Cамтҳои афзалиятнок ва роҳҳои такмили сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

401

Таҳти ин мавзуъ монографияи и.в. мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ Нуриддин Парвин Раймалихон ба чоп расид

Монографияи и.в. мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии Дониш-гоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Нуриддин Парвин Раймалихон «Самтҳои афзалиятнок ва роҳҳои такмили сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Шӯрои илмию методии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба чоп тавсия гардидааст, нашр шуд.

Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд «Давлатдории муосир талаб мекунад, ки дастгоҳи идоракунии давлат самаранок, мунтазам ва бонизом кору фаъолият намояд. Маҳз ҳайати салоҳиятманд ва масъули хизматчиёни давлатӣ метавонад падидаҳои буҳрониро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дар марҳалаҳои гузариш ба осонӣ ҳал кунад. “… барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати фаъолияти низоми идоракунии давлатӣ аз зиёд кардани шумораи мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ худдорӣ намуда, бояд бештар ба тарбияи кадрҳои баландихтисосу соҳибмаълумот, дорои ҷаҳонбинию дониши амиқи касбию сиёсӣ, қобилияти ташкилотчигию кордонӣ, малакаи идоракунӣ, инчунин, шахсони масъулиятшиносу ватандӯст, забондон ва аз технологияи муосир бархурдор таваҷҷуҳ бояд кард”».

Дар монография асосҳои меъёрии ташаккули сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусиятҳои асосии он, ҳамзамон низоми амалӣ намудани сиёсати давлатии кадрҳо, самтҳои афзалиятноки он, масъалаҳо ва пешомади инкишофи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди пажӯҳиши илмӣ қарор гирифтаанд.

Монография ҳангоми ташаккули самтҳои сиёсати давлатии кадрҳо, таҳияи барномаҳо, нақшаҳо ва амалӣ намудани онҳо, такмили сиёсати давлатии интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, таҳия ва татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат, такмили идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ва инчунин дар ҷараёни таълими илмҳои сиёсӣ ва илмҳои дигари иҷтимоӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.