НАҚШИ СММ ДАР ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

346

Ҳамасола, 24 октябр дар саросари ҷаҳон ҳамчун рӯзи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) таҷлил мешавад. Ҳанӯз, таҷлили ин рӯз моҳи октябри соли 1947 бо қарори Маҷмааи Умумии СММ эълон карда шуда, ба солгарди эътибор пайдо кардани ҳайати СММ дар соли 1945 бахшида шудааст. Соли 1971 Маҷмааи Умумӣ дар қорори худ, ки тибқи он рӯзи СММ бояд ҷашни байналмилалӣ бошад, ба кишварҳои узви ин созмон тавсияи ҷашни ин рӯзро пешниҳод карда буд.

Бояд ёдовар шуд, СММ ҳамчун созмони байналмилалии давлатҳоест, ки барои ҳифз ва таҳкими сулҳ, амнияти саросарӣ, тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатҳо ва таъмини рушди устувори байналмилалӣ таъсис ёфтааст. Дар таъсисёбии СММ се сана хеле таърихӣ мебошанд: а. 25 апрели соли 1945 вохӯрии 50 намояндаи давлати олам дар Сан-Франсиско баҳри баррасӣ намудани лоиҳаи Ойнномаи СММ; б. 25 июни соли 1945 тасдиқ ва ба ҳукми қонун даромадани Ойнномаи СММ; в. 24 октябри соли 1945 расман ташкилшавии ин созмони ҷаҳонӣ ва расман ба фаъолият шурӯъ намудани он.

Яке аз санадҳои нахустине, ки дар доираи СММ қабул гардидааст, ин соли 1948 қабул гаридани Эъломияи ҳуқуқи башар ба шумор меравад. То имрӯз дар ҳайати СММ ба унвони як созмони универсалӣ ва бонуфузи ҷаҳонӣ 193 давлати олам шомил мебошанд. Мақомоти асосии СММ ин Маҷмааи Умумӣ, Шӯрои амният, Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, Суди байналмилалии адолат, Котиботи СММ дониста мешаванд.

 Аммо асоси фаъолияти СММ-ро Ойнномаи созмон ба танзим дароварда, дар он тамоми самту соҳа ва муносибату фаъолияти давлатҳои узв дар қаринаи ташаккулёбии равандҳои ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои минтақавӣ пешбинӣ гардидааст.    

Боиси таъкид аст, ки дар Ойинномаи СММ бори аввал асоси муносибатҳои байналхалқӣ, усули баробарҳуқуқӣ ва таъини сарнавишти халқҳо муайян гардид. Ойннома аз 111 модда иборат аст, ки онҳо дар 19 боб гирд оварда шудааст. Дар боби якум ва моддаи якуми Ойнномаи СММ  атрофи ҳадафҳо ва принсипҳои созмон сухан меравад. Мувофиқи моддаи 1-и Ойннома ҳадафҳои созмон чунин зикр шудааст:

  1. Ҳифзи сулҳ ва амнияти байналхалқӣ ва бад-ин манзур: дидани чораҳои таъсирбахши гурӯҳӣ (коллективӣ) барои пешгирӣ ва аз байн бурдани таҳдидҳо ба сулҳ ва саркӯбии амалҳои таҷовузкорона;
  2. Тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ миёни миллатҳо бар асоси эҳтиром ба принсипҳои ҳуқуқҳои баробар ва сохтани дигар чораҳои мутобиқ барои тақвияти сулҳи умумӣ;
  3. Даст ёфтан ба ҳамкории байналмилалӣ барои ҳалли масъалаҳои байналмилалии дорои хусусиятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ё инсонӣ ва пешбариву нигоҳдории эҳтиром ба ҳуқуқи башар ва ҳама гуна озодиҳои бунёдӣ бе тафовути нажодӣ, ҷинсӣ, забонӣ ё динӣ ва ғайраҳо;
  4. Марказ будан барои ҳамоҳангии амалҳои миллатҳо паи расидан ба ҳадафҳои умумии мазкур.   

