Муҳокимаи барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисоси 23010100 – «Муносибатҳои байналхалқӣ»

881

Аъзоёни гурӯҳи корӣ:                                      

Абдулмуминзода  Н.А. – муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, роҳбари гуруҳ;

Самиев Х.Д. – декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ, муовини роҳбари гурӯҳ;

Басиров Б.С. – муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ, мушовир;

Қосимзода  С.С. – сардори раёсати таълим, аъзо;

Авзалов А.Х. – менеҷери лоиҳа, аъзо;

Мирбобоев Р.М. – Директори маркази такмили ихтисос ва бозомузии кормандони хизмати дипломатии ҶТ, н.и.и., дотсент аъзо (намояндаи корфармоён);

Кабирова М. – донишҷуи курси 2, факултети муносибатҳои байналхалқӣ, аъзо  (намояндаи донишҷӯён);

Таѓоев Ш.Х. – мудири Маркази инноватсия, аъзо .                                         

Ҳамчунин  иштирок доштанд:

Муҳаммадзода П.А. муовини директории маркази тадқиқотӣ стратегии назди Президенти ҶТ;

Бобозода Ф.Т. мутахассиси пешбари раёсати робитаҳои хориҷӣ Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ;

Нуриддинов Р.Ш. мудири  кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ, факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ;

Салимов Ф.Н. мудири кафедраи Дипломатия ва сиёсати хориҷии ҶТ, факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ;

Розиқов Ф.М. мудири кафедраи минтақашиносии хориҷӣ, факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ;

Раҳмонов М.А. мудири кафедраи мутолиоти Шарқ, факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ;

Ҷаъфаров С.Х.  – мушовири академии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ;

Шарипов С.С. н.и.т., ассистент менеджери Лоиҳа;

Рӯзномаи мизи гирд:

Муҳокимаи Барномаи Барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисоси 23010100 – «Муносибатҳои байналхалқӣ»

 Шунида шуд: Декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ, муовини роҳбари гурӯҳ, раисикунандаи мизи гирд Самиев Х.Д. сараввал ба меҳмонон, устодон ва иштирокчиёни ҳамоиши илмӣ барои иштирок варзиданашон изҳори минатдории намуда сипас вобаста ба масъалаи рӯзномаи мизи гирд ҳусни тафоҳум бахшид.

Дар аввал муовини роҳбари гурӯҳ Самиев Х.Д. ба ҳозирин қайд намуданд, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуруъ аз соли аввали таҳсил раванди ворид шудан ва дастёбӣ ба акредитатсияи аврупоиро оѓоз кард ва аз ин ру зарурияти таҷдиди назар ва таҳияи барномаҳои нави таҳсилотӣ аз руи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ таҷдидёфта пеш омад. Ба ин хотир дар асоси фармоиши Ректори ДМТ профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз 09.04.2021 таҳти рақами 54-09 «Оид ба таъсиси гуруҳи корӣ» ба хотири иҷрои талаботи Нақшаи татбиқи Лоиҳаи «Беҳтаргардонии ҷараёни таълим ва васеъгардонии имкониятҳои (кортаъминкунӣ) хамткунандагон» вобаста ба таҳияи Барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисос дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ аз руи ихтисоси «Муносибатҳои байналхалқӣ» пеш омад. Самиев Х.Д. ҳамчунин зимни баромади хеш қайд намуданд, ки дар айни замон таҳия ва коркарди санадҳои меъёри ҳуқуқӣ аз ҷумла барномаву стандартҳои пешбурди соҳаи таълим дар факултети муносибатҳои байналхалқӣ амри воқеи мебошад. Барномаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисоси «Муносибатҳои байналхалқӣ» ба шумули барномаҳои асосии низоми таҳсилоти кредитӣ ворид шуда, бо ҷалби мушовирони дохилӣ ва хориҷӣ таҳия гаштааст, ки таклифу пешниҳодҳои аъзоёни гурӯҳи корӣ ва дигар иштирокунандагони ин ҳамоиши илмии имрӯза баҳри боз ҳам мукаммал гардидани он мусоидат хоҳад кард.  

