Ифтихори факултет

553


Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст:

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Ба ифтихори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Пешвои миллат миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа шуруъ аз соли 2019 зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Озмун ба мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар доир мегардад. Пас, бисёр бояд шитоб кард, китобҳои бузургу нодир дарёфт намуд, илму маърифат омӯхт, бедор зист, амал кард, то инсони асил буд, зеро китоб чун ганҷи бебаҳо танҳо ва танҳо бо роҳи росту хиради воло раҳнамун месозад. Зеро калиди дари илму кошонаи маърифат, асоси хираду заковат, ганҷинаи фарҳангу маъхази нуру зиё, тарғибгари ҳар шодиву ободӣ, ҳаёти хурраму пурнишот, илму адаби пойдору устувор китоб мебошад. Баробари эълон гардидани ин озмун донишҷӯёни факултет дар он фаъолона ширкат меварзанд. Соли сипаригардида донишҷуйи курси дуввуми ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ Одинаева Шабнам аз руйи номинатсияи чорум: Аз ёд кардану хондани осори адибони ҷаҳон сазовори ҷойи якум, барандаи ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии  “Фуруғи субҳи доноӣ…..” ва соҳиби диплом гардид. Хушбахтона соли равон низ дар ин озмун панҷ нафар донишҷӯёни факултет аз даври ноҳиявӣ   ширкат варзида  чор нафари онҳо ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.

Одинаева Шабнам Халиловна – донишҷӯйи курси 3-юми  ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ аз руйи номинатсияи чорум (Аз ёд кардану хондани осори адибони ҷаҳон).

Бурхонова Шоҳзодахон Суҳробшеховна – донишҷӯйи курси 2-юми  ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ аз руйи номинатсияи чорум (Аз ёд кардану хондани осори адибони ҷаҳон).

Ҳабибуллозода Шамсиддин  – донишҷӯйи курси 2-юми  ихтисоси минтақашиносии хориҷӣ аз руйи номинатсияи якум (Адабиёти классикӣ)

Ҳаитова Мадина Файзуллоевна – донишҷӯйи курси 2-юми  ихтисоси минтақашиносии хориҷӣ  аз руйи номинатсияи чорум (Аз ёд кардану хондани осори адибони ҷаҳон).

Донишҷуёни мазкурро декани факултет муҳтарам Самиев Холаҳмад  дар ҷаласаи садорати факултет барои ишғоли ҷойҳои намоён ва роҳҳат гирифтан ба даври навбати шодбош намуда барои ҷидди омода шудан ва роҳхат гирифтан ба давраҳои баъдина машварадҳо доданд. Дар охир донишҷӯён бо туҳфаҳои хотирмон ва ифтихорномаҳои садорат сарфароз гардиданд.