      Мувофиқи моддаи 2-и Ойннома СММ ва кишварҳои узви он барои расидан ба ҳадафҳои зикршуда бояд мутобиқи принсипҳои зерин амал кунанд:

  1.   СММ бар принсипи баробарии мустақилонаи ҳамаи кишварҳои узв асос ёфтааст.
  2. Ҳамаи кишварҳои узв, барои кафолати ҳуқуқҳо ва манфиатҳои ношӣ аз узвият, бояд уҳдадориҳои худро тибқӣ Ойннома мунсифона иҷро намоянд.
  3. Ҳамаи кишварҳои узви СММ бояд мубоҳисаҳои байналмилалии худро бо воситаҳои сулҳомез тавре ҳал кунанд, ки сулҳу амнияти байналмилалӣ ва адолатро ба хатар наандозад.
  4. Ҳамаи кишварҳо бояд дар муносибатҳои байналмилалии худ аз таҳдид ё истифодаи нерӯ бар зидди масъунияти арзӣ ё истиқболи сиёсии ягон давлат худдорӣ кунанд.
  5. Ойнномаи мазкур ба ҳеҷ ваҷҳ ба СММ ҳаққи дахолат ба масъалаҳои вобаста ба салоҳияти дохилии ҳар кишварро намедиҳад ва ба кишварҳои дигар дархост намекунад, ки чунин масъалаҳоро барои баррасӣ мутобиқи Ойнномаи мазкур пешниҳод кунанд. Ва ғайраҳо.

Бояд зикр намуд, ки вобаста ба фаъолияти самараноки СММ метавон гуфт, ки дар доираи ҳадафҳо ва принсипҳои зикршуда то имрӯз ҳеҷ як давлат аз ҳайати аъзогии ин созмон набаромадааст ва ин боз як бори дигар аз боэтимодии ин ниҳоди пурнуфузи байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ дарак медиҳад. Агар дар бораи фаъолияти СММ боз ҳам сухан равад, таърихан маълум аст, ки ин созмон дар ҳалли муҳимтарин мушкилоти байналмилалӣ то имрӯз фаъолияти босамар дошт ва тавонистааст, ки ҳадалулимкон аз уҳдаи вазифаҳои дар назди созмон гузашташудааст, барояд.

Бояд таъкид намуд, ки баъди анҷоми Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, соли 2015 дар фаъолияти СММ як саҳифаи нав эҷод гардид, ки ин санаи 25-27 сентябри соли 2005 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА сарони давлатҳои аъзои СММ ба ҳам омада ва дар онҷо Рӯзномаи рушди устуворро қабул намуданд. Рӯзномаи мазкур фарогири тамоми самтҳои фаъолияти кишварҳои аъзои созмон ба ҳисоб меравад. Дар радиф, Ҳадафҳои рушди устувор, ки аз соли 2015 дар СММ  қабул гардидаанд, аз 17 ҳадаф иборат мебошанд ва онҳо фарогири 169 масъала буда, ба тамоми самтҳои фаъолияти ҳаёти башарият бахшида шудааст. Имрӯз, барои ҳалли тамоми масъалаҳои ин ҳадафҳо фаъолияти 30 ниҳоди СММ равона гардидааст, ки дар маҷмӯъ низоми фаъолияти СММ-ро ташкил менамоянд.

Агар атрофи 17 ҳадафҳои Рӯзномаи рушди устувор амиқан сухан равад, метавон гуфт, онҳо пеш аз ҳама аз байн бурдани қашшоқӣ, гуруснагӣ, таъмини таҳсилоти босифат ва фарогир, мубориза бар зидди тағйирёбии иқлим, инчунин баробарии гендерӣ, масъалаи ҳалли мушкилоти обу иқлим ва ҳамоҳангсозии ҳамкории мутақобилаи кишварҳо дар самти поён бурдани нобаробарӣ ва баробарии тамоми кишварҳо дар ҷомеаи байналхалқӣ ва дигарҳо ба ҳисоб мераванд, ки ин ҳадафҳо дар маркази таваҷҷуҳи тамоми кишварҳо қарор гирифаанд. 

