МАХСУСИЯТ ВА МАҲБУБИЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

205

Муаррихон бар ақидаанд, ки яке аз ҷанбаҳои асосии таърихи инсониятро роҳбарони кишварҳо муайян менамоянд. Албатта, аксари давраҳои таърихии рушди давлатҳои қадим ва муосир бо номи сарварон алоқаманд мебошад, ки рифоҳи мардум, авҷи қудрати кишвар, густариши илму фарҳанг ва тиҷорат бо ному фаъолияти онҳо вобастагӣ доранд.

Теъдоди роҳбарон зиёданд, таърих ҳатто шоҳиди номи онҳоест, ки боиси заъфи қудрат, хиёнат ва нобудии давлат гаштаанд. Вале муҳимтар аз ҳама, номи нафароне дар сафҳаҳои он бо хатти зарин инъикос ёфтаанд, ки бо сарсупурдагӣ, азму қатъият ва иродаи барҷаста боиси эҳё ва ваҳдати халқу миллат, осудагии мардум ва ободии кишвар, болоравии шуҳрату нуфузи он гашта, тӯли таърих дар забони оламиён ҳамчун нишони адлу рой ва намунаи давлатдорӣ боқӣмондаанд.

Таърих номи Хусрави Парвиз (Анушервон), Исмоили Сомонӣ, Александр Невский, Наполеон Бонапарт, Теодор Рузвелт ва дигаронро ҳамчун сарварони боризу муваффақ ва намунаи эҳёву таҳкими қудрати халқу кишвар сабт намудааст.

Раванди касби истиқлоли давлатии тоҷикон, паёмадҳои он дар шакли ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва хатари нобудии миллат ба саҳна нафареро овард, ки бешак масъулияти он рӯзу фардои миллатро ба зимма гирифта, худро дар қатори пешвоёни бузурги таърихӣ ҷой дод. Пешвои миллати тоҷик, фарзанди фарзона ва масъули он низ аз қабили пешвоёни машҳури ҷаҳон мебошад. Ин шахс Эмомалӣ Раҳмон бо изни Худованд ва дуои мардуми тоҷик дар лаҳзаи ҳассос ба сари қудрат омада, оѓози сулҳу ваҳдат, ҳифзи истиқлолияту давлатдорӣ ва касби рифоҳу амнияти мардум гардид.

Тавре маълум, на ҳар сарвари кишвар Пешво буда метавонад. Пешвои миллат дорои махсусиятест, ки мақоми ӯро дар баробари дигарон муайян ва ҳифз месозад. Маҳз ин махсусият боиси маҳбубияти онҳо миёни мардум ва эътироф аз ҷониби ҷаҳониён ва дар маҷмуъ, таърих мегардад. Бинобар фардияти махсус ин нафарон на дар соҳаҳои алоҳида, балки тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаро дарк намуда, дар ҳалли масоили асосии он муваффақ мегарданд. Ба андешаи мо хусусиятҳои хоси абармардони таърихӣ ва пешвоёни миллат, дар мисоли сарвари давлати тоҷикон – Эмомалӣ Раҳмон дар ҷанбаҳои зерин инъикос меёбанд:

1) Аз хуну хок ва камари миллат будан. Хусусияти хоси пешвоён ин баромадан аз қалби миллати худ дар шароитҳои ҳассос ва мураккаби таърихӣ мебошад. Ба онҳо ҳисси баланди ватандӯстӣ, садоқат, сарсупурдагӣ, ҳадафмандӣ ва орӣ будан аз бегонапарастӣ хос аст. Агар ба раванди ба сари қудрат омадани Пешвои миллат назар андозем, айнан инъикоси ҳолат ва махсусияти мазкурро мушоҳида хоҳем намуд. Махсусияти ин сифат дар он зоҳир мешавад, ки новобаста аз нотакрории фардии Пешвоён таъини онҳо ба сифати роҳбар дар миллату кишвари дигар боиси дарки амиқи мушкилот ва ҷоннисорӣ нахоҳад шуд. Аз ин рӯ, худованд баҳри ислоҳи халал дар ваҳдати миллии тоҷикон маҳз Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчу сарвари давлат рӯйи кор овард.

