• English
  • Русский
  • Тоҷикӣ
Домой Блог Страница 30
Имрӯз ҷаҳони мутамаддин шоҳиди воқеии ҷаҳоншумулии тоҷикон ҳамчун миллати ободгару созанда ва хайрхоҳи инсоният аст. Таҷрибаҳои илмие, ки дар бунёди бузургтарин иншооти аср — Неругоҳи барқи обии Роғун ба даст омадааст, худ таҷрибаҳои ҷаҳониву нодир буда, он сармояи бузург ва қудрати тавоное алайҳи нотавонбинони Ватан ва хоинони миллат аст. Воқеан дар таърихи халқҳо ва...
Дастёбӣ ба соҳибихтиёрии давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти васеи на танҳо бунёди давлатдории миллӣ, балки ворид шудан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва барқарор намудани муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро бо кишварҳои дуру наздик фароҳам овард. Яке аз самтҳои асоси ва авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия мебошад. Федератсияи Русия яке аз аввалин давлатҳоест,...
Имрӯз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар доираи нақшаи баргузории вохӯриҳо бо устодону кормандони факултети муносибатҳои байналмилалӣ мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ муҳимтарин масъалаҳои факултет мавриди таҳлил қарор гирифт. Зимнан гуфта шуд, ки фаъолияти факултет зери таваҷҷуҳи вижаи роҳбарияти донишгоҳ қарор дорад, зеро хадмкунандагони факултети мазкур дар самти рушд бахшидани равобити байналмилалии ҷумҳурӣ хидмати назаррас...
Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард. (Пешвои миллат Эмомалии Раҳмон.) Созишномаи умумӣ санади наҷоти миллат, кишвар ва давлати мо буда, натиҷаи музокироти қариб чорсолаи байни тоҷикон - мулоқоту...
Таҷрибаи дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ хомӯш кардани алангаи фоҷиабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ минбаъд аҳаммияти байналмилалӣ касб карда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф гардид .Ман дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоям ва имрӯз низ бо эътимоди комил иброз медорам, ки «сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи қаҳрамони тоҷик мебошад»...
Монографияи дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии Дониш-гоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ НУРИДДИН Парвин Раймалихон «Асосҳои сиёсати давлатии кадрҳо», ки бо қарори Шӯрои илмию методии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба чоп тавсия гардидааст, дар ҳаҷми 220 саҳифа ба чоп расид. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд «... мо яке аз самтҳои нозуки рушди ҷомеаи...
Таҳти ин мавзуъ монографияи и.в. мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ Нуриддин Парвин Раймалихон ба чоп расид Монографияи и.в. мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии Дониш-гоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Нуриддин Парвин Раймалихон «Самтҳои афзалиятнок ва роҳҳои такмили сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Шӯрои илмию методии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба чоп тавсия гардидааст, нашр шуд.
Дар таърихи ташаккул ва такомули ниҳоии худ ҳар як миллат марҳилаҳоеро аз сар мегузаронад, ки дар он доир ба масъалаи ягонагӣ, якпорча­гӣ ва иттифоқи байни воҳидҳои маъмурӣ ноил шудан ба мувозинати доимӣ ва муносибати якнавохти ҳамаи қишрҳо ва табақаҳои кишвар муяссар намешавад. Халалдор шудани ваҳдат ҳеҷ гоҳ ба шумораи аҳолӣ ва ҳудуди марзии давлату миллат иртиботе надорад. Дар...
Мақсад аз вохӯрии намояндагони Коллеҷи лифти Корея (Korea Lift College) таҳти роҳбарии маъмурияти Коллеҷ Хюнсук Ли ва сардори Раёсати ҳамкориҳои хориҷии Корея дар Тоҷикистон Жебок Сим бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба буд. Дар вохӯрӣ намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Абдуллоев С., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Х.М....
Имрӯз (26.05.2022) ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҷопон вохӯрии намояндаи сафорати Ҷопон дар шаҳри Душанбе (муовини роҳбари намояндагӣ) Томонори Хасегава бо устодону донишҷӯёни факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллӣ баргузор гардид. Дар мулоқот Томонори Хасегава дар робита ба ҳамкориҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ҷопон дар мисоли соҳаи илму маориф, таърих, тамаддун, урфу одат сухан...

Эълонҳо