• English
  • Русский
  • Тоҷикӣ
Домой Блог Страница 4
Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ба як қатор дастовардҳои бузург ноил гардид, ки ба тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ, тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ, танзими мушкилиҳои байналмилалӣ ва пешбурди дипломатияи фаъол ва сулҳҷӯёна мусоидат намуданд. Дар баробари ин, дар ин сол Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати ИДМ ба уҳда дошта, дар давоми сол дар дораи ИДМ як қатор чорабиниҳои муҳими...
Ҷойгоҳи ИДМ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ Воқеияти ибтидои асри XXI баёнгари он аст, ки рушди муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоно дар давраи гузариш қарор дошта, низоми ҷаҳонии бисёрқутбӣ дар ҳоли ташаккул мебошад. Дар манзари геополитикии ҷаҳони муосир, дигаргуниҳои амиқи сиёсиву иқтисодӣ сурат гирифта, боиси тағйироти муассир дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мегарданд ва ҷойгоҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил...
Фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ дар моҳи декабри соли 1991 яке аз рӯйдодҳои муҳимми геополитикии охири асри ХХ гардид, ки ба пайдоиши понздаҳ давлати нави мустақил дар харитаи ҷаҳон замина гузошт. Бо вуҷуди ин, робитаҳои таърихӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳуриҳо зарурати офаридани як механизмеро ба миён оварданд, ки қобилияти таъмини муколама ва коҳиши паёмадҳои фурӯпоширо дошта бошад. Чунин...
Дипломатияи сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 90-уми асри XX дар раванди музокираҳои сулҳи байни тоҷикон ва расидани халиқи тоҷик ба сулҳу ваҳдати миллӣ шакл гирифта, дар ибтидои асри XXI ба абзори муҳимми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт, ки намунаи возеҳи он ташаббуси байналмилаллии Пешвои миллат доир ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири...
Омӯзгорон ҳамеша дар таърихи башарият ҳамчун сутуни маърифат, парвариши инсон ва пояи қавии миллатҳо шинохта шудаанд. Агар ба ҳар миллате назар афканем, мебинем, ки пешрафту камолоти он аз дараҷаи илму дониш, фарҳанг ва худшиносӣ вобаста аст. Аммо кӣ инсонро соҳиби дониш месозад? Кӣ шӯълаи маърифатро дар қалбҳо фурӯзон мекунад? Он омӯзгор аст – шахсияте, ки дар...
Устодони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули кадрҳои баландихтисос дар соҳаи «Муносибатҳои байналхалқӣ» нақши калидӣ доранд. Онҳо на танҳо ба донишҷӯён асосҳои сиёсати ҷаҳонӣ, дипломатия, ҳуқуқи байналмилалӣ ва забонҳои хориҷиро меомӯзонанд, балки дар шогирдон тафаккури таҳлилӣ, малакаи қабули қарорҳои мустақилона ва муносибати масъулиятнок ба нафъи кишварро парвариш медиҳанд. Бинобар меҳнати...
Имрӯз (26.09.2025) дар асоси нақшаи чорабиниҳои факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ дар заминаи кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Дипломатияи Тоҷикистон барои рушди устувор ва амнияти Осиёи Марказӣ” бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.
(Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ, 23.09.2025) 22 сентябри соли 2025 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии СММ ба кори худ шуруъ намуд, ки мавзуи асосии кори иҷлосия таъмини амнияти байналмилалӣ, татбиқи ҳадафҳои рушди устувори СММ, пешгирии фалокати башардӯстона дар Фаластин ва дигар масъалаҳо...
Вохӯрии масъулин бо устодону донишҷӯёни факултети муносибатҳои байналмилалии ДМТ, 18.09.2025
Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ 06 сентябри соли 2025 ба ифтихори таҷлили 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмию назариявӣ дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол» доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур ҳайати профессорону...

Эълонҳо