Сипас муовини роҳбари гурӯҳ Самиев Х.Д., иштирокчиёнро бо Барномаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисоси 23010100 – «Муносибатҳои байналхалқӣ» тавсиф ва хусусиятҳои умумии ихтисос, ҳадаф ва мақсадҳои умумӣ, тавсифи мухтасари Барномаи асосии таҳсилотӣ барои омода намудани хатмкунандагон аз рӯи ихтисос, вазифаҳои таҳияи стандарти нави таълимӣ бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ, муҳлатҳои азхудкунии барномаи асосии хатмкунанда аз руи ихтисос, татбиқи барномаи таълимӣ аз рӯи ихтисос, мазмун ва маҷмуӣ ҳуҷҷатҳои барномаи таълимӣ аз руи ихтисос, аттестатсияи ниҳои аз рӯи ихтисос, низоми таъминоти сифати барномаи асосии таълимӣ шинос намуда қайд намуданд, ки стандартҳои пешина бори дигар аз назари танқидӣ омухта шуда, камбудӣ ва маҳдудиятҳои онҳо ҷиҳати омода намудани мутахасисони оянда ошкор ва баррасӣ карда шудааст.    Ҳамчунин аз тарафи муовини роҳбари гурӯҳ Самиев Х.Д., дар доираи Барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисоси «Муносибатҳои байналхалқӣ» ҳар як блок ва модул ба таври зайл: – номгузории блок ё модул, – мақсад, – тавсифи мухтасар, – натиҷаҳои омӯзиши он тавсиф ёфта ба тариқи рӯнома (презинтатсия намоиш дода шуд).

Ҳамчунин гуфта шуд, ки ихтисоси мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми октябри соли 1995, № 9/5   тасдиқ карда шуда,  мӯҳлати муқаррарнамудаи азхудкунии барномаи таълимии тайёр намудани бакалавр аз рӯи ихтисоси 1-23010100 – муносибатҳои байналмилалӣ дар шакли таҳсили рузона 4- солро фаро мегирад. Аз ҷониби Самиев Х.Д инчунин оиди тавсифи касбии хатмкунандагони ихтисоси мазкур қайд карда шуд, ки бакалаври соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ дар оянда метавонанд ба иҷрои вазифаҳои корманди ихтисосии Вазорати корҳои хориҷӣ ва муассисоти тобеи он, референт, эксперт, мушовири соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ, тарҷумон (тарҷумон-референт)-и забонҳои хориҷӣ дар идораҳои давлатӣ, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, макотиби таҳсилоти олии касбӣ ва созмонҳои фарҳангию маърифатии Ҷумҳурии Точикистонро дар назар дошта, ҳамчун мутахасиси ин соҳа кору фаъолият намоянд. Инчунин гуфта шуд, ки фаъолияти касбии ихтисоси соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ баҳри омӯзиши низоми муносибатҳои байналхалқӣ, созмонҳо ва иттиҳодияҳои муҳимтарини байналхалқӣ, проблемаҳо ва тамоили пешрафти сиёсати ҷаҳонӣ, масоили амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соири кишварҳо бо мақсади коркард ва таҳияи тавсияҳои илман асоснокшуда доир ба фаъолияти сохторҳои хоси сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.

Самиев Х.Д. қайд намуданд, ки дар ҳамоиши илмии имрӯза ҳамчунин намояндагони корфармои якчанд вазорату идораҳо ва сохторҳои ҳукуматӣ:  Мирбобоев Р.М. – директори Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони хизмати дипломатии ВКХ ҶТ, Муҳаммадзода П.А. – муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, Бобозода Ф.Т. мутахассиси пешбари Раёсати равобити байналмилалии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва дигар меҳмонон иштирок доранд, ки аллакай бо нусхаи Барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисоси 23010100 – «Муносибатҳои байналхалқӣ» шиносои пайдо намуданд.

 Аз ин рӯ хоҳишмандам, ки дар рафти ҳамоиши илмӣ баҳри дар сатҳи дахлдор омода гаштани санади мазкур ва барои беҳтар намудани барномаи асосии таълимӣ фикру мулоҳизаҳои худро иброз намоед.