2) Истиқрори сулҳ, баргардонидани гурезаҳо ва таҳкими ваҳдати миллӣ. Аксари пешвоён дар шароити парокандагии халқу миллат, инқилобу ҷангҳои шаҳрвандӣ ва хатарҳои хориҷӣ рӯйи кор омада, бо фаъолияти сарварӣ, мардонагӣ, ҷасорати фавқуллода ва пайгирона татбиқ намудани ҳадафи воло – сулҳ, ваҳдат ва эҳё шинохта мешаванд. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввалини интихоб ба сифати сарвари давлати тоҷикон эълом дошт, ки ҳадафи асосии ӯ истиқрори сулҳ, баргардонидани гурезаҳо ва ваҳдат мебошад. Таъкиди ибораи «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам» дар аввалин суханронӣдалели қатъият дар кори сулҳ ва махсусияти шахсияти Пешвои миллат мебошад. Дар раванди татбиқи ин ҳадафҳои олӣ Сарвари давлат иродаи қавӣ, мардонагӣ, ҷасорати бемаҳдуд ва дурандеширо ба хотири миллат нишон дод. Ҳамагон медонанд, ки зимни музокироти байни тоҷикон таҳдиду суиқасдҳои зиёд аз дохилу хориҷ, хатари табдили кишвар ба майдони рақобати мансабталошон ва бозингарони минтақавию ҷаҳонӣ возеҳ буд. Устуворӣ ва қатъият новобаста аз душмании рӯйрости қувваҳои дохиливу хориҷӣ, мулоқоту вохӯрӣбо роҳбари мухолифин дар Кобулу Хусдеҳ, гузашт ба хотири миллат аз нотакрории шахсияти Пешвои тоҷикони ҷаҳон шаҳодат медиҳад.

Зимни пайгирии сиёсати сулҳофаринӣ яке аз падидаҳои манфури иҷтимоӣ– маҳалпарастӣ ниҳоят коҳиш ёфта, эҳсоси ягонагӣ ва расидан ба ҳадафи якдилии ҳар як тоҷикистонӣ тақвият меёбад, ки аз намунаи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвоимиллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Дар ин радиф табдили Тоҷикистон аз кишвари се қисмат ба якпорча тавассути бунёди нақбу роҳҳо боиси таъкид мебошад.

Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳо ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъди ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардида, имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мезанад.

Барои хизматҳои шоён дар самти истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди иқтисод ва пешрафти иҷтимоӣ, баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ба Эмомалӣ Раҳмон унвони Пешвои миллат дода шуд.

Эҳёи иқтисод ва беҳдошти вазъи иҷтимоӣ. Тавре маълум, бинобар ҷанги шаҳрвандӣ, ѓорати моликияти давлативу ҷамъиятӣ, буҳрони иқтисодӣ, таваррум ва таъсирҳои манфии кандашавии алоқаҳои мутақобилаи иқтисодӣ вазъи иқтисодиву иҷтимоии мардуми Тоҷикистон ниҳоят бад гардид. Аз рӯзҳои аввали касби қудрат Пешвои миллат ба ҷомаеи ҷаҳонӣ бо кӯмак ба Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар баробари он ба ислоҳи вазъ пардохт. Додани 75 ҳазор га заминҳои президентӣ ба мардуми деҳот, дар шароити мураккаби солҳои аввали истиқлолият яке аз заминаҳои таѓйири вазъи иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ ва беҳ гаштани таъмини амнияти хӯрокворӣ гардид.

Андешидани чораҳои зарурӣ, аз қабили паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дастгирии давлатӣ, бунёди корхонаҳои хурду бузург, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ омили таѓйири сифатии вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолӣ шуд. Маҳз бо ҳамин сабаб дар даврони истиқлолият аз ҳисоби буҷет ба соҳаҳои иҷтимоӣ 45 миллиард сомонӣ (то соли 2016) равона карда шуд, ки қариб нисфи буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар 15 соли охир даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтанд. Мубодилаи молу маҳсулот бо 100 кишвари ҷаҳонӣ аз беҳбудии сифатӣ дар ин самт дарак медиҳад.

Агар ба таври мухтасар назар намоем, дар оѓози солҳои 2000-ум иқтидори кишвар барои бунёди нақби Истиқлол намерасид, ҳоло бо назардошти тақвияти иқтисоди кишвар сохтмони асри замони шӯравӣ – нерӯгоҳи Роѓун бо маблаѓҳои худӣ бунёд мегардад.

Бунёди корхонаву марказҳои хизматрасонӣ, бастани аҳдномаҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, эъломи соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ аз моҳияти сиёсати иҷтимоиву иқтисодии Пешвои миллат бармеояд.

3) Диққати асосӣ ба соҳаи маориф. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Пешво дар самти рушди кишвар ва ҳифзи айнияти он диққати хосса ба масъалаи мактабу маориф мебошад. Зеро миллати босавод заминаи боэътимоди рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар буда, метавонад исоҳоти созандаро татбиқ намуда, дар баробари ақлу дониши худ аз дастовадҳои илмиву фаннии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба манфиати худ истифода намояд.

