Гузориш аз мизи гирди илмӣ-назариявӣ дар мавзуъи “Низоъи сарбанд: барои чӣ сарбанди обтақсимкунӣ объекти муҳими стратегӣ гаштааст?”

421

Рузи 7 майи соли 2021 дар Маркази тадқиқоти минтақавӣ ва муқоисавии факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мизи гирди илмӣ-назариявӣ дар мавзуъи “Низоъи сарбанд: барои чӣ сарбанди обтақсимкунӣ объекти муҳими стратегӣ гаштааст»?” баргузор гардид.

Мизи гирдро бо сухани муқадимавӣ декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ Самиев Х.Д. кушода атрофи омузиши мавзӯи мазкур ибрози ақида намуд. Сипас профессор Олимов М.А. дар мавзӯи “Низоъи сарбандӣ: барои чӣ сарбанди обтақсимкунӣ объекти муҳими стратеги гаштааст?”  гузориш дода, таъкид кард, ки яке аз омили моҷарои имрӯзаи Ворух маҳз нуқтаи обтақсимкунӣ мебошад, ки аҳамияти стратегӣ касб кардааст. Номбурда оиди ҷанбаҳои таърихии нуқтаи обтақсимкунӣ ва марҳилаҳои ба низоъ расидани онро мавриди таҳлил қарор дод. Маҳз гузаронидани чунин мизҳои гирд барои огоҳнамоии аҳли ҷомеа ва ошкорсозии ҳақиқати таърихӣ мусоидат намуда, дар вазъияти кунуни савривақтӣ ва мубрам арзёбӣ мегардад.

Декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ Самиев Х.Д. дар мавриди баъзе шартномаҳои байнидавлатии даврони шуравӣ, ки дар он ба иҷора додани заминҳои Тоҷикистон ба Қирғизистон барои муддати муайян зикр гардидааст, ибрози андеша намуд. Тавре ки аз санадҳои пешниҳодшуда  бармеояд, тибқи қарори комиссияи паритетии соли 1958 бо дастури мақомоти Марказ таъсисёфта теъдоди 99580 гектар заминҳои дар вилояти онвақтаи Ленинобод ҷойдошта (аз ҷумла 56 ҳазор гектар аз минтақаи Хуҷанд, 108000 га. заминҳои Конибодом,  32780 га заминҳои Исфара) ба ҷониби Қирғизистон ба иҷора ба муҳлати 25 сол дода шуда буданд. Мтуаассифона, бо гузашти бештар аз 60 сол  қирғизҳо на танҳо заминҳои иҷораро барнагардонанд, балки онро худсарона тасарруф карда имруз мавзуи доду гирифт дар гуфтушунид қарор додаанд.

Дар давоми мизи гирд, профессори кафедраи минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқӣ Маҳмадшоев Р. атрофи масхусияти этникиву равонии мушклиоти ба миён омада андешаҳои ҷолиб баён намуд.

Ҳамзамон ассистенти кафедраи минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқӣ Шарипов С. вобаста ба қазияи Ворух ибрози андеша намуда, пешниҳод намуд, ки дар гузаронидани чунин мизҳои гирд мебояд бештар мутахассисони соҳаҳои гуногун ва мақомотҳои зидахл  ширкат варзанд.

 Бахши дуюм ба саволу ҷавоб ва муҳокимаву мубоҳисаи устодони ботаҷрибаи кафедраҳои факултети муносибатҳои байналхалқӣ анҷом ёфт.

Хулоса, дар охир кори мизи гирдро декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ Самиев Х.Д. ҷамбаст намуда, таъкид намуд, ки дар як мизи гирд мо наметавонем, то ҳамаи ҷанбаъҳои масоили фаро гирем. Пешниҳод гардид, ки марҳилаи сеюми мизи гирд дар ояндаи наздиктарин бо фарогирии паҳлӯҳои дигари қазияи Ворух баргузор гардида, иштирокчиён, маърӯзачиён ва таҳлилгарон аз ҳисоби устодон, мигистрон, унвонҷӯён ва донишҷӯён ба муҳокимаи масоили ҳалталаби масъалаи сарҳадӣ ҷалб гардида шаванд.