Эълон

754

Баррасии мавзӯи «Масоили мубрами сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вазъияти имрӯза мубрамияти махсусро касб намудааст. Бинобар ин кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, санаи 29 сентябри соли 2022 баргузор намудани мизи гирдро дар ин мавзӯъ ба нақша гирифтааст.

Ҳадаф: таҳлил ва баррасии вазъи кунунӣ, мушкилот ва дурнамои сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир.

Мавзӯҳои асосии муҳокимашаванда:

1. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар шароити нави геополитикии минтақа ва ҷаҳон;

2. Афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ;

3. Хусусиятҳои асосии сиёсати минтақавии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ;

4. Таҳлил ва баррасии масоили мубрами сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон;

5. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва таҳдиду чолишҳои муосири минтақавӣ ва глобалӣ.

6. Мушкилоти сарҳадӣ дар водии Фарғона.

7. Таъмини иттилоотию таҳлилии сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Макони баргузорӣ: ДМТ, Шаҳраки донишҷӯён, бинои 11, факултети муносибатҳои байналхалқӣ.Оғози чорабинӣ: соати 9:00.Забонҳои корӣ: тоҷикӣ, русӣ. Хоҳишмандон метавонанд бо раками 918973181 (Анвар Сафари) бо мо дар тамос шаванд.