Гузориш аз натиҷаи маҳфили «Зеҳн»

479

Санаи 18 сентябри соли 2021 дар факултети муносибатҳои байналхалқӣ маҳфили навбатии “Зеҳн” баргузор гардид, ки дар он устоди кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ, дотсент Самиев Х.Д. дар мавзуи «Руҳи Шанхай» ва пешомади ҳамкориҳои кишварҳои узв» баромад кард. Маърузаи мазкур ҷабҳаҳои гуногуни фаъолияти созмонро дар чаҳорчубаи принсипҳои «Руҳи Шанхай», мақоми Тоҷикистон дар татбиқ намудани усулҳои муқарраркардаи созмон ва ташаббусҳои Пешвои миллат баҳри таҳким ва тавсеаи фаъолияти созмон дар қаринаи раёсати имсолаи кишвар дар СҲШ ва пешомадҳои тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Созмон фаро мегирифт. Дар фаромади маҳфил байни маърузачӣ ва иштирокдорони маҳфил табодули саволу ҷавобҳо ва пешниҳоду тавсияҳо сурат гирифт.  Аз ҷумла изҳор карда шуд, ки маҳфилҳои минбаъда мунтазам баругзор гардида ихтисосӣ бошанд ва натиҷаҳои онҳо дар сайти факултет, донишгоҳ ва рузномаи донишгоҳӣ ба табъ расонда шаванд.