Аз ин рӯ, таҳкиму тақвияти соҳа ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти мардуми кишвар яке аз вазифахои аввалиндараҷаи давлату ҳукумат маҳсуб мегардад. Дар замони Шуравӣ новобаста аз иқтидор ва нерӯи давлат, дар Тоҷикистон теъдоди муайяни мактабҳо дар вагонҳо ва хонаҳои шахсӣ ҷойгир буданд. Ин камбудӣ танҳо дар солҳои истиқолият ҳалли худро ёфт. Танҳо дардоираи «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015» дар соҳаи маориф аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблаѓгузорӣ шумораи чунин муассисаҳои таълимӣ беш аз 800 ва маблаѓи умумии барои ин кор сарфшуда 600 миллион сомониро ташкил дод.

Ташкили Маркази миллии тестӣ ин амалӣ гаштани орзӯи ҳазорон наврас дар самти мушарраф гаштан ба номи баланди донишҷӯйӣ ва коҳиши фасод дар ин самт мебошад.

Додани диққати асосӣ ба соҳаи маориф, дастгирии ниҳодҳои ин самт, фиристодани ҷавонони лаёқатманд ба марказҳои пешрафтаи таълимиву илмии ҷаҳонӣ ва ифтитоҳи макотиби нави сатҳҳои гуногун дар дохили кишвар инъикоси моҳияти сиёсати маорифпарваронаи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

4) Ҳимоят аз арзишҳои давлатдорӣ, маънавию динии тоҷикон ва тарѓиби онҳо дар саҳнаи ҷаҳонӣ. Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва густариши арзишҳои ѓарбӣ яке аз вазифаҳои асосии кишварҳои миллӣ – ҳифзи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва динӣ ба шумор меравад. Рисолати Пешвои миллат дар ин самт дорои дастовардҳои беназир буда, аз сатҳи баланди татбиқи ормонҳои миллат – ҳифз ва тарѓиби фарҳанги тоҷикон шаҳодат медиҳад. Таҷлилу бузургдошти Абуабдуллоҳи Рудакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, 1100 – солагии давлати Сомониён, соли тамаддуни ориёӣ, бузургдошти Имоми Аъзам ва ҳифозат аз мазҳаби таҳаммулпазиронаи ҳанафӣ далели муаррифии арзиш, усул ва тафаккури ѓоявӣ, фарҳангӣ ва давлатдории тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Кулли мардум медонанд, ки тамоми классикони илму адабиёт ҳамзамон олимони воқеии дину шариат буда, ин ҷанба яке аз махсусиятҳои хоси тамаддуни тоҷиконро инъикос менамояд. Аз ин рӯ, яке аз омилҳои нуфуз ва маҳбубияти Эмомалӣ Раҳмон дар дохил ва хориҷи кишвар арҷгузорӣ ба фаъолият ва осори бузургон мебошад.

Аз ҷониби дигар дастур оид ба таълифи Қуръон бо тарҷумаи тоҷикӣ, Саҳеҳи Бухорӣ, осори пурѓановати бузургон, гузоштани санги асос ба Масҷиди бузургтарин дар Осиёи Марказӣ, ҳимояти мазҳабу дин аз минбарҳои баланди байналмилалӣ, аз қабили иртибот надоштани терроризм ба ислом, зиёрати хонаи Худо ҳамчун шукргузорӣ аз истиқрори сулҳ, шарафи зиёрати дохили ҳарами шариф, ворид шудан ба рӯйхати 500 мусулмони муассири дунё аз камоли мусулмонӣ, ҳимоят аз дину оин ва мазҳаб, на танҳо дар фазои кишвар, балки минтақа ва ҷаҳон дарак медиҳад.

Бешубҳа мо метавонем Пешвои миллатро ҳамчун ҳомии мазҳаб ва сулҳ эътироф намоем, зеро такя ба мазҳаби ҳанафӣ ягона роҳи ҳифзи арзишҳои динӣ ва пешгирии хушунат дар заминаи динӣ мебошад. Имрӯз кишварҳое, ки дорои низоми ба ном озодии мазоҳиб мебошанд, ба майдони бархӯрди мазҳабу оин дар доираи гурӯҳ, ҳизб ва мадрасаву масоҷид табдил ёфтаанд.