      Бояд ёдовар шуд, ки Ҳадафҳои рушди устувори СММ аз 1 январи соли 2016 то 31 декабри соли 2030 идома меёбад, ки дар тулли 30 сол бояд СММ ба 17 ҳадафи худ бирасад.  Умдатарин масъалаҳои Ҳадафҳои рушди устувори СММ ин пеш аз ҳама мушкилоти иқлим ба шумор меравад, ки дар маркази диққати аксарияти давлатҳо қарор дорад. Муҳимтарин ҷаласа ва ниҳастҳое, ки дар фаъолияти СММ баргузор гардида буданд, ин ду самит дар соли 2019 мебошад, яке дар самти татбиқи барномаи рушди устувор ва дигаре дар самти тағйрёбии иқлим ба ҳисоб мерафт. Маҳз, дар самити якум, ки ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар СММ равона гардида шуда буд, дар соли 2019 кишварҳо нигаронии худро дар самти бо суръати хеле паст дастёбӣ ба ин созмонҳо ибрози андеша карданд. Зиёда аз ин, вақте сухан дар бораи мубориза барои тағйирёбии иқлим ва дигар ҳадафҳои рушди устувор меравад, дар доираи самит масъалаи дастгирии фарогири кишварҳо ва дигар ниҳодҳои давлатӣ дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ба миён гузошта шуд.

      Дар қаринаи татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори СММ як чизро бояд қайд намуд, ки тибқи таҳқиқи коршиносони ҷалбшудаи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба ҳисоб кардани буҷаи ин ҳадафҳо, ки дар соли 2016 ҳисоб кардаанд, барои мубориза бо камбизоатӣ ва ноил шудан ба дигар ҳадафҳои рушди устувор дар 15 соли оянда тақрибан 2-3 триллион доллар дар як сол лозим меояд. Дар ин радиф, Бунёди Рокфеллер тасдиқ мекунад, ки “калиди маблағгузорӣ ва ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувори СММ сафарбар кардани ҳиссаи беш аз 200 триллион доллари амрикоӣ дар гардиши солонаи сармоягузории сармояи хусусӣ барои рушд аст, ки дар он хайрмя дар таҳкими ин тағирот нақши муҳим дорад.

      Аммо, маҳз дар соли 2019 тақрибан 100 ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ пешниҳоди ҳамкорӣ бо СММ дар самти дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор буд, ки онҳо пешниҳоди 2 трл.долларро барои татбиқи ин ҳадафҳо ба миён гузоштанд. Дар соли 2021 шумораи зиёди дигари ниҳодҳои байналмилалӣ тақрибан 30 бузургтарин ширкатҳои хусусӣ пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори СММ ва бевосита поён бурдани ташаннуҷ вобаста ба ин ҳадфҳо омода ҳастанд, ки 16 трл.доллари дигар равона намоянд, то ин ки ҳадафҳои рушди устувор амалӣ шавад. 

      Бояд таъкид намуд, вақте сухан атрофи тағйрёбии иқлим меравад, СММ нақша дорад, ки ҳарорати ҳаво ё иқлимро то 2 градус селсия поён барад. Дар ин радиф, боз якчанд масъалаи дигар аз қабили масъалаи демографиро қайд намудан мумкин аст, ки имрӯз шумораи аҳолии саёра қариб 8 млрд. нафар баробар бошад, ин шумора дар соли 2050 тақрибан 9,7 млрд. нафар мерасад, ки дар назди СММ боз як ҳадафи дигарро пеш меорад. Вобаста ба масоили демографӣ метавон гуфт, ки яке аз мушкилоти асосӣ масъалаи пиршавии аҳолӣ ва дигар мушкилот бошад, масъалаи ҷавонон дар кураи арз мебошад. 

