ИДОМАИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ФАКУЛТЕТИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

360

Имрӯз (25.04.2023) дар факултети муносибатҳои байналхалқӣ бо ташаббуси кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «75-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров», «145-солагии бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ», «2023 – Соли забони русӣ» ва «2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандони факултет идома ёфт.

Дар конференсия аз ҷониби устодон 10 маърӯза ва аз ҷониби докторантони PhD-ии кафедра 3 маърӯза пешниҳод карда шуд, ки ба мавзуъҳои мубрами сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, усулҳои муосири дипломатияи тоҷик ва ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бахшида шуда буданд.

Дар охири кори конференсия иштирокчиён оид ба мавзуъҳои баррасигардида, андешаронӣ намуда, саволу ҷавоб сурат гирифт.