4) Ҳимоят аз арзишҳои давлатдорӣ, маънавию динии тоҷикон ва тарѓиби онҳо дар саҳнаи ҷаҳонӣ. Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва густариши арзишҳои ѓарбӣ яке аз вазифаҳои асосии кишварҳои миллӣ – ҳифзи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва динӣ ба шумор меравад. Рисолати Пешвои миллат дар ин самт дорои дастовардҳои беназир буда, аз сатҳи баланди татбиқи ормонҳои миллат – ҳифз ва тарѓиби фарҳанги тоҷикон шаҳодат медиҳад. Таҷлилу бузургдошти Абуабдуллоҳи Рудакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, 1100 – солагии давлати Сомониён, соли тамаддуни ориёӣ, бузургдошти Имоми Аъзам ва ҳифозат аз мазҳаби таҳаммулпазиронаи ҳанафӣ далели муаррифии арзиш, усул ва тафаккури ѓоявӣ, фарҳангӣ ва давлатдории тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Кулли мардум медонанд, ки тамоми классикони илму адабиёт ҳамзамон олимони воқеии дину шариат буда, ин ҷанба яке аз махсусиятҳои хоси тамаддуни тоҷиконро инъикос менамояд. Аз ин рӯ, яке аз омилҳои нуфуз ва маҳбубияти Эмомалӣ Раҳмон дар дохил ва хориҷи кишвар арҷгузорӣ ба фаъолият ва осори бузургон мебошад.Аз ҷониби дигар дастур оид ба таълифи Қуръон бо тарҷумаи тоҷикӣ, Саҳеҳи Бухорӣ, осори пурѓановати бузургон, гузоштани санги асос ба Масҷиди бузургтарин дар Осиёи Марказӣ, ҳимояти мазҳабу дин аз минбарҳои баланди байналмилалӣ, аз қабили иртибот надоштани терроризм ба ислом, зиёрати хонаи Худо ҳамчун шукргузорӣ аз истиқрори сулҳ, шарафи зиёрати дохили ҳарами шариф, ворид шудан ба рӯйхати 500 мусулмони муассири дунё аз камоли мусулмонӣ, ҳимоят аз дину оин ва мазҳаб, на танҳо дар фазои кишвар, балки минтақа ва ҷаҳон дарак медиҳад. Бешубҳа мо метавонем Пешвои миллатро ҳамчун ҳомии мазҳаб ва сулҳ эътироф намоем, зеро такя ба мазҳаби ҳанафӣ ягона роҳи ҳифзи арзишҳои динӣ ва пешгирии хушунат дар заминаи динӣ мебошад. Имрӯз кишварҳое, ки дорои низоми ба ном озодии мазоҳиб мебошанд, ба майдони бархӯрди мазҳабу оин дар доираи гурӯҳ, ҳизб ва мадрасаву масоҷид табдил ёфтаанд.

5) Муваффақиятҳои сиёсати хориҷӣ. Анъанаҳои давлатдорӣ, сиёсати хориҷӣва дипломатия, тартиби фиристодани расул, таҷрибаи сулҳ ва миёнаравӣ ҳамоҳанги таърихи ташаккули халқи тоҷик буданд. Вале бунёди хадамоти дипломатӣ ҳамчун инъикоси механизми татбиқи ҳадафҳои миллии тоҷикон, инъикоси мустақилияти сиёсӣ ва фароҳам овардани шароити рушди дохилӣ танҳо бо касби истиқлолияти давлатӣ ба даст омад. Муваффақияти сиёсати хориҷӣва дипломатияи тоҷик, пеш аз ҳама аз маҳорати барномарезӣ ва дурандешии сарвари он, анъанаҳои давлатдорӣ, арзишҳои фарҳангию маънавӣ ва касбияти кормандони хадамоти дипломатӣ вобаста мебошад. Аз ин рӯ, дар муваффақияти дипломатияи тоҷик хиради азалии Президенти кишвар, самтҳои дурусти муайяннамудаи сиёсати хориҷӣ ва садоқату касбияти кормандони соҳа мусоидат намуданд. Тоҷикистон сиёсати хориҷии хосеро пеша намудааст, ки он расман аз 31 декабри соли 2002 номи сиёсати «дарҳои кушод»-ро гирифтааст. Тавре маълум, Чин ва Ҷопон дар давраҳои таърихӣ барои зери фишор ва таъсири бегонагон ва дар маҷмуъ кишварҳои муқтадир қарор нагирифтан «сиёсати дарҳои баста» – ро пеша намуданд. Интихоби сиёсати «дарҳои кушод» аз як тараф роҳи ягонаи дурусти пешбурди сиёсати хориҷӣва аз ҷониби дигар инъикоси арзишҳои фарҳангию таърихӣва суннатии халқи тоҷик яъне дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ мебошад, ки самараи бевоситаи фаъолияти Пешвои миллат мебошад. Имрӯз натиҷа ва дастовардҳои сиёсати хориҷии мо боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад:

– истиқрори муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 180 кишвари ҷомеаи ҷаҳонӣ;

– узвият дар 80 созмони бонуфузи байналхалқию минтақавӣ;- имзои 1200 созишномаҳои дуҷониба бо кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ;- узвият ба 600 эъломияҳои байналхалқӣ;- дастовардҳо дар самти пешниҳоди ташаббусҳои байналхалқӣ (ба хусус дар масъалаи об, ҳамкорӣдар соҳаи он ва табдили он ба омили муҳимми рушди устувори иқтисодӣ);- раёсати сарвари давлат дар ҷаласаи 54-уми Маҷмааи Умумии СММ;- пешниҳоди формулаи сулҳ.

Кишварҳои олам ҳангоми тарҳрезии сиёсатҳои дарозмуддат ва интихоби мамлакате ҳамчун шарики стратегӣ, пеш аз ҳама, ба оромиши кунунии он ва заминаҳои субот дар оянда менигаранд. Аз ин нуқтаи назар, Тоҷикистон ба баракати сиёсати сулҳҷӯёна ва ваҳдатофари Эмомалӣ Раҳмон, аз тарафи шарикони хориҷии мо кишваре шинохта мешавад, ки ояндаи босубот ва сиёсати устувор дорад. Ин навъи нигариш, бешубҳа, роҳро барои ҳамкориҳои оянда ва сармоягузориҳои дарозмуддат боз намуда, заминасози рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва нақшофарии бештари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд.

Кишварҳои олам ҳангоми тарҳрезии сиёсатҳои дарозмуддат ва интихоби мамлакате ҳамчун шарики стратегӣ, пеш аз ҳама, ба оромиши кунунии он ва заминаҳои субот дар оянда менигаранд. Аз ин нуқтаи назар, Тоҷикистон ба баракати сиёсати сулҳҷӯёна ва ваҳдатофари Эмомалӣ Раҳмон, аз тарафи шарикони хориҷии мо кишваре шинохта мешавад, ки ояндаи босубот ва сиёсати устувор дорад. Ин навъи нигариш, бешубҳа, роҳро барои ҳамкориҳои оянда ва сармоягузориҳои дарозмуддат боз намуда, заминасози рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва нақшофарии бештари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд.

7) Дурнамои рушди устувори кишвар. Таърихи истиқлолияти кишвар намунаи аз яъсу ноумедии мардум ва боварӣ надоштан ба фардо, то эътимод ба ояндаи нек ва рушди устуворро инъикос намудааст. Ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар, иҷрои афзалиятҳои миллӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат соли 2016 “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” қабул карда шуд. Дар ин марҳила вазифаи муҳимтарин – то 30 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноил гаштан ба ҳадафҳои олӣ – тақвияти сармояи инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии бахши воқеӣ, таҳкими сохтории идоракунии давлат, таъмини устувори нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо ташкили ҷойҳои нави кории дараҷаи баланди истеҳсолӣ ва фароҳам овардани замина барои таҳкими иқтидори содиротии кишвар ҳамчун самтҳои муҳимтарини сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат муайян гардидаанд.

Дар сурати татбиқи муваффақонаи Стратегияи мазкур имкон фароҳам меояд, ки то соли 2030 бо истифода аз тамоми имконоту захираҳои мавҷуда маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ба ҳар сари аҳолӣ то 3 баробар афзоиш дода, сатҳи камбизоатиро беш аз ду баробар коҳиш диҳем ва ҳиссаи аҳолии дорои даромади миёнаро аз 22 то 50 фоиз зиёд намоем.

Сиёсати созандаи Пешвои миллат имкон медиҳад, ки ҳар як тоҷикистонӣ ба оянда бо эътимод назар карда, тарҳи мукаммал ва муваффақи зидагии халқу миллат ва худро тарҳрезӣ намояд.

Аз ин рӯ, мардуми кишварро зарур аст, ки дар навбати аввал барои эҳдои Яздон – интихоби сарвари хирадманду дилсӯз ва мардумӣ ба маънои том шукргузорӣ намуда, барои ободии кишвар, сулҳу ваҳдат, таҳкими арзишҳои динию маънавӣ ва фарҳангӣ дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гардида, баҳри татбиқи нақшаҳои нек – ҳифзи истиқлолият, дину оин, номуси ватандорӣ, таъмини амнияту субот ва шароити хуб барои ояндаи миллат саҳмгузор бошем.

ШАРИПОВ АМРИДДИН – дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