МАҲФИЛИ “FRIENDSHIP” ДАР ХОБГОҲИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

153

Бо ташаббуси кафедраи мутолиоти аврупоии факултети муносибатҳои байналхалқӣ санаи 26 октябри соли 2022 дар хобгоҳи рақами 8 – и ДМТ бо иштироки устодону донишҷӯён маҳфили “Friendship” дар мавзуҳои “Ҳамкориҳои илми фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ИА” ва “Аҳамияти забони англисӣ дар ҷомеаи муосир” баргузор гардид. Дар он мудири кафедраи мутолиоти аврупоӣ дотсент Наҷмиддинов А. суханронӣ намуда, оид ба тақвият бахшидани омӯзиши забонҳои хориҷӣ, иштирок дар олимпиадаҳо ва аҳамияти омӯзиши забони англисӣ дар замони муосир сӯҳбати судманд анҷом доданд.Дар ҷараёни маҳфил байни донишҷӯён саволу ҷавоб гузаронида шуда, оид ба баланд бардоштани савияи омӯзишу аз худ кардани забони англисӣ фикру андешаҳо шунида шуд.