Мушкилоти сарҳадӣ дар минтақаи Ворух ва дигар нуқтаҳои сарҳадии вилояти Суғд бо вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон.

415

Ҳисоботи мизи гирди илмӣ-назариявӣ дар мавзуъи “Мушкилоти сарҳадӣ дар минтақаи Ворух ва дигар нуқтаҳои сарҳадии вилояти Суғд бо вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон”.
Санаи 29 апрели соли 2021 дар маркази тадқиқоти минтақавӣ ва муқоисавии Факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мизи гирди илмӣ-назариявӣ дар мавзуъи “Мушкилоти сарҳадӣ дар минтақаи Ворух ва дигар нуқтаҳои сарҳадии вилояти Суғд бо вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон” баргузор гардид.
Мизи гирдро бо сухани муқадимавӣ декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ Самиев Х.Д. кушода атрофи омузиши мавзӯи мазкур ибрози ақида намуд. Сипас профессор Олимов М.А., оид ба мақолае, ки соли 2017 дар маҷалаи “Россия и новые государства Евразии”, № I (XXXIV), 2017, НИИ Мировой экономики и международных отношений имени Е. М. Примакова РАН (ИМЕМО РАН), Москва, – c. 21-55, таҳти унвони “Конфликты на границах в Ферганской долине: новые причины, новые участники” баромад намуда, таъкид намуд, ки баррасии вазъияти имрӯзаи Ворух дар маркази диққати аҳли ҷомеа қарор дошта, гузаронидани чунин мизҳои гирд савривақтӣ ва мубрам арзёбӣ мегардад. Номбурда оиди ҷанбаҳои таърихӣ, низоъҳо дар сарҳади водии Фарғона ибрози ақида намуда, ба вижа муҳимияти вазъияти имрӯзаи муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Қирғизистонро ёдовар шуд.
Дар давоми мизи гирд, устоди факултети муносибатҳои байналхалқӣ Ш.Ризоён нуқтаҳои баҳснок ва масъалаҳои амалии қазияи Ворухро мавриди баррасӣ қарор дода, андешаҳои ҷолиб ва пурмуҳтаво баён намуд.
Бахши дуюм ба саволу ҷавоб ва муҳокимаву мубоҳисаи устодони ботаҷрибаи кафедраҳои факултети муносибатшои байналхалқӣ анҷом ёфт.
Хулоса, дар охир кори мизи гирдро декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ Самиев Х.Д. ҷамбаст намуда, таъкид намуд, ки дар як мизи гирд мо наметавонем, то ҳамаи ҷанбъаҳои масоили мазкурро иброз намоем.
Таъкид гардид, ки чунин мизи гирдҳо аз ҷониби факултети муносбиатҳои байналхалқӣ минбаъд низ баргузор гардида, дигар масоили ҳалталаби масоили сарҳадӣ муҳокима хоҳанд шуд.