Модели Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ-ШОС)

370

Санаи 22 ноябри соли ҷорӣ дар маҳфили навбати Клуби “Дипломатҳои ҷавон” тренинг оид ба тартиб ва усули баргузор намудани бозии интерактивии “Модели Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ-ШОС)” баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар аввали моҳи декабр дар факултети Муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бозии интерактивии “Модели СҲШ” (мавзуашро каме дертар расонаи мекунем) бо иштироки васеи донишҷӯён ва хоҳишмандон доир мегардад.