Муҳокимаи рисолаи номзадӣ

53

Бо қарори ректори ДМТ муҳтарам Хушвахтзода Х.Қ. аз ин ба баъд рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ пеш аз ҳимоя бояд дар шӯрои олимони факултетҳо муҳокима карда шаванд.

Вобаста ба иҷрои қарори мазкур 2 апрели соли ҷорӣ бори аввал дар шӯрои олимони факултети муносибатҳои байналхалқӣ рисолаи номзадии унвонҷӯи кафедраи минтақашиносии хориҷӣ Қамаров А.З. дар мавзӯи «Ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои араб дар даврони истиқлолият (солҳои 1991-2016», ки барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рӯи ихтисоси 07.00.15. – таърихи муносибатҳои байналмиллалӣ ва сиёсати берунӣ мебошад, муҳокима гардид.

Бояд гуфт, ки ин иқдом барои боз ҳам пурра ва такмил гаштани рисолаҳо мусоидат хоҳад намуд.