Ифтитоҳи “Китобхонаи дастхатҳои ниёгони бурунмарзӣ “ дар факултет

406

Санаи   24 ноябри соли равон  дар «Китобхонаи дастхатҳои ниёгони бурунмарзӣ»-и кафедраи минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, маросими   ифтитоҳи он баргузор шуд. Баъдан нахустин  мизи мудаввари «Бозгашт ба Ватан: ганҷинаи парокандаи ниёгон» баргузор шуд, ки дар кори он Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Имомзода М.С ректори  муҳтарами донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдунабӣ Сатторзода, профессори кафедраи забони ҳиндии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳабибулло  Раҷабов, профессори  кафедраи  минтақашиносии  хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон   Музаффар Олимов,  декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо  дотсент Рустам Шодиев ва дигарон ширкат варзида суханрони намуданд.

        Ректори донишгоҳ профессор Хушвақтзода Қобилҷон дар оғоз ҳамагонро ба муносибати Рӯзи Парчами малли шодбош намуда ифтитоҳи ин марказро барои факултет ва ҳам донишгоҳ дастоварди бузург номиданда мизи мудаввари «Бозгашт ба Ватан: ганҷинаи парокандаи ниёгон»-ро кушода эълон намуданд. Дар мизи мудаввари «Бозгашт ба Ватан: ганҷинаи парокандаи ниёгон» чунин маърузаҳо аз ҷумла  академик Имомзода М.С   бо мавзуи “Зарурати бозгардонидани ганҷинаи парокандашудаи ниёгон аз хориҷи кишвар”, д.и.ф.,  профессор Абдунаби Сатторзода дар мавзӯи “Зарурати гирдоварӣ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттии ниёгон”, д.и.ф. профессор Ҳабибулло Раҷабов дар мавзӯи “Мероси хаттии ниёгон дар китобхонаҳои Ҳиндустон”, д.и.т профессор Музаффар Олимов дар мавзӯи “Таърихнигории форсизабонон дар Ҳиндустон” , н.и.ф.дотсент  Саидова Фарзона дар мавзуи “Асари Абурайҳони Берунӣ Мол-ул-Ҳинд чун роҳкушо барои муттафакирони тоҷики Вароруд ба Ҳиндустон”, н.и.ф. дотсент Рустам Шодиев дар мавзӯи “Маълумот дар бораи осори бо забони паҳлавӣ иншошуда”, н.и.т. дотсент Самиев Х.Д. дар мавзӯи “Матндорон” пешомади ҳамкориҳои илмиву фарҳангии Тоҷикистону Арманистон” шунида шуд. Дар охир байни иштироккунандагон ва маърузачиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

        Дар охири кори мизи мудаввари мазкур дотсентон кафедраи  минтақашиносии  хориҷии ДМТ   Абдуғани Мамадазимов ва Фарҳод Розиқов  оид ба натиҷаи сафари илмӣ ба Бенгалияи ғарбии Ҳиндустон маърузаҳои хешро баён намуданд. Ҳамчунин  ба иштирокчиёни ин маҳфили илми оид ба натиҷаи нахустин таҳқиқотҳои саҳроии олимони тоҷик аз донишгоҳ ва Академияи миллии илмҳои кишвар дар оғози соли ҷорӣ ба марказҳои илмии Ҳиндустон бо китобхона ва ганҷинаҳои китобдории он шинос шуданд, ахборот доданд. Дарҷ гардид, ки ҳайъати гуруҳи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо натиҷаҳои назаррас аз Ҳиндустон бо нусхаҳои 43 дастхатҳои нодир, ки аз он 10 номгуи адабиёти авастоӣ ва номгуи 9 852 дастхати тоҷикӣ, ки дар 20 феҳристи донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ ҷамъоварӣ шудааст, баргаштанд.

Имрўзҳо тибқи дастгирии роҳбарияти вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултет  бунёди «Китобхонаи дастхатҳои ниёгони бурунмарзӣ» ба анҷом расидааст. Аллакай як қисми дастхатҳо чун корҳои пажуҳиши аз тарафи муаҳиққиқони марказҳои илмии кишвар ҷараён дорад.

Агар нуқтаи олии ниҳоии марҳилаи аввали ташаккулёбии забони тоҷикӣ дар ғояи сардафтари адабиёти тоҷик Абуабдулло Рудакӣ «Буи ҷуи Муллиён» таҷассум ёфта, он аз сарҳади ҳавзаи эҷодиёти анъанавии гузаштагон убур карда, ҷаҳонӣ шуда бошад, агар охири асри XIV тибқи ақидаи Ҳофизи бузургвор «қанди форси» (забони тоҷикӣ) ба Бангола рафта бошад, акнун баъди ба даст овардани истиқлолияти комили миллати тоҷик замони баргардонидани ин ганҷинаи ниёгон зери ғояи «Бозгашт ба Ватан. Бозгашт ба Вароруд» хеле муҳим ва мубрам мебошад.