Воқеан имрӯзҳо интернет дар баробари дигар шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ ба як воситаи муҳимми таъсиррасонӣ ба афкори ҷамъиятӣ ва равандҳои сиёсӣ табдил меёбад. Интернет ба ҷузъи комилан нави муҳити иттилоотӣ ва электронӣ – фазои ҷаҳонии иттилоотӣ табдил ёфт, ки дар доираи он нигоҳдорӣ ва табодули иттилоот миёни одамон, ташкилотҳо ва давлатҳо суръат мегирад. Албатта, дар замони муосир интернет дастрасии бемаҳдуд ба маълумотро таъмин намуда, барои иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ, равандҳои демократӣ, ҳамкории байналмилалии давлатҳо ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ шароит фароҳам меорад. Аммо таассуфовар аст, ки солҳои охир шомилшавии ҷавонони ноогоҳ ва содаву гумроҳ тавассути интернет ба сафҳои созмону ҳаракатҳои мамнуъ ва ташкилотҳои террористию экстремистӣ зиёд мушоҳида мегардад.
Дар ин замина яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар ҷомеаи муосир, хусусан дар миёни ҷавонон, афзоиши таъсири гурӯҳҳои террористию экстремистӣ мебошад. Ин падида метавонад ба амнияти миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлат таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, шиносоӣ бо сабабҳои аслии гаравидани ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо ва дарёфти роҳҳои пешгирии он барои ҳар як ҷомеаи мутамаддин муҳим ба ҳисоб меравад.
Ба ақидаи муҳаққиқон усулҳои истифода аз интернет барои мусоидат ба гурӯҳҳои террористӣ инҳо мебошанд:
- имконияти бо ёрии интернет ҷамъ намудани иттилооти муфассал дар бораи мақсад, аз ҷумла, тасвири ҷойгиршавии нишон ва тавсифи он;
- имконияти ҷамъоварии маблағ бо ёрии интернет барои дастгирии ягон ҳаракат;
- имконияти бо ёрии интернет муттаҳид намудани одамон;
- имконияти истифодаи интернет барои сиёҳ кардани баъзе шахсон, гурӯҳҳои одамон ё ширкатҳо;
- интернет иқтидори калони тарғиботӣ дошта, бо ин мақсад истифода бурда мешавад;
- тавассути интернет терроризм танҳо аз тарафи давлате, ки дар он ҷо террористон қарор доранд, маҳдуд карда нашудааст;
- интернет метавонад ба сифати ташаббускори террори равонӣ хизмат кунад;
- интернет ба таври назаррас шабакаҳои коммуникатсионии террористонро тағйир дод: онҳо ҳоло нуқтаҳои марказонидашудаи фармондиҳӣ надоранд;
- интернетро инчунин барои фиристодани маълумотҳои сирри махфидошта истифода бурдан мумкин аст.
Бешубҳа усулҳои истифода аз интернет аз ҷониби гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар шароити дигаргуниҳои ҷомеаи муосир хеле зиёд мебошанд. Вобаста ба нақши интернет муҳаққиқони ватанӣ таҳқиқотҳо ва натиҷагириҳои зиёди таҳлилӣ ва илмӣ анҷом дода, ба хулосае омаданд, ки интернет яке аз роҳҳои асосии ба сафҳои гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористию экстремистӣ гаравидани ҷавонон мебошад.
Яке аз сабабҳои асосии ҷалби ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ набудани маълумоти кофӣ дар бораи мазмун ва ҳадафҳои чунин гурӯҳҳост. Аксаран ҷавононе, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ҳолати душвор қарор доранд, ба таблиғоти пинҳонии ин гурӯҳҳо бештар таъсирпазир мешаванд. Илова бар ин, норасоии маърифати динии саҳеҳ ва камбуди муҳити солими иҷтимоӣ метавонанд сабабҳои дигари гаравидан бошанд.
Технологияҳои муосир, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ, яке аз воситаҳои муҳими паҳнкунии андешаҳои ифротгароёна гардидаанд. Ҷавонон, ки ба иттилооти гуногун дастрасии озод доранд, бе дониши таҳлилӣ метавонанд ба доми таблиғоти гурӯҳҳои террористӣ афтад.
Яке аз самтҳои асосии пешгирӣ, ин баланд бардоштани фарҳанги истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, ҳуввияти миллӣ ва дониши ҷавонон мебошад. Омӯзиши арзишҳои миллӣ, таърихи халқи тоҷик ва анъанаҳои фарҳангӣ низ ба тақвияти ҷаҳонбинии ҷавонон мусоидат мекунад.
Муҳити оилавӣ ва муассисаҳои таълимӣ бояд дар таълиму тарбияи ҷавонон нақши фаъол дошта бошанд. Волидайн, омӯзгорон ва мураббиён бояд аз оила, боғча, мактаб ва макотиби олӣ бо кӯдакон ва ҷавонон ҳамсуҳбат шуда, онҳоро аз хатарҳои гурӯҳҳои ифротӣ огоҳ созанд. Барномаҳои тарбиявӣ ва маърифатию фарҳангие, ки тавассути ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ ва чорабиниҳои оммавӣ роҳандозӣ мешаванд, бояд пурзӯр гарданд.
Ҳамчунин, фароҳам овардани шароити хуби иҷтимоӣ, дастрасии ҷавонон ба таҳсил, шуғл ва фароғат метавонад таваҷҷуҳи онҳоро аз андешаҳои ифротӣ дур кунад. Дастгирии давлатии ташаббусҳои ҷавонон, ташкили маҳфилҳо, фестивалҳо ва форумҳои ҷавонон низ дар ин самт муҳим мебошанд.
Пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ на танҳо вазифаи сохторҳои қудратӣ, балки масъулияти тамоми ҷомеа мебошад. Танҳо бо муттаҳид кардани кӯшишҳои давлат, ҷомеа, оила ва худи ҷавонон метавонем ин хатарро коҳиш дода, барои рушди ҷомеаи амн ва устувор замина гузорем.
Шарипов А.Н.-дотсент мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ.