бо об таъмин будани аҳолии тамоми кишварҳо, неъмати асосӣ ҳисобида мешавад, чунки об асоси зиндагӣ буда, ба қавли бузургон манбаи ҳаёт мебошад. Барои дар сатҳи байналмилалӣ ошно сохтани ин гуна мафҳумҳо саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Ин иқдом дар таърихи 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқ онро қабул кард.

Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки соли “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” қабул ва эълон гардид.

Қайд кардан бо маврид аст, ки пиряхҳо массаҳои ях мебошанд ва он дар минтақаҳои кӯҳӣ бо барфи доимӣ ҷамъ мешаванд ва қисми поёнии онҳо мисли дарё оҳиста-оҳиста лағжида меоянд. Пирях дар шароити тадқиқи геологии водиҳо ва кӯҳҳо аҳамияти ниҳоят калон пайдо мекунад. Ҳамчун як далели ҷолиб, мо бояд қайд кунем, ки мувофиқи тарзи муайян кардани мафҳуми ҷуғрофияи физикӣ, ки бо номи пиряхология маълум аст, яке аз хусусиятҳои асосии он мавҷудияти яхбандӣ дар ҳарду нимкураи (Ҷануб ва Шимол) мебошад. Гумон меравад, ки пиряхҳо боқимондаҳои давраи охирини яхбандӣ мебошанд. Дар он вақт ҳарорати ниҳоят паст яхро маҷбур мекунад, ки ба марзҳои поёнтар равон шавад, ки иқлим ҳоло гарм мешавад. Дар бораи об Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз минбарҳои баланд суханронӣ намуда фикру ақидаҳои худро оид ба масъалаи об ба ҷаҳониён пешниҳод гардонанд.

Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъдании бешумор дорад. Перомуни ин масъала Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштаанд, ки: «Тоҷикистон, алҳақ, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем».

Албата ин гуна суханрониҳо диққати ҷаҳониёнро басо рангин месозад. Бояд дар ин раванд мо бикӯшем то ки обро неъмати бебаҳо дониста онро тозаву озода ва покиза нигаҳ дорем. Бе об, мо ҳаёт ба сар бурда наметавонем, чунки об ин манъбаи ҳаёт мебошад. Об ин нерудиҳандаи инсон ба шумор рафта, 80% узви бадани инсонро об ташкил медиҳад. Агар инсон аз об танқисӣ кашад пас он зиндагонӣ карда наметавонад. Ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат доир ба об ва сиёсати обӣ дар тӯли 15 соли охир аз ҷониби СММ пайваста дастгирӣ меёбанд.

Дар ҳақиқат имрӯзҳо Тоҷикистонро мардуми ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор, сулҳҷӯ ва пешоҳанг мешиносанд. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикстон узви комилҳуқуқи зиёда аз 55 созмонҳои байналхалқию минтақвӣ буда, бо бештар аз 178 давлати ҷаҳон муносибатҳои тиҷоратиро бароҳ мондааст.

Тупалов Ғ.Ш., дотсенти кафедраимутолиоти шарқи ДМТ