МАВҚЕИ ДИПЛОМАТИЯИ ПАРЛУМОНӢ ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

346

Дар низоми давлатдории ҳар як кишвар парлумон яке аз шохаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун шохаи қонунбарори ҳокимият дар танзим ва пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ нақши ҳалкунанда дорад. Бо дарназардошти ин омил, дар доираи назарияи дипломатия, беш аз пеш ба масъалаи таҳқиқи дипломатия парлумонӣ аҳамияти васеъ дода мешавад. Зарурати омӯзиши назариявӣ ва амалии дипломатия парлумонӣ дар он зоҳир мегардад, ки имрӯз аксарияти давлатҳои ҷаҳон дипломатия парлумониро ба қатори афзалиятҳои сиёсати хориҷии хеш қарор дода, дар самти рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ чорабиниҳои гуногуни байнидавлатӣ ва байналмилалиро роҳандозӣ менамоянд.

Дар ин замина, бояд мафҳуми дипломатияи парлумонӣ дар заминаи усулҳои умумии дипломатӣ омӯхта шавад. Дар адабиёти илмӣ мафҳуми дипломатия дар се ҷанбаъ баррасӣ мегардад [1, C. 39-53], ки ба шарҳи дипломатияи парлумонӣ низ мусоидат менамоянд:

  • воситаи татбиқи сиёсати хориҷӣ – имрӯз дипломатияи парлумонӣ дар симои вакилони парлумон низ метавонад ҳамчун намояндаи давлат дар робитаҳои хориҷӣ баромад намоянд;
  • ҳамчун фаъолити расмии сарони давлатҳо, ҳукуматҳо, мақомотҳои махсус, ки ба самти коркард ва татбиқи ҳадаф ва вазифаҳои сиёсати хориҷии давлат, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои давлат, ниҳоду шаҳрвандони он дар хориҷа – дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, вазифаҳои хориҷии вакилони парлумон низ муайян шудааст, ки дар баробари дигар ниҳодҳо дар коркард ва татбиқи ҳадаф ва вазифаҳои сиёсати хориҷии давлат тавассути қабули қарорҳо, муайянсозии буҷаи сиёсати хориҷӣ, иштирок дар ҷаласаҳои байнипарлумонӣ, тасвиби шартномаҳои байнидавлатӣ ва байналмилалӣ бевосита иштирок менамоянд;
  • санъати дастёбӣ ба ҳадафҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ тавассути усулҳои дипломатӣ (сулҳона) – дипломатияи парлумонӣ ҳамчун санъати таъминкунандаи иртибот ва алоқамандии мақомотҳои қонунбарори давлатҳои ҷаҳон баромад менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба масъалаи рушди дипломатияи парлумонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ҳанӯз баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ, ки як муддати кутоҳ идоракунии президентӣ боздошта шуда буд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар як вақт вазифаи Роҳбари давлатро низ иҷро мекарданд. Аз ҳамон замон аллакай робитаҳои байнипарлумонӣ бо парлумонҳои кишварҳое, ки дар он вақт истиқлолияти давлатии моро эътироф карда буданд, шурӯъ мешавад [5, C. 10].

Моҳи марти соли 1992 дар Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил эътироф гардид. Он вақт баъзе мушкилиҳо вуҷуд доштанд. Масалан, замони аввали соҳибистиқлолӣ ҳанӯз Парчами давлатӣ вуыуд надошт ва бо Парчами ҶШС Тоҷикистон кишвари тозаистиқлоламон муаррифӣ шуда буд.

Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон, ки Ҳукумати конститутсионӣ ба фаъолият шурӯъ кард, Парчам ва Нишони давлатӣ қабул шуд. Дар давраи аввали соҳибистиқлолӣ ҳам робитаҳои байнипарлумонӣ хуб ҷараён доштанд. Тамоми қонунҳое, ки баъд аз ба даст овардани истиқлолият қабул шудаанд, дар чаҳорчӯбаи қонунҳои моделии кишварҳое буданд, ки бо онҳо ҳамкориҳои барқарор гардида буданд. Масалан, бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯзҳои аввал робитаҳои парлумонӣ хуб ба роҳ монда шуда буд [2].

Пас аз ислоҳоти конститутсионӣ, ки парлумони кишвар дупалата шуд, робитаҳои парлумонӣ боз ҳам зиёдтар шуданд. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви созмонҳои байналмилалии байнипарлумонӣ шуд. Аз ҷумла, Маҷлиси миллӣ узви Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, ҳамчунин, бо Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо ҳамкории фаъол дорад. Инчунин, дар Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) шомил буда, фаъолияташ пурсамар мебошад.

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои хориҷиро дар асоси Консепсияи рушди муносибатҳои байнипарлумонии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Маҷлиси миллӣ аз 9-уми декабри соли 2020 таҳти №98 қабул шудааст, ба роҳ мондааст.

Айни замон Маҷлиси миллӣ бо палатаҳои болоии дигар кишварҳо 17 гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис дода, узви комилҳуқуқи 6 созмони байнипарлумонии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад. Ҳамаи аъзои Маҷлиси миллӣ шомили як ё якчанд гурӯҳи дӯстӣ ҳастанд.

Имрӯз дипломатияи парлумонӣ танҳо ҳамкорӣ дар самти ҳуқуқэҷодкуниву қонунгузорӣ набуда, дар ҳама самт фаъол аст. Масалан, танҳо соли 2022 чанд сафари хориҷии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои дигар сурат гирифта, ҳамчунин, мулоқоти зиёд бо роҳбарони идораҳои дипломатии кишварҳои дигар дар шаҳри Душанбе анҷом дода шуд. Аз ҷумла, дар соли 2022 мулоқоти Раиси Маҷлиси миллӣ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ван И, роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мерилин Йосефсон баргузор гардид [6].

Соли 2022, ҳамчунин, сафарҳои расмӣ ва кории Раиси Маҷлиси миллӣ ба шаҳрҳои Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон, Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ашқободи Туркманистон, Москваи Федератсияи Россия анҷом дода шуд. Дар баробари ин, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко, Раиси Сенати Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев, Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғафурова бо сафарҳои расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ҳангоми сафари раисони палатаҳои болоии парлумонҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон Форуми VII байнипарлумонии «Тоҷикистон — Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ», ҷаласаи нахустини Комиссияи доимии ҳамкории байни Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати парлумони Қазоқистон, инчунин, ҷаласаи 10-уми Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия доир гардид.

Зимни сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон 3-4-уми марти соли 2022 Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон [3], ҳамчунин ҳангоми сафари расмӣ ба Туркманистон 11-12 — уми майи соли 2022 Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Халқ Маслаҳати милли Генгеши Туркманистон ба имзо расид. 12-уми майи соли гузашта Раиси Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаи якуми Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия «Ҳамкории байнипарлумонӣ — ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои байнидавлатӣ» ширкат варзиданд.

Таҷрибаи навтарини мо, ки дар ҳамкориҳои байнипарлумонӣ бори аввал рух дод, бастани созишномаи ҳамкорӣ бо Сенати парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон ва Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соли 2022 буд. Айни замон ду созишномаи дигар байни палатаҳои болоии парлумонҳои кишвари мо, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой бо роҳҳои дипломатӣ ба мувофиқа расида, барои имзо омода аст.

Чунин созишнома бо Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия низ имзо шудааст. Ин ҳам бори аввал аст, чунки дар таърихи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ таҷрибаи бастани созишнома вуҷуд надошт. Бастани созишнома вазифадор мекунад, ки ҷонибҳо уҳдадор шуда, онро иҷро намоянд. Дувум, бо ҳар давлате, ки созишнома баста мешавад, нақшаи амал ва харитаи роҳ барои ҳар сол тасдиқ мегардад, ки дар он тамоми паҳлуҳои фаъолиятро, шурӯъ аз эҷоди қонунҳо то ҳамкориҳои дуҷонибае, ки барои кишварҳо судманд мебошанд, амалӣ месозем.

Робитаҳои байнипарлумонӣ имрӯз натиҷаҳои дилхоҳ дода истодаанд. Масалан, дар доираи ҳамкорие, ки бо Федератсияи Россия ҳар сол бо навбат дар кишварҳои ҳамдигар нишастҳои дуҷониба дар мавзуи «Тоҷикистон — Россия: иқтидори ҳамкорӣ» ташкил мегардад [4].

Тавассути чорабиниҳои байнипарлумонӣ қарордодҳо дар ҳама самти ҳамкорӣ баста, иҷрои онҳо назорат мешаванд. Нақшаи амал ва харитаи роҳ дар баробари гурӯҳҳои дӯстӣ, ҳамчунин, бевосита аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллӣ назорат мешавад.

17-уми майи соли 2022 мулоқоти маҷозии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо узви доимии Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Хитой, Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитойии намояндагони халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой Ли Чжаншу баргузор гардид.

Инчунин, 27 — уми апрел ва 22 — юми декабри соли 2022 раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ — Фарҳод Раҳимӣ ва Дилшод Раҳмон бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой Тзи Шумин мулоқот намуданд.

Дар созмонҳое, ки парлумони Тоҷикистон аъзо мебошад, дар вакилони кишвар дар кори ассамблеяҳои байнипарлумонӣ ба таври фаъолона иштирок менамоянд. Дар он, пеш аз ҳама, модели қонунҳои намунавӣ таҳия ва қабул мешаванд ва ҳар як кишвар, бо назардошти қонунгузории миллӣ, қонуни худашро таҳия мекунад.

Хулоса, дипломатияи парлумонӣ дар самти татбиқи ҳадаф ва вазифаҳои сиёсати хориҷӣ яке аз абзорҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Ин падида барои ҳамдигарфаҳмӣ, тақвияти ҳамкориҳо, коркарди роҳҳои нави иртибот ва табодули таҷриба мусоидат менамояд.

Ҳарчанд ниҳоди парлумон таърихи қадима дорад, вале истилоҳи дипломатияи парлумони дар илми муносибатҳои байналмилалӣ дар солҳои наздик ворид шуд. Ҳоло дар адабиёти илмии ватанӣ ва хориҷӣ тавсифи зиёди мафҳуми дипломатияи парлумонӣ вуҷуд дошта, коршиносон ва донишмадон роҳу умулҳои онро дар мақолаву асарҳои худ таҳлил менамоянд.

Имрӯз дипломатияи парлумонӣ дар қатори афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷой дошта, парлумони кишвар ҳамкориҳои судманди дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо парлумонҳои кишварҳои хориҷӣ ва ассамблеяҳои байналмилалии байнипарлумонӣ ба роҳ мондааст.

АНВАРИ САФАРӢ-номзади илмҳои таърих, муаллими калони кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ҶТ.