      Имрӯз дар дунё, як шумораи бениҳоят бесобиқа дар самти зиндагии ҷавонон дар сайёра ба назар мерасад. Онҳо тақрибан 1,8 млрд нафарро ташкил медиҳанд, ки яке аз ҳадафҳои дигари СММ ин таъмини аҳолӣ ба ҷойи кор мебошад ва дар оянда метавон гуфт, ки як мушкилоти воқеан бузург дар рӯ ба рӯи ҷомеаи ҷаҳон мегардад. Дигар тарафи масъала ин аст, ки бо дарназардошти рушди устувори иқтисодии баъзе кишварҳо масъалаи муҳоҷират дар низоми демографии дунё яке аз масъалаҳои актуалӣ гардидааст. Дар соли 2022 шумораи муҳоҷирони байналхалқӣ 281 млн.нафарро ташкил кард, ки ин 3,6 % шумораи аҳолии умумиро ташкил кард, ки дар соли 2000 2,8%-ро ташкил медод. Ҳоло 73 млн.аҳолии ҷавони дунё ба масъалаи кор дастрасӣ надоранд, ки ин яке аз муҳимтарин мушкилот дар фаъолияти СММ ба ҳисоб меравад.

      Дар алоқа ба ин ва дигар масъалаҳое, ки дар Рӯзномаи рушди устувор ва фаъолияти СММ ворид мешавад, бояд таъкид кард, ки ин ҳадафҳое, ки дар доираи СММ аст, тамоми мамлакатҳои аъзои созмон аз пайгирӣ бо ин ҳадафҳо стратегия ва барномаҳои рушди худро муайян сохтаянд, то ин ки фаъолияти онҳо ба низоми бонуфузтарини созмони дунё-СММ мувофиқ бошад.  

Бо зиёд шудани аҳолии сайёра масълаи обу иқлим низ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мураккаб мегардад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз давлатҳои аъзои СММ буда, дар татбиқи ҳадафҳои ин ниҳод яке аз мамлакатҳои фаъол ва ташаббускори ҳалли мушкилоти глобалӣ ба монандӣ обу иқлим ва амният ба ҳисоб меравад. Аз тарафи дигар, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои муҳим ва ташаббускор дар соҳаи обу иқлим мебошад. Аз соли 2003 сар карда то соли 2028 Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ташаббусҳои созандаро дар самти ҳалли мушкилоти иқлим пеш мегирад ва охирон ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти об ин “Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028”-ро дар бар мегирад, ки бевосита қадами бузург дар самти ҳамгироии кишварҳо ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти об ва иқлим дар сайёра мебошад ва  Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар меҳвари фаъолияти СММ қарор медиҳад.

3 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва  оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд. Дар ин робита, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пирях эълон гардида, санаи он маълум карда шавад. Бо ҳамин 14 декабри соли 2022 пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда аз соли 2025 санаи 21 март ҳамасола ҳамчун рузи байналмилалии ҳифзи пирях таҷлил карда мешавад. Ин иқдоми навбатии Пешвои миллат аз тарафи 153 кишвари узви Созмони Миллали Муттаҳид ҷонибдорӣ карда шуд.

Дар умум, Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба унвони як кишвари ташаббускор ҷиҳати таъмини симои мусбии байналмилалӣ метавонад, ки қадамҳои бисёр устуворро гузорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва аъзогӣ дар ин созмон аз 2 марти соли 1992 яке аз ташаббускорони дигар дар самти таъмини амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад ва маҳз соли 1998 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон дар минбари баланди СММ аз таъсири қамарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон суханронӣ намуда буд ва ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва амният дар минтақа ва ҷаҳон даъват намуданд, ки ин сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба як масъалаи бисёр ҳам калидӣ табдил ёфтааст.

ПАЙВАНДОВ Х.Б. номзади илмҳои таърих, муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