КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ АМАЛИРО ДАР МАВЗӮИ «ЛИМОЛОГИЯ: МОҲИЯТ, ХИСЛАТ ВА МОДЕЛҲОИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ МАРЗӢ»

266

Институти илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо лоиҳаи «Масъалаҳои марзӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалиро дар мавзӯи «Лимология: моҳият, хислат ва моделҳои ҳалли мушкилоти марзӣ»-ро санаи 25 ноябри соли 2024 ба нақша гирифтааст.

Ҳадафи конференсия: Таҳлили моҳият ва хислати лимология (илми маршиносӣ), асосҳои назариявӣ ва методологии он, инчунин омӯзиши моделҳои ҳалли мушкилоти сарҳадӣ дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ ва минтақавӣ бо таваҷҷуҳи хоса ба кишварҳои Осиёи Миёна.

Дар конференция масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:

1. Асосҳои назариявӣ ва методологии лимология дар сиёсатшиносӣ.

2. Лимология дар назарияи муносибатҳои байналхалқӣ.

3. Масъалахои марз ва сарҳад дар осори мутафаккирони бузурги тоҷик.

4. Лимология дар илмҳои сиёсии кишварҳои Ғарб.

5. Лимология дар илмҳои сиёсии кишварҳои Шарқ.

6. Лимология ва татбиқи он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ.

7. Моделҳои ҳалли мушкилоти сарҳадӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва аҳамияти он барои Осиёи Марказӣ.

8. Омилҳои ташаккули марзи давлатӣ: решаҳои таърихӣ ва тамоюлҳои муосир.

Аз руи натиҷаи маърузаҳои шунидашуда монографияи илмӣ нашр хоҳад шуд. Дар монография ба мавзӯъҳои зерин афзалият дода мешавад:

1. Ҷанбаҳои этносиёсии лимология.

2. Ҳамкории фаромарзӣ ва ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ.

3. Муноқишаҳои сарҳадӣ ва равандҳои муҳоҷират.

4. Аҳамияти иқтисодии ноҳияхои наздисарҳадӣ.

5. Марз ва амният: нақши марз дар пешгирии таҳдидҳои фаромарзӣ.

6. Идоракунии минтақаҳои наздисарҳадӣ: мушкилот ва таҷрибаи пешқадам.

7. Дипломатияи сарҳадӣ: стратегия ва тактика дар гуфтушунидҳои байналмилалӣ.

8. Минтақаҳои сарҳадӣ ҳамчун марказҳои нави рушди иқтисодӣ.

Забонҳои кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ.

Вақти оғоз: 09:00.

Макон: Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17. Бинои асосии ДМТ. Толори хурди Шӯрои олимони ДМТ.

Шакли иштирок: офлайн.

Барои иштирок дар конференсия зарур аст, ки то 30 октябри соли 2024 дархост барои иштирок ва фишурдаи маърӯза ба почтаи электронии farrukh.n.salimov@gmail.com равон карда шавад. Тасдиқи иштирок ва барномаи конференсия пас аз пешниҳоди тамоми ҳуҷҷат ирсол карда мешавад.

               Талаботи кумитаи тадорукот нисбати пешниҳоди маърузаҳо дар шакли мақола

Матнҳои ирсолшуда бояд ба талаботҳои техникии зерин ҷавобгӯй бошанд:

– саҳифа: А4, бо ҳаҷми 20 мм аз ҳама тараф;

– ҳуруф: Times New Roman, Times New Roman Тj бо андозаи – 14, масофаи байнисатрӣ – 1,5;

– матни мақола набояд аз 20 саҳифа бо дарназардошти расму, ҷадвал ва рӯйхати адабиёт зиёд бошад;

– ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [1, саҳ. 45] омода карда мешавад, ки дар он рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он мебошад;

Маводҳое, ки аз ҷониби кумитаи тадорукот тавсия мегарданд, дар монографияи илмӣ нашр карда шуда ба базаи иқтибосҳои илмӣ ҷойгир карда мешаванд.

Дархости иштирок бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:

1. Фамилия, ном, насаб.

2. Номи муассиса/ташкилот.

3. Дараҷа ва унвони илмӣ.

4. Суроға, телефон, почтаи электронӣ.

5. Номи маъруза.

Доир ба масъалаҳои иштирок дар чорабинӣ бо рақамҳои зерин занг занед: (+992) 918 61 48 86; (+992) 918 97 31 81.