Баъди анҷоми баромади Самиев Х.Д. қисмати муҳокимаи Барномаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисоси 23010100 – «Муносибатҳои байналхалқӣ» шуруъ гардид.

Баромад намуд: Мирбобоев Р.М. – Директори маркази такмили ихтисос ва бозомузии кормандони хизмати дипломатии ҶТ, ҳамчун намояндаи корфармоён оид ба аҳамияти барномаҳои таълимӣ ва шаклгирии дуруст ва самаранокии ҷараёни таълимӣ, расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ ибрози андеша намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки маҳз он  хатмкунандагоне ба вазорату кумитаҳо ва муассисаҳову сохторҳои давлатӣ кишвар роҳ меёбанд, ки воқеан дорои савияи баланди донишҳои назариявии ихтисоси мазкур, донандаи сатҳи баланди забонҳои хориҷӣ, таҳлилгарӣ хуби масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва авзои дохилию байналхалқӣ бошанд. Дар ин замина махсусан пешниҳод намуд, ки кредитҳои фанҳои базавӣ, аз қабили фалсафа, мантиқ, таърих, информатика ва ѓайра ҳар чи камтар карда шуда, аз ин ҳисоб боз ҳам кредитҳои фанҳои тахассусӣ зиёд карда шавад.   

Баромад намуд: Бобозода Ф.Т. қайд намуд, ки ташкил ва омода намудани Барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисоси 23010100 – «Муносибатҳои байналхалқӣ» сари вақтӣ буда, тақозои ҷомеаи имрӯза барои омода ва тайёр намудани мутахассисони баланд поя мебошад. Аз тарафи Бобозода Ф.Т. як чанд пешниҳодҳо аз қабили: 

– ворид намудани созмонҳои минтақавие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори онҳо буда ва дар доираи ин созмонҳои байнидавлати Тоҷикистон нақши калидиро доро мебошад. (ба мисли Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷаъмӣ);

– ташкили таҷрибаомӯзӣ дар курсҳои поёнӣ аз ҳисоби таҷрибаомӯзии курсҳои болоӣ, ки 4-ҳафтаро ташкил медиҳад. Яъне донишҷӯён мунтазам дар курси 2-юм, 3-юм ва 4-ум таҷрибаомӯзии худро дар вазорату кумитаҳо, идораҳои давлатӣ ва муассисаҳои илмию таълимӣ бароҳ монанд.

– ба талаботи замони муосир ва кишварҳои пешрафтаи дунё мутобиқат ва мувофиқат намудани Барнома ва Стандарти таълимӣ хуб мешуд, ки ба ҷои мафҳуми вазифаи хонагӣ, мафҳуми корҳои мустакилона истифода карда шавад;

– ба Стандарти таълимӣ ворид намудани фанни «Дипломатияи мардумии Пешвои миллат» ва «Сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон»

Инчунин Бобозода Фаридун қайд намуданд, ки мутахассисони соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ ѓайр аз вазорату кумитаҳо ва идораҳои дахлдори давлатӣ имрӯз метавонанд дар муассисаҳои илмӣ-таълимӣ ба ҳайси омӯзгор кору фаъолият намоянд.

Дар масъалаи фанҳои тахассусӣ бошад пешниҳод намуд, ки хуб мешуд, ки дар яке аз фанҳои «Муқаддимаи ихтисос» барои донишҷӯёни курси аввал, қисме аз мавзӯъҳои фанни Хадамоти дипломатӣ ва консулии ҶТ бо зиёд намудани миқдори кредит ҷой дода шавад. Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, ки дар баробари омӯзиши фанҳои тахассусӣ  «Дипломатияи иқтисодӣ», «Дипломатияи фарҳангӣ», «Дипломатия низомӣ» инчунин навъҳои дипломатияи муносибатҳои байналхалқии муосир ва иқтисодиёти ҷаҳон низ васеътар омӯзонида шавад.

Дар фарҷом Бобозода Ф.Т. қайд намуд, ки Стандарти таълимӣ аллакай омода ҳаст,  вале онро бояд ба талаботи замон ва Консепсияи сиёсати хориҷии ҶТ дар ҷаҳони таѓирёбандаи муосир таѓироту иловаҳо карда шуд ва тахассусҳои мо низ бояд аз нав коркард карда шаванд.    

Дар баробари омӯзиши забонҳои дуюми хориҷӣ бояд ҳатман аз  таҷрибаи Донишгоҳи МГУ, МГИМО-и Федератсияи Россия ё ин ки мактабҳои пешрафтаи дипломатии Аврупоро истифода намуд, ҳангоми омӯзиши забон  донишҷӯён инчунин аз таърих, фарҳанг, тамаддуни он халқу миллатҳо низ огоҳӣ пайдо намуда, вобаста ба ин масъала дар курсҳои поёнии то курси 4-ум ба навиштани рисолаи курсӣ ва хатмӣ машѓул шавад. Ва хуб мешуд, ки дар оянда низ барои омӯзиши забони дуюм, таъриху фарҳанг ва тамаддуни он кишвар ягон фанни алоҳида ҷори карда шавад.

Баромад намуд: Муҳаммадзода П.А. минатдории худро барои таклиф ва баромад дар ин ҳамоиши илмӣ намуда қайд намуданд, ки Стандарти таълимӣ ба талабот пурра ва ҷавобгу аст, аммо бояд баъзе аз нуқтаҳо ва бандҳои Барномаи мазкурро такмил  намуд.  Ӯ қайд намуд, ки ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ бисёрсамта буда, хатмкунандагони он имрӯзҳо дар тамоми вазорату кумитаҳои давлатӣ ва  идораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, гумрукии давлатии кишварамон кору фаъолият намуда истодаанд. Муҳаммадзода П.А. пешниҳод намуд, ки:   

 – ташкили ихтисоси амниятшиносӣ дар назди кафедраҳои дахлдори факултети Муносибатҳои байналхалқӣ бо назардошти таҳдидҳои ҷомеаи муосир;

   – дастгирии донишҷӯён ҳангоми гузаштани таҷрибаомӯзӣ дар назди Маркази тадқиқоти стратегии ҶТ;

  – ворид намудани фанни таҳлилнависӣ вобаста ба масъалаҳои гуногуни муносибатҳои байналхалқии муосир;

  – омӯзиши санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ҷой додани Доктринаҳо, Конвенсияҳои байналхалқӣ, Қонун дар бораи хизмати дипломатӣ, таҳлили ҳуҷҷатҳои характери стратегӣ дошта, пажуҳиши дипломатияи фарҳангии давлати Сомониён ва Ѓуриён, инчунин хусусиятҳои хоси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба назар гирифта шавад;

– вобаста ба авзои имрӯза ва афкори сиёсии ҷомеа дар раванди ҷаҳонишавӣ барои омода намудани кадрҳои ба талаботи имрӯзаи ҷомеа ҷавобгӯ пешниҳод намуд, ки бояд донишҷӯёнро дар руҳияи идеологӣ ва манфиатҳои идеологии давлат бештар тарбия намуд;

Ҳамчунин дар фарҷоми баромади худ Муҳаммадзода П.А. дар масъалаи омӯзиши забонҳо ва омода намудани донишҷӯёни забондон ва ба талаботи имрӯзаи ҷомеа ҷавобгӯ пешниҳод намуд, ки бояд ба назар гирифта шавад, ки омӯзиши кадом аз забонҳои хориҷӣ дар минтақа ва ҷаҳон дар шароити  имрӯза зарурият дорад ба роҳ монда шавад.

Баромад намуд: Мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ д.и.с., профессор Нуриддинов Р.Ш. қайд намуданд, ки ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ назар ба дигар ихтисосҳо фарқкунанда буда ба омода ва тайёр намудани хизматчиёни давлатӣ дар тамоми сохторҳои давлатӣ, инчунин мутахасссисони сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналхалқӣ машѓул мебошад. Профессор Нуриддинов Р.Ш. ҳамчунин оид ба беҳбуд бахшидан ба сатҳ ва сифати таълим дар доираи муҳокимаи барномаи мазкур сухан ронда, аз ҷумла қайд намуд, ки имрӯз вақти он расидааст, ки омода намудани мутахассисони риштаи муносибатҳои байналхалқӣ, аз рӯи як Стандарти таълимӣ вобаста ба талаботи бахши давлатӣ ва хусусӣ омода карда шуда, аз шумора ба сифати омоданамудани кадрҳои баландихтисос гузарем. Чигунае, ки аз таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи дунё огоҳ мебошем, дар шароити имрӯза рейтинги донишгоҳҳои бонуфузи дунё аз рӯи шумораи донишҷӯёну хатмкунандагон, аз рӯи кормандону унвондорон ва профессорон баҳогузорӣ карда намешавад, балки аз рӯи он баҳогузор карда мешавад, ки маҳсули яъне мутахассисони омоданамудааш то кадом андоза дар сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа рақобатпазир ҷогоҳи худро пайдо карда метавонанд. Аз ин сабаб барномаҳо ва стандартҳои таълимии таҳиянамуда бо ба инобат гирифтани шароити бо кор таъмин гаштани кадрҳои омоданамудаи факултети муносибатҳои байналхалқӣ қабул карда шаванд. Дар идомаи баромади хеш профессор Нуриддинов Р.Ш. пешниҳод намуданд, ки бояд дар Стандарти таълимӣ омӯзиши таърих, тамаддун ва фарҳанги халқу миллатҳо низворид карда, хатогиҳои имлоӣ, техникӣ, ки гоҳ-гоҳ дида мешавад, то чопи охирини Барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ислоҳ ва бартараф карда шавад.   

Андешаҳои мазкурро дигар мудирони кафедраҳои тахасусии факултет дотсент Салимов Ф.Н., Розиқов Ф.М., Раҳмонов М.А. дастгири намуданд.

Баромад намуд: Мудири кафедраи Дипломатия ва сиёсати хориҷии ҶТ. н.и.т., дотсент Салимов Ф.Н. низ вобаста ба аҳамияти Барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ баромад намуда, қаноатмандии худро аз мураттибони барномаи мазкур иброз дошта ва ҳамзамон пешниҳод намуданд, ки бо илова аз таклифу пешниҳодҳои карда шуда, то чопи охир Стандарти мазкур мавриди бознигарии ҷидди қарор дода шавад.

Баромад намуд: Мудири кафедраи минтақашиносии хориҷӣ н.и.т., дотсент Розиқов Ф.М. қайд намуд, ки факултети муносибатҳои байналхалқӣ, дар тайёр ва омода намудани мутахассисони соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ ва хизматчиёни давлатӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки сол то сол шумораи хоҳишмандон ва довталабони ин ихтисос дар факултет зиёдшуда, хатмкунандагони он дар тамоми сохторҳои давлатию, қудратӣ, иқтисодию-молиявӣ кору фаъолият карда истодаанд. Аз ин лиҳоз зарурияти таҷдиди назар ва таҳияи барномаҳои нави таҳсилотӣ аз руи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ, ки аз тарафи факултети муносибатҳои байналхалқӣ мавриди корд кард қарор дода шудааст, вобаста ба талаботи замон буда, пешниҳод намуд, ки беҳтар мешуд, ки дар асоси ин барномаи таълимӣ дар дигар ихтисосҳои факултети муносибатҳои байналхалқӣ аз ҷумла сиёсати дохилӣ ва берунаи Тоҷикистон, минтақашиносии хориҷӣ, фаъолияти иттилоотӣ-таҳлилӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ, чунин Стандарти таълимӣ дар оянда мавриди таҷдид карда щавад. 

Баромад намуд: мудири Маркази инноватсияи ДМТ Таѓоев Ш.Х. қайд намуд, ки Стандарти таълимии ихтисоси муносибатҳои байналхалқии таҷдидёфта дар шароити имрӯза ба манфиати кор буда ва пешниҳод намуд, ки:

– барнома (силлабус)-и таълимӣ ва матни лексия ба воситаи технологияи муосир рӯнамо (презентатсия) муаррифӣ карда шавад то донишҷу бештар барои худ қабул намоянд;

– ҳар чи бештар ҷалб намудани донишҷӯён ба хондан ва мутолиаи маводҳои таълимӣ вобаста ба ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ ва осори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон;

– ба даст овардани маълумот вобаста ба раванду ҳодисаҳои муосире, ки дар муносибатҳои байналхалқӣ имрӯз вуҷуд дорад аз истифодаи технологияҳои пешрафта (Воситаҳои ахбори омма, сомонаҳои интернетӣ ва ѓ.)     

Баромад намуд: Ҷаъфаров С.Х. муовини декан оид ба таълим дар баромади худ қайд намуд, ки бо Барномаи таълимии таҷдидёфта аллакай шинос буда, пешниҳод намуд, ки хуб мешуд Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар асоси нақшаи таълимии намунавӣ пешниҳод карда шавад. Дар масъалаи таҷрибаомӯзиӣ бошад қайд намуд, ки имрӯз дар факултети муносибатҳои байналхалқӣ таҷрибаомӯзии донишҷӯён се солро дар бар гирифта донишҷӯён аз курси дуюм ба таҷрибаомӯзии шиносоӣ, дар курси сеюм ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва дар курси чорум бошад ба таҷрибаомӯзии пеш аз дипломӣ фаро гирифта шудаанд.       

Баромад намуд: ассистент менеджер Шарипов С.С. қайд намуд, ки омода намудани Стандарти таълимии ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ вобаста ба талаботи давру замон буда, он падидаҳои муосире, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ имрӯз қарор дорад сохторҳои давлатии кишварҳоро водор менамояд, ки ҳарчи бештар масъулиятнок бошанд. Аз ин лиҳоз Шарипов С.С. пешниҳод намуд, ки ба Стандарти таълимӣ бояд пеш аз ҳама:

– ворид намудани созмонҳои байналхалқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти он шомил мебошад;

– муҳлати таҷрибаомӯзии донишҷӯён ба фаъолияти муассисаҳои давлатӣ ҳангоми гузаштани таҷрибаомӯзӣ мувофиқат карда шавад;

– мутобиқ намудани фанҳои ѓайритахассусӣ ба ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ.

Баромад намуд: вобаста ба масъалаи мазкур Авзалов А.Х. менеҷери лоиҳа фикру мулоҳизарони намуда пешниҳод намуд, ки:

Барномаи мазкурдар асоси Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ба санадҳои  меъёрӣ-ҳуқуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилот мувофиқат мекунад. Талабот ба мазмуни ҳатмии барномаи таълимӣ, шартҳои татбиқӣ он ва муҳлати таҳияи онро Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Авзалов А.Х. қайд намуд, ки ҳангоми татбиқи барномаи таълимӣ аз рӯи ихтисоси 23010100- «Муносибатҳои байналхалқӣ» маҷмуи ҳуҷҷатҳои ҳатмии зерин ҷалб карда мешаванд: нақшаи таълимӣ аз рӯи ихтисос, нақшаи таълимии корӣ, барномаҳои таҷрибаомӯзӣ, нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳо (силлабус). Талабот нисбати мазмуни ҳуҷҷатҳои дар боло зикршуда дар Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфтааст.

Дар фарҷоми ҳамоиши илмӣ аз ҳозирин дар бораи дастгирӣ намудани матни омодашудаи Барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисоси 23010100 – «Муносибатҳои байналхалқӣ» пурсида шуд, масъалаи мазкур ба овоз монда шуд. Аз тарафи иштирокчиён ва баромадкунандагон пешниҳод карда шуд, ки таклифу пешниҳодҳои карда шуда бояд дар нусхаи охирини Стандарти таълмии ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ ворид карда шавад.

Натиҷаи овоздиҳӣ: ҳама тарафдор.              

ҚАРОР КАРДА ШУД:

  1. Матни Барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисоси 23010100 – «Муносибатҳои байналхалқӣ» қобили қабул дониста шуда фикру мулоҳиза ва таклифу пешниҳодҳои иброзгардидаи иштироккунандагони Мизи гирд ба инобат гирифта шавад;
  2. Барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисоси 23010100 – «Муносибатҳои байналхалқӣ» ба раёсати Донишгоҳи милли Тоҷикистон ва вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда шавад.