Натиҷагирӣ аз фаъолият

333

Дар асоси нақша чорабиниҳои тарбиявии факултет ва Раёсати донишгоҳ  имрӯз 10- март дар факултет   бо иштироки Раиси Шӯрои сарпарастони донишгоҳ Ашуров Илҳомиддин, декани факултет Самиев Х.Д, муовинони декан, мудирони кафедраҳои тахассусӣ, сарпарастони гуруҳҳои академӣ  ва сардорони гуруҳҳо вохурӣ баргузор гардид. Сараввал декани факултет Самиев Х.Д. ҳозиринро ба идҳои баҳори шодбош намуда доир ба масъалаҳои мавҷуда вазъи таълиму тарбия дар се моҳи сипаришуда маълумотҳо пешниҳод намуданд, баъдан риштаи суханро ба Раиси Шӯрои сарпарастони донишгоҳ Ашуров Илҳомиддин пешниҳод намуданд. Ашуров И саравал  аз номи раёсати Донишгоҳ махсусан ректори муҳтарам Қобилҷон Хушваштзода ҳозиринро  ба ҷашнҳо ва идҳои баҳорӣ табрик намуд. Ҳамчунин таъкид намуд, ки  доир ба вазифаҳои дар пешистода ва иштироки фаъолонаи Устодон ва донишҷуён дар маъракаҳоро фаъолона ширкат намоянд.