Дар таърихи давлатдорӣ парчам ҳамчун ифодакунандаи ҳувияти миллӣ, соҳибихтиёрии давлатӣ, иродаи сиёсӣ ва мавқеи кишвар дар муносибатҳои байналмилалӣ аҳаммияти хос дорад. Агар дар гузашта он бештар рамзи муттаҳидсозии мардум, ҳифзи сарзамин ва таҷассуми қудрати сиёсӣ ба шумор мерафт, дар шароити муосир доираи вазифаҳои он васеъ гардида, ба яке аз воситаҳои муҳимми муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Хусусияти фарқкунандаи парчам дар он аст, ки мансубияти давлатиро бидуни истифодаи забон ифода намуда, дар муҳити гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ шинохта мешавад. Афрохта шудани парчам дар қароргоҳи созмонҳои байналмилалӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, мулоқотҳои сатҳи олӣ ва чорабиниҳои ҷаҳонӣ таҷассуми ҳузури давлат дар ҳаёти ҷомеаи байналмилалӣ мебошад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ дар баробари аҳаммияти таърихию маънавӣ дорои моҳияти сиёсӣ ва байналмилалӣ низ мебошад. Он роҳи тайнамудаи кишварро аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ то ташаккули мавқеи мустақил дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ таҷассум намуда, рамзи ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон ба шумор меравад.
Мусаллам аст, ки дар ҳуқуқи байналмилалӣ соҳибихтиёрӣ яке аз хусусиятҳои асосии давлат буда, ба кишвар имконият медиҳад, ки сиёсати дохилию хориҷии худро мустақилона муайян намояд, муносибатҳои дипломатӣ барқарор созад, шартномаҳои байналмилалӣ ба имзо расонад ва дар фаъолияти созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ иштирок кунад. Парчами давлатӣ таҷассуми рамзии ҳамин мақоми сиёсиву ҳуқуқӣ мебошад.
Дар таҷрибаи дипломатӣ ҷойгир намудани парчамҳои давлатҳо бо риояи меъёрҳои баробари ташрифотӣ ифодаи намоёни ҳамин принсип буда, эҳтиром ба соҳибихтиёрӣ ва мақоми байналмилалии онҳоро таҷассум менамояд.
Дар таърихи навини Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 рӯзи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва 2 марти соли 1992 рӯзи пазируфта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти СММ маҳсуб мегарданд. Қабули Тоҷикистон ба узвияти СММ барои иштироки мустақили кишвар дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ заминаи муҳими ҳуқуқӣ-ниҳодӣ фароҳам овард.
24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Ин амр замоне ба амал омад, ки масъалаҳои ҳифзи давлатдорӣ, барқарор намудани сулҳ ва таҳкими пояҳои истиқлолият аҳаммияти ҳаётӣ доштанд. Қабули Парчами давлатӣ дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ на танҳо зарурати муайян намудани рамзҳои расмии давлати мустақил, балки эҳтиёҷ ба муттаҳид сохтани ҷомеа дар атрофи арзишҳо ва манфиатҳои умумимиллиро ифода менамуд.
Дар баробари ин, мақоми ҳуқуқии Парчами давлатӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 3-юми он ҳамчун рамзи давлатӣ мустаҳкам гардид.
Дар дипломатияи муосир парчам дорои мақоми муайяни ҳуқуқию ташрифотӣ буда, истифодаи он тавассути санадҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ танзим мегардад. Тибқи Эъломияи Вена дар бораи муносибатҳои дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961 намояндагии дипломатӣ ва роҳбари он ҳуқуқи истифодаи парчам ва нишони давлатиро дар кишвари мизбон пешбинӣ кардааст.
Парчами Тоҷикистон, ки дар биноҳои сафоратхонаҳо, консулгариҳо ва намояндагиҳои доимӣ барафрохта шуда, ҳузури расмии давлатро дар хориҷи кишвар ифода мекунад, ки ин амр барои шаҳрвандони бурунмарзӣ рамзи пайванди ҳуқуқию маънавӣ бо Ватан мебошад.
Дар мулоқоти сарони давлатҳо, музокироти байниҳукуматӣ, маросими имзои санадҳои байналмилалӣ ва қабули эътимодномаҳои сафирон истифодаи дурусти парчамҳо аз унсурҳои муҳимми фарҳанги дипломатӣ ба шумор меравад. Риоя накардани меъёрҳои ташрифотӣ, аз ҷумла ҷойгиршавӣ, андоза ва тартиби афрохтани парчамҳо, метавонад боиси норозигии дипломатӣ гардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба парчами давлати дигар яке аз шаклҳои эҳтиром ба соҳибихтиёрӣ, таърих ва ҳувияти миллии мардуми он мебошад.
Бояд такъид намуд, ки мавқеи давлат дар муносибатҳои байналмилалӣ на танҳо аз иқтидори иқтисодию ҳарбӣ, захираҳои табиӣ ва мавқеи ҷуғрофии он, балки аз қобилияти пешниҳоди ташаббусҳои созанда, иштирок дар ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ ва рушди муносибатҳои мутақобилан судманд вобаста мебошад.
Дар тӯли 35 соли истиқлолияти давлатӣ мазмун ва аҳаммияти байналмилалии Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан ташаккул ёфта, дар баробари рамзи соҳибихтиёрӣ ва мавҷудияти давлати мустақил ба рамзи фаъолияти созандаи байналмилалӣ ва ташаббускории Тоҷикистон табдил ёфт.
Дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули сиёсати хориҷии мустақил, муаррифии манфиатҳои миллӣ ва пешниҳоди ташаббусҳои байналмилалӣ назаррас мебошад. Татбиқи сиёсати «дарҳои кушода» барои густариши робитаҳои дипломатӣ, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ имкониятҳои бештар фароҳам овард.
Имрӯз Парчами Тоҷикистон бо ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар соҳаҳои об, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, амнияти минтақавӣ ва рушди устувор пайванди мантиқӣ ва ҳамоҳангӣ пайдо кардааст.
Ҳамзамон дар баробари дипломатияи анъанавӣ аҳаммияти дипломатияи оммавӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва рақамӣ афзоиш ёфтааст. Ин шаклҳои дипломатия ба муаррифии давлат ва ташаккули муносибати ҷомеаи хориҷӣ нисбат ба кишвару мардуми он мусоидат менамоянд. Ҳарчанд парчам манбаи бевоситаи неруи нарм ба ҳисоб намеравад, аммо воситаи муаррифии дастовардҳо ва арзишҳое мебошад, ки ҷозибаи байналмилалии давлатро ташаккул медиҳанд.
Тоҷикистон дорои таъриху фарҳанги ғанӣ, мероси адабию илмӣ, анъанаҳои мардумӣ ва имкониятҳои назарраси сайёҳӣ мебошад. Муаррифии ин арзишҳо таҳти Парчами давлатӣ дар намоишгоҳҳо, рӯзҳои фарҳанг, фестивалҳо, ҳамоишҳои илмӣ ва чорабиниҳои сайёҳӣ барои шинохти бештари Тоҷикистон ва мероси тамаддунии мардуми тоҷик мусоидат менамояд.
Дар ин замина дипломатияи варзишӣ низ аҳаммияти махсус дорад. Афрохта шудани Парчами Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ, чемпионатҳои ҷаҳон ва дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба муносибати пирӯзии варзишгарон на танҳо дастоварди шахсии онҳо, балки муваффақияти кишварро таҷассум менамояд. Дар чунин ҳолатҳо эҳсоси ифтихори миллӣ бо шинохти байналмилалии давлат ҳамоҳанг мегардад.
Ҳар варзишгар, олим, ҳунарманд ва намояндаи фарҳанг, ки дар хориҷи кишвар таҳти Парчами Тоҷикистон ба дастоварде ноил мегардад, дар муаррифии симои мусбати Ватан саҳм мегузорад.
Рушди технологияҳои иттилоотӣ доираи истифодаи рамзҳои давлатиро васеъ намудааст. Имрӯз Парчами давлатӣ дар баробари намояндагиҳои дипломатӣ ва чорабиниҳои байналмилалӣ дар сомонаҳои расмӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳои электронӣ ва платформаҳои рақамӣ низ мавриди истифода қарор дорад.
Дар дипломатияи рақамӣ парчам яке аз унсурҳои шинохти давлат буда, барои муайян намудани мансубияти давлатии ниҳодҳо ва муаррифии мавқеи расмии кишвар мусоидат менамояд. Ҳамзамон, тағйир додани рангҳо ва таносуби парчам ё истифодаи он дар муҳтавои бардурӯғ метавонад ба шинохти дурусти давлат дар фазои иттилоотӣ халал расонад.
Аз ин рӯ, баланд бардоштани фарҳанги истифодаи рамзҳои давлатӣ дар муҳити рақамӣ, риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва таҳияи муҳтавои босифат аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Истифодаи самараноки Парчами Тоҷикистон дар дипломатияи рақамӣ бояд бо муаррифии дастовардҳои илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, имкониятҳои сайёҳӣ ва ташаббусҳои байналмилалии кишвар ҳамоҳанг бошад.
Яке аз вазифаҳои муҳимми Парчами давлатӣ муттаҳид намудани шаҳрвандон, новобаста аз маҳалли зист, мансубияти этникӣ, забонӣ ва мавқеи иҷтимоии онҳо мебошад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, афзоиши муҳоҷирати байналмилалӣ ва густариши робитаҳои фаромиллӣ масъалаи ҳифзи ҳувияти миллӣ ва пайванди шаҳрвандон бо Ватан аҳаммияти бештар пайдо кардааст. Барои ҳамватаноне, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ, таҳсил ва фаъолият менамоянд, Парчами Тоҷикистон рамзи мансубияти шаҳрвандӣ ва робитаи маънавӣ бо сарзамини аҷдодӣ мебошад.
Эҳтиром ба Парчами давлатӣ набояд танҳо бо иштирок дар маросими расмӣ ва таҷлили ҷашнҳои миллӣ маҳдуд гардад. Моҳияти аслии он дар муносибати масъулиятшиносона ба давлату ҷомеа, риояи қонун, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, эҳтиром ба фарҳанги дигар халқҳо ва саҳмгузорӣ дар рушди кишвар ифода меёбад.
Эътибори Парчами миллӣ дар арсаи байналмилалӣ бозтоби эътибори давлат, фарҳанги сиёсии ҷомеа, дастовардҳои дипломатӣ ва масъулияти таърихии миллат дар назди наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
АМРИДДИН ШАРИПОВ